Водии Фарғона яке аз минтақаҳои обод ва пешрафтаи Ӯзбекистон буда, макони пур аз ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз қадим дар ин водӣ мардуми ӯзбек ва тоҷик якҷо умр ба сар бурда, ба рушди адабиёт, санъат, ҳунар ва мусиқӣ саҳми шоиста гузоштаанд.
Дар ин макони таърихӣ адибону шоирон, олимону орифон, ҳунармандону косибони зиёде зиндагӣ кардаанд, ки барои ҳар ду халқ хидмати арзандаеро ба анҷом расонидаанд. Махсусан, саҳми Сайфи Фарғонӣ, Абдуҳомиди Хуҷандӣ, Фозили Андиҷонӣ, Қудси Фарғонӣ, Заҳириддини Бобур, Бобораҳими Машраб, Махмур, Гулханӣ, Увайсӣ, Нодира, Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Убайдуллои Завқӣ, Мулло Орифи Ҳушёрӣ ва амсоли инҳо дар пешрафти илму адаб беназир буда, намунаи осорашон баёнгари рушди илму адаб дар ин водии зархез мебошад. Махсусан, дар ду канори рӯди Сайҳун – Фарғона ва Суғд то замони истиқлол мардуми тоҷик ва ӯзбек ҳамдигарро дастгирӣ карда, ба ободии диёр, пешрафт ва ташаккули адабиёту фарҳанг ҳиссаи аразанда гузоштаанд.
Соҳибистиқлолӣ ба мардуми Сӯх имкон фароҳам овардааст, ки дар баробари рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, ба пешрафти адабиёт ва санъати тоҷик саҳмгузор бошанд. Тайи се даҳсола мешавад, ки дар Сӯхи бостонӣ қаламкашону эҷодкорони тоҷик фаъолият карда, макатаби адабии шоирони пешинро идома медиҳанд ва дар ташаккулу пешрафти адабиёти тоҷикӣ саҳми босазо мегузоранд.
Ҳукумати Ӯзбекистон, таҳти сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Ш. Мирзиёев барои чопи асарҳои адибон, бахусус шоирону нависандагони тоҷик шароити хуб фароҳам овардааст.
Бо таъсири сиёсати оқилона ва дурандешонаи ду Сарвари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Ш. Мирзиёев имрӯз тоҷикони Сӯх ва дигар минтақаҳо дар қатори дигар халқҳои муқими кишвар дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, дар раванди ислоҳоти маънавӣ ва иҷтимоии Ӯзбекистон ширкат меҷӯянд.
Адибони Сӯхзамин аз баракати сулҳу субот, дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягиву хешутаборӣ рӯҳбаланд гашта, дар асарҳояшон мавзӯъҳои муҳимми умумибашарӣ, аз ҷумла инсондӯстӣ, одамгарӣ, ватанпарварӣ, осоиштагӣ, ишқи поки инсонӣ, дӯстии халқҳо ва суннатҳои неки халқҳои тоҷику ӯзбекро тасвир менамоянд. Ҳамин ҳолатро дар ашъори Ҳамробой Илҳом, Нодири Нодирӣ, Неъматулло Суннатулло, Шодибой Маҳмудҷонов, (рӯҳашон шод бод), Муҳаммадҷон Шодӣ, Маъсуд Мирзо, Расулбеки Аҳмадзод, Бурҳонҷон Расулов, Зафар Раҳмат, Ҳакимҷон Эргашев, Зафари Сӯфӣ, Олимҷон Олимов, Садриддини Ҳушёрӣ ва дигарон дидан мумкин аст. Адибони фавқуззикр бо диди нав ба зиндагӣ назар андохта, воқеияти ҳаёти имрӯзаро тасвир менамоянд, соҳибистиқлолиро тараннум карда, ишқу муҳаббати инсониро бозтоб менамоянд.
Дар миёни адибон Муҳамадҷон Шодӣ, ки узви Иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад, кайҳо ҳамчун шоир ва рӯзноманигор эътироф шудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ чандин маҷмуаи ашъораш интишор шуда, соли 2023 тавассути нашриёти «Адабиёт» (Тошканд) маҷмӯаи нави шеърҳояш бо номи «Ояти сабз» дастраси хонандагон гардидааст. Ӯ дар ғазали «Ба ёди устод Лоиқ» менависад:
Бирафт шоиру сухан ба сафҳаи замона монд,
Чу рафт Лоиқи замон каломи шоирона монд.
Парид, чун ситораи пур аз шарор, гӯиё,
Дар осмони қалби мо зи сӯзи он нишона монд.
Чу ҷисми ӯ гирифт ин замини пок дар канор,
Дурахши рӯҳ дар хами самои бекарона монд...
Чунин шеърҳои пурэҳсос дар ашъори Муҳаммадҷон Шодӣ зиёд буда, як қисмашон ба васфи диёри зебоманзари Сӯх, мардуми ҳунарманди водии Фарғона ва табиати зебои ин макони сарсабз бахшида шудаанд.
Ду адиби соҳибэҳтироми сӯхӣ – Ҳамробойи Илҳом ва Нодири Нодирӣ, ки асосан бо касби омӯзгорӣ машғул буданд, дар саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои вилоятӣ ва марказӣ баробари мақола, очерк ва пандномаҳо шеърҳои пурмуҳтаво ва пурмазмуни хешро таълиф менамуданд. Ғазалҳои Ҳамробой комил, гуногунмавзуъ, равон ва хушоҳанганд. Чунончи:
Писарҷонам ба хубон ҳамнишин шав,
Падарро сози фахру офарин шав!
Чу умр аз бодаи талху ширин аст,
Ба рӯзи талхкомӣ ангубин шав.
Азизам, коҳилӣ марги умед аст,
Барои сайди мақсад дар камин шав....
Ғазалҳои Нодири Нодирӣ аз ҷиҳати шаклу услуб, тарзи баён ва тасвири ҳолату ҳиссиёт, инчунин корбасти санъатҳои бадеӣ ҷолиб буда, дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод шудаанд. Вай асолату талаботи жанри мазкурро риоя карда, муроди дилашро дар қолаби он ошкоро ва самимӣ баён месозад. Дар ғазале, ки шоир ба васфи Сӯх бахшидааст, ҳамин ҳолатро дидан мумкин аст:
Бувад як пораи ҷаннат диёри Сӯх,
Хурад ҳур об аз дасти нигори Сӯх.
Бипӯшад куртаи атлас чаманзораш,
Гирад рангинкамон ранг аз баҳори Сӯх...
Ало Нодир, туӣ шоир, саро шеърат,
Ба ҳаққи тоҷикони тоҷдори Сӯх.
Дар ин ғазали лирикӣ Нодири Нодирӣ бо эҳсости гарму қалби пур аз меҳру муҳаббат васфи диёри нозанинашро карда, манзараҳои дилкаши онро тасвир месозад.
Адиби дигари ин замин Масъуди Мирзо мебошад.
Шеърҳои Масъуд дар матбуоти даврии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, маҷмӯаи дастҷамъии «Ҷилои ахтарони Сӯх» (Тошканд), «Донишномаи забон ва адабиёти форс-тоҷики Ӯзбекистон» (Теҳрон, 2007) нашр шудаанд. Нахустин маҷмуаи ашъори шоир соли 2008 таҳти унвони «Номаҳои манзум» бо пешгуфтори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ дар Тошканд интишор ёфтааст. Пасон вай маҷмӯаи дигари шеърҳояшро бо номи «Бозгашт» (Тошканд, 2014) интишор кардааст.
Масъуди Мирзо ҳамчун муҳаққиқи адабиёт низ эътироф шудааст. Вай дар мақолаҳояш «Бозтоби бадеии маросими мотам дар ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ», «Арзиши бадеӣ ва аҳамияти ғоявии инъикоси боварҳо ва маросимҳои динӣ дар ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ», «Вижагиҳои талмеҳоти чеҳраҳои асотирӣ дар ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ», «Лоиқ Шералӣ ва вижагиҳои ҳунари шоирии ӯ» баъзе масъалаҳои назми муосири тоҷикиро мавриди пажӯҳиш қарор додааст.
Дар ашъори ватандӯстонаи Масъуди Мирзо ифтихори миллӣ, ҳисси меҳанпарастӣ, садоқати самимӣ ба Ватан ва аз таҳти дил дӯст доштани он бараъло зоҳир мешавад. Вай дар чунин шеърҳояш бештар бо ҳиссиёт андеша ронда, мақсадашро возеҳу равшан баён месозад. Ҳамин ҳолатро дар шеъри «Салом, эй Сӯх» дидан мумкин аст:
Салом, эй сарзамини сабзу ноҳамвори кӯҳистон.
Салом, эй домани хушпечутоби Малбуду Лозур,
Сало(м), гулдастаи бишкуфта андар сангу сангистон,
Туӣ тарҳи яқине аз биҳишти дур.
Дар ин шоми ғарибиҳо ба ёди нур менолам,
Ба ёди хандаи хуршеди субҳи босафои ту,
Ки мисли чеҳраи модар ба рӯйи зиндагониям,
Зиёи зиндагӣ резад зи тори қуллаҳои ту.
Дар ин шоми ғарибиҳо ба чашми ҷон мебинам:
Ту худ як матлаъи нуру тароват будаӣ, эй Сӯх!
Мани мӯъҷизаҷӯи кӯ ба кӯ сарсон
Саранҷо(м) фаҳмидам охир,
Ту худ мӯъҷизаи табъи табиат будаӣ, эй Сӯх!
Ало эй Сӯх,
Ало эй сарзамини нозанини ман,
Ало санги раҳат тахти барини ман,
Барои дигаре шояд ту танҳо манзили зистӣ,
Барои ман Ватан ҳастӣ, Ватан ҳастӣ, Ватан ҳастӣ!
Шоири дигари боистеъдоди ин сарзамин Расулбеки Аҳмадзод мебошад. Ӯ дар ҷодаи шоирӣ ба устод Лоиқ, Ғоиб Сафарзода, Қутбӣ Киром, Фарзона пайравӣ карда, маҷмуаҳои ашъорашро бо номҳои «Шукронаи Ватан» (2011), «Таронаи Сӯх» (2011), «Армуғони худафрӯз», (2014) «Нидои қалб» (2017), « Фарди фардо» (2023) аз чоп баровардааст.
Расулбек, воқеан шоири боистеъдод буда, дар жанрҳои ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мувашшаҳ маҳорати баланд дорад. Вай инчунин мухаммасҳои зиёд таълиф карда, тавассути онҳо ҳунари шоирии худро сайқал додааст.
Ӯ дар як ғазалаш мегӯяд:
Бар Хуҷанди бостон аз Сӯх пазмон омадам,
Аз барои дидани дидори ёрон омадам.
Баски меҳри Тоҷикистон ҷой дорад дар дилам,
Бо салому бо паём аз Ӯзбекистон омадам.
Ҳамчу фарзанди диёрам – Ӯзбекистони азиз,
Сӯйи халқи номдори Тоҷикистон омадам.
Як замон ин ҷо чу ми(з)бон истиқомат доштам,
Ман кунун имрӯз бар шаҳрам чу меҳмон омадам.
То намоям меҳри дил иброз бар марди ҳунар,
Бар Тирози дилнишин шоду ғазалхон омадам...
Маҷмӯаҳои Олимҷон Олимов (Мубориз) бо номҳои «Сӯхрӯд шоҳиди бостони ман аст», (2005), «Адибномаи Сӯх», (2015), «Ятимчаи дододор» (суруду ҳикояҳои ҳаҷвӣ, 2015), интишор шудаанд. Вай дар навиштани ҳаҷвияҳо маҳорати баланд дорад. Адиб каму костаҳои ҳаёт, хислатҳои зишти одамон, аз қабили танбалӣ, ҷоҳилӣ ва фиребгариву коҳилии онҳоро интиқод карда, бо таъбиру ибораҳои намакин мақсадашро баён месозад. Персонажҳои ҳикояҳояш касони коргурез ва фориғбол буда, ҳар кадом дорои хислатҳои манфӣ мебошанд. Ба ин восита, адиб паҳлуҳои манфии баъзе одамони бадрафторро ошкор сохта, дигаронро ба ин восита панд медиҳад. Очерку мақолаҳояш бештар аз рӯзгори сокинони сарбаланди Сӯх ва водии Фарғона нақл мекунанд. Шеърҳои ҳаҷвиаш намакин буда, рафтору кирдори зишти баъзе одамонро мазаммат менамояд.
Шоири дигари ин диёр Садриддини Ҳушёрист. Вай бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър навишта, дар ин ҷода комёб гардидааст. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ бо номҳои «Гудастаи ишқ», «Сӯхлик гузаллар» (2009) ва «Бӯйи модар» (2017) аз нашр баромадаанд. Дар маҷмӯаи охирини ӯ бештар сифатҳои неку ҳамидаи модар ситоиш ёфта, хислатҳои ӯ васф мешавад. Садриддин мисли дигар шоирони диёраш аз ёди диёраш дур нест ва васфи онро ниҳоят фараҳбахш тасвир месозад. Чунончи:
Бисабз, эй Сӯх, эй боғи биҳиштам,
Ки сарҷӯи ту хатти сарнавиштам.
Муҳаббат бор пеши чашмам овард,
Ба дил чун донаи меҳри ту киштам.
Дар чаҳорпораи мазкур, ки аз шаш банд иборат аст, шоир меҳру самимияти худро нисбат ба диёри зебоманзари Сӯх ифода карда, онро ба «гулистони гулафшон», «баҳори шукуфон», «дурдонаи дунё», «фурӯғи маҳфил» ташбеҳ медиҳад ва аз ин «донаи меҳр» дил канда натавонистанашро ошкоро баён месозад.
Шодравон Неъматуллои Суннатулло низ аз ҷумлаи адибони ҷавони маҳаллӣ буд. Маҷмуаи ашъораш соли 2011 бо номи «Гулгашти хаёл» ба табъ расида, дар он беҳтарин ашъори шоир гирдоварӣ шудааст. Вай қариб дар аксари жанрҳои ғиноӣ қувваозмоӣ карда, бахусус дар ғазал ва рубоӣ комёб гардидааст. Пояи шеърҳои ӯро муҳаббату самимияти одамӣ, масъалаҳои маънавӣ ва эҳтироми Ватан ташкил медиҳанд. Шеъраш ниҳоят рангин ва баёнаш аз ҳад зиёд дилкаш мебошад.
Нависандагони сӯхӣ низ қалами сеҳрофарин дошта, дар насри муосири тоҷик ва ӯзбек ҷойгоҳи хос доранд. Дар ин миён ҳунар ва истеъдоди Раҳимбердӣ Тошматов, Алимуҳаммад Пӯлодов, Асад, Мирасрор Аҳрорӣ ва дигарон боиси таҳсин мебошад. Аз ин миён Мирасрор Аҳрорӣ сермаҳсул аст. Вай ба сифати рӯзноманигор, тарҷумон, публисисти шинохта эътироф гардида, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯҳои бадеӣ мебошад ва сабки баёни хос дорад.
Дар насри муосири ҳавза саҳми Абдураҳим Беҳбуд (шодравон) Раҳимбердӣ Тошматов, Алимуҳаммад Пӯлодов назаррас аст. Дар маҷмуаҳои «Рангинкамони умр»-и Раҳимбердӣ Тошматов, «Сағираи саргардон», «Саргузаштҳои фантастикии акаи Ҷалил»-и Алимуҳаммад Пӯлодӣ намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ ҷамъоварӣ шудаанд, ки ба ҳаёти мардуми деҳот ва шаҳр бахшида шудаанд.
Умуман, шоирону нависандагони водии Фарғона, бахусус Сӯхзамин дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми муносиб гузошта, дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек мавқеи намоён доранд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон