Синни томактабии кӯдак, ки аз замони таваллуд то ба ҳафтсолагӣ, яъне то оғози таҳсил дар муассисаҳои таълими умумиро фаро мегирад, ибтидои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо мебошад. Маҳз дар ин марҳала тасаввурот, хаёлот, хотира, тафаккур ва нутқи кӯдак ташаккул меёбад. Ба ақидаи мутахассисон, кӯдакон дар ин давра чунон захираи маънавӣ мегиранд, ки он қариб нисфи захираи маънавиёти тамоми умри онҳоро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, таълиму тарбияи томактабӣ дар инкишофи зеҳнӣ, маънавию ахлоқӣ, этикӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ, инчунин, омодасозии бачагон ба таҳсил дар мактабҳои ҳамагонӣ аҳамияти калон дорад. Ва дар ин ҷода забони таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо низ муҳим аст.
Дар поёни мақола таҳти унвони «Ангушти ҳайрат мегазем!» (№103, «Овози тоҷик», 25 декабри соли 2024) саволи «Оё фарқ кардани забони таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо аз забони таълим дар мактабҳои ҳамагонӣ ба рушди равонӣ, зеҳнӣ ва дарсазхудкунии кӯдакон таъсир намерасонад?»-ро ба миён гузошта будем. Таъкидан гуфта будем, ки ба ин мавзӯъ, албатта, бармегардем. Инак, дар мақолаи навбатӣ андешаҳои мутахассисони соҳаро дар ин маврид пешкаши муштариён мекунем.
Нодима ОРИПОВА, мудири кафедраи таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Қаршӣ, доктори фанҳои педагогӣ, профессор:
– Ҳоло дар мамлакати мо таваҷҷуҳ, талабот ва эҳтиёҷот ба забоно-мӯзӣ афзудааст. Бахусус, ма-съалаи омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба кӯдакон аз хурдсолӣ дар маркази диққати падару модарон қарор дорад.
Албатта, дар кӯдакон аз хурдсолӣ баробари забони модарӣ, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ бедор кардани шавқу рағбат, ба рушди имкониятҳои онҳо мусоидат мекунад. Аммо дар ин бобат як қатор мушкилиҳо низ мавҷуданд.
Хуб медонем, ки кӯдакони ин синну сол забонҳоро зуд ва осон меомӯзанд. Аз ин рӯ, аксар волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон аз синни томактабӣ ба русӣ, англисӣ ё дигар забон ҳарф зананд. Маҳз бо ин мақсад кӯдакони худро ба гурӯҳҳое медиҳанд, ки забони таълим дигар аст.
Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои таълими томактабӣ ба кӯдакон дар бораи муҳити зист, табиат, меҳнати одамон донишҳои элементариро меомӯзанд. Тасаввур кунед, ки ин маълумотҳо ба онҳо на бо забони модарӣ, балки бо дигар забон фаҳмонида мешавад. Яъне, кӯдак олами ҳастиро тавассути дигар забон дарк мекунад.
Азбаски волидон он забонро қисман медонанд, метавонанд ҳангоми иҷрои машғулиятҳо ба кӯдак ёрӣ расонанд. Аммо вақте фарзандашон мактаб меравад, аллакай дарсҳо мураккабтар мешаванд. Акнун падару модарон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хонагӣ бо фарзандашон бо мушкилӣ рӯ ба рӯ меоянд ва наметавонанд ёрӣ диҳанд. Баъд қарори худро тағйир дода, фарзанди худро ба синфе мегузоранд, ки таълим бо забони модариаш аст.
Ин ҳолат ба фаъолияти маърифатии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Яъне, тафаккури кӯдак, ки зери таъсири забони русӣ, англисӣ ё дигар забон инкишоф меёфт, то ҳадде аз рушд бозмемонад. Донишомӯз бобати азхудкунии фанҳо ақиб мемонад. Фаъолияти нутқ суст ва шавқу рағбати кӯдак ба донишандӯзӣ кам мешавад. Дар аксар маврид, кӯдак ҷиҳати озодона баён кардани фикри худ душворӣ мекашад.
Аз ин рӯ, набояд фаромӯш кард, ки фарҳанги миллии мо дар забони модарӣ таҷассум ёфтааст ва фарзандон набояд аз ин фарҳанг маҳрум бошанд.
Набӣ МАҶИДОВ, устоди Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, номзади фанҳои психология, дотсент:
– Хусусиятҳои психологии кӯдакон дар раванди фаъолияти актив, ки аз ҷониби калонсолон роҳандозӣ ва ташкил мегардад, инкишоф меёбад.
Раванди бозомӯзӣ ба кӯдакон бошад, бидуни мулоқоти байниҳамдигарӣ ғайриимкон аст. Дар ин самт нутқ барои таҳкими ҳамкорӣ дар фаъолияти муштарак аҳамияти калон дорад. Яъне, тавассути нутқ байни калонсолон ва кӯдакон мулоқот пойдор мегардад.
Аз замони талаффузи як ҳарфу ду ҳарф сар карда, то ба ҳамчун воситаи асосии мулоқот истифода бурдани калимаҳо, нутқи активи кӯдакон ташаккул меёбад. Дар ин марҳала тамоми функсияҳо, яъне вазифаҳои ифодакунанда, умумикунанда, коммуникативӣ ва регулятивии нутқ ба тариқи интенсивӣ рушд мекунад.
Калима барои кӯдакон маъноеро ифода менамояд. Яъне чун як восита барои фарқ кардани предметҳо, ба хелҳо ҷудо кардани онҳо хидмат менамояд. Кӯдак бо роҳи дарки маънои калимаҳо, оид ба сохтори грамматикии забони модарии худ элементҳои зиёдро меомӯзад, тарзи дурусти талаффузи фонемаҳоро аз бар менамояд.
Пас, ҳар як забон сохтори грамматикӣ, тарзи ифодаи хосаи худро дорад. Як забонро ба таври комил наомӯхта, аз пайи бозомӯзии дигар забон шудан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Балки, дар шуури кӯдак мафҳумҳои нодуруст, гоҳо печидаву нофаҳмо пайдо мешавад. Дар фикрронии онҳо мушкилиҳо ба миён меоянд. Масалан, кӯдакон ӯзбекӣ меандешанд, аммо бо тоҷикӣ баён мекунанд. Ҳангоми гуфтор ду забонро ба ҳам омезиш дода, ҳарф мезананд.
Бинобар ин, як забонро мукаммал омӯхта, баъдан барои омӯзиши дигар забон камар бастан мувофиқи мақсад мебошад.
Аз ин андешаҳои мутахассисон хулосае бармеояд, ки забони таълиму тарбия дар ташкилотҳои таълими томактабӣ хеле муҳим аст. Чунки дар ин марҳала кӯдакон миқдори зиёди калима, рафтору муомиларо меомӯзанд. Дигар ин ки дар ин айём ҳар чизи дида, шунида, дониста ва иҷрокардаи онҳо дар хотирашон нақш мебандад. Дар пасманзари ин ҳама, яъне тавассути мулоқот бо атрофиён, таҳти таъсири беруна нутқ чун омили асосии руҳӣ инкишоф меёбад. Барои таҳкими донишу густариши доираи дарки онҳо хидмат мекунад.
Дар ин самт, яъне бобати инкишофи нутқ, ташаккули шахсият, рушди маънавият, ҷаҳонбинии кӯдакон, таъмини онҳо бо маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ бо забони модарияшон низ муҳим мебошад, ки дар ин бора баъдан маълумот хоҳем дод.
Дар анҷоми мақола мехоҳем нуктаи дигарро ёдовар кунем. Тавре дар мақолаи «Ангушти ҳайрат мегазем!» таъкид кардем, фарқи байни донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ (64902 нафар) аз теъдоди тарбиягирандагони гурӯҳҳои тоҷикии кӯдакистонҳои мамлакатамон (249 нафар) хеле калон аст. Шумораи умумии тарбиягирандагон ҳатто як фоизи теъдоди умумии донишомӯзонро ташкил намекунад.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар аксар муассисаҳои таълими олӣ факултаҳои таълими томактабӣ ва дар онҳо гурӯҳҳо бо забонҳои бародарӣ амал мекунанд. Дар мисоли забони тоҷикӣ гирем, дар Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ, Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав гурӯҳҳои таълими томактабӣ мавҷуданд ва то ҳол онҳоро садҳо нафар хатм карда, соҳиби маълумоти олии таълими томактабӣ шудаанд. Саволи барҳақ ба миён меояд: чаро масъулони вазорат ва садоратҳои минтақавӣ дар кӯдакистонҳо бо забонҳои бародарӣ, аз ҷумла тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ гурӯҳҳои бештар ташкил намекунанд? Мушкилот дар чист?
Охир бо ин иқдом ҳам имкони таълиму тарбияи кӯдакон бо забони модариашон фароҳам мегардад ва ҳам хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳо бо кор таъмин мешаванд. Фикр мекунем, ки масъулони вазорат аз рӯйи ин масъала дуруст хулоса мебароранд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот чораҳои заруриро меандешанд.
Бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик».