БОҒУЧОРБОҒ – АРЗАНДАИ МАВЗЕИ ЭКОТУРИЗМ

Мавзеи Боғучорбоғ аз беҳтарин ҷойҳои ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё мебошад, ки бо табиати дилфиреб, мардумони наҷибу меҳнатдӯсташ шӯҳрат дорад.

Дар ин ҷо аз қадимулайём тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва мавзеъ ба як ҳисоб гаҳвораи тоҷикони кулли ноҳия ба ҳисоб меравад. Зеро тоҷикони дигари ноҳияи Деҳқонобод аз ин макон баромадаву ба дигар деҳаҳо кӯч бастаанд. Ҳатто аксари тоҷиконе, ки дар маркази ноҳия дастаҷамъона зиндагӣ мекунанд, баромади таърихии худро аз Боғучорбоғ медонанд ва то ҳол бо он робитаи қавӣ доранд.

Бояд гуфт, ки Боғучорбоғ дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё воқеъ аст ва аз маркази ноҳия 50 км дур мебошад. Боғучорбоғи қадима аз ҷануб бо ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё, аз тарафи шимолишарқӣ бо деҳаи Шахшор, аз тарафи шимол бо деҳаи Дуоб (Қизилмазор), аз тарафи ҷануб бо деҳаи Белибойли ҳамсарҳад аст.

Атрофи деҳаро кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо иҳота кардааст. Яке аз кӯҳҳои баландтарини вилояти Қашқадарё кӯҳи Темирсандуқ аст, ки ба қаторкӯҳҳои Ҳисор дохил мешавад ва он дар Боғучорбоғ чойгир аст. Ин кӯҳ аз сатҳи баҳр қариб 3000 метр баландӣ дорад. Дарёи Ӯрадарёи хурд аз деҳаи Боғучорбоғ оғоз меёбад; аз тарафи поёни кӯҳ чашма баромада, дарёро бо об таъмин мекунад. Дар кӯҳсорони Боғучорбоғ дарахтҳои арча, заранг, ҳулӯл, мушша, ирғайро дидан мумкин аст. Дар кӯҳҳо ҳайвонҳои ваҳшӣ аз қабили гург, хирс, рӯбоҳ, қашқалдоқ, шағол, харгӯш мавҷуданд.

Дар Боғучорбоғ ҷойҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо низ ҳастанд. Яке аз ин зиёратгоҳҳо «Хоҷа Булғур» ном дорад. Зиёратгоҳ дар тарафи поёнии кӯҳи Темирсандуқ ҷой дошта, дар он ҷо кӯле пайдо шудааст ва оби кӯл ширину назар ба ихлоси мардум шифобахш ҳам ҳаст. Аз оби ин кӯл одамони зиёде нӯшидаву аз бемориҳо раҳо ёфтаанд. Шифобахшии онро аз кароматҳои мазори мазкур медонанд. Ба ин зиёратгоҳ аз ҳар тарафи Ӯзбекистон мардуми ихлосманд меоянд.

Дар Боғучорбоғ боғдорӣ ривоҷ ёфтааст. Бештар дарахтони себ, зардолу, шафтолу, гирдолу, гелос, биҳӣ, нок ва дарахтҳои манзаравии ғуҷум, акатсия, бед, сафедор парвариш карда мешаванд. Бисёрии ҷойҳои Боғучорбоғ аз дарахтзорҳо иборат аст ва ин боғҳоро мардум аз Ёрадарёи хурд обёрӣ мекунанд.

Аксарияти аҳолии Боғучорбоғ бо чорводорӣ ва деҳқонӣ машғул мебошанд. Асосан маҳаллаҳои Чилгаз, Сарчашма ва Боғчорбоғ макони деҳқонони машҳур ва меҳнаткаш мебошанд ва онҳо дар боғҳои худ бештар дарахти себ парвариш мекунанд ва аз ҳосили фаровонаш рӯзгор обод месозанд. Дар дашту доманакӯҳҳои деҳаамон ман растаниҳои доруворӣ, аз қабили пудинаи кӯҳӣ, сумбула, рӯян, занҷабил, алқор, кӯкӯтӣ, зултурум, андиз, бӯзноч, бӯйи модарон, ҳазориспанд месабзанд ва мардум онро дар зиндагии рӯзмарраи худ фаровон истифода мекунанд. Боғучорбоғ табиати зебо, ҳавои тоза, муҳити зебоманзари кӯҳӣ дорад, ки ба сайру тамошо ва истироҳат мувофиқ аст; барои ривоҷи экотуризм як ҷойи муносиб маҳсуб мешавад. Хуб аст, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар дигар ҷойҳои Ӯзбекистон мавзеъҳои туристӣ сохта мешаванд ва сайёҳони хориҷиву ватанӣ ҷалб мегарданд. Ин як роҳи хуби муаррифии Ватан ва ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ мебошад. Хеле хуб мешуд, ки мавзеи Боғучорбоғи ноҳияи Деҳқонобод ҳам мавзеи экотуризм эълон гардад. Табиати бою рангин ва обу ҳавои мусоидаш метавонад ҳар гуна сайёҳони хориҷиро мафтун созад.

Атҳами АБДУҚОДИР, ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: