ТЕЪДОДИ САЙЁҲОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ

Ин матлаб дар ҷараёни як нишасти хабарӣ, ки бо ширкати муовини ҳокими вилояти Фарғона, сардори раёсати сайёҳии вилоят Хуршедҷон Аҳмедов сурат гирифт, баён карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ шумораи умумии сайёҳоне, ки то охири соли равон ба вилояти Фарғона ташриф овардаанд, 3 миллиону 550 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

– Аз ин шумори умумӣ 3 миллиону 75 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва 475 ҳазору 640 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Нақшаи ҷалби сайёҳон дар вилоят 115 фоиз иҷро гардид, – изҳор дошт Хуршедҷон Аҳмедов.

Вай афзуд, ки содироти хадамоти сайёҳӣ 147,8 миллион долларро ташкил намуд. Ба ҳисоби миёна будубоши як сайёҳ дар қаламрави вилоят ба 4-5 рӯз рост меояд. Ҳамчунин таҳқиқи мавзӯъ нишон медиҳад, ки хароҷоти як сайёҳ 310 долларро ташкил менамояд ва боздиди сайёҳон низ нисбат ба ду соли пеш 1,7 баробар афзоиш ёфтааст.

– Дар давоми соли ҷорӣ дар вилояти мо 19 муассисаи нави ҷойгиркунӣ таъсис дода шуда, шумораи онҳо ба 361 адад расид. Аз ин муассисаҳо 47 ададро меҳмонхона  277 ададро хонаҳои оилавӣ ва дигар иншоот ташкил мекунанд. Ташкили 37 хостел низ барои пазироии сайёҳони дохиливу хориҷӣ хеле мусоидат намуд,–қайд кард муовини ҳокими вилоят.

Бар асоси дастур ва вазифаҳои Сарвари давлат, ки зимни ташрифи ӯ ба вилояти Фарғона 11–12 июли соли равон ироа гардидааст, чораву тадбирҳои иловагӣ андешида шудааст, ки категорияи ситораҳои 10 меҳмонхонаи қаламрави вилоят таҷдиди назар шавад. Соли 2024 бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ дар вилоят зиёда аз 20 ҷашнвора дар сатҳи баланд ташкил карда шудааст.

 Гуфта мешавад, бо мақсади васеъ тарғиб намудани иқтидори сайёҳии кишварамон дар хориҷи кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамкориҳои бевосита бо расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизионӣ низ натиҷаҳои назаррас ба бор меоваранд. Дар ин самт эҷодкорони шабакаҳои телевизионии «Asahi TV»-и Ҷопон ва «RTM»-и  Малайзия дар бораи салоҳияти сайёҳии Ӯзбекистон филмҳои мустанад ба навор бардоштанд.

Дар ин замина салоҳияти сайёҳии вилояти Фарғона аз тариқи шабакаи телевизионии бонуфузи Би-Би-Си дар саросари Аврупо намоиш дода шудааст.

– Хусусан ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар рушду ривоҷи иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла вилояти Фарғона низ хеле нақши муассир мебозад. Хушбахтона, дар соири шаҳру ноҳияҳои вилоятамон, мисли Фарғона, Марғелон, Қӯқанд, Риштон, Қува ва амсоли он осори гуногуни таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегиранд, – гуфт муовини ҳокими вилоят, сардори раёсати сайёҳии вилоят Хуршедҷон Аҳмедов.

Дар поёни нишасти хабарӣ як  идда хабарнигорон барои тарғиби салоҳияти сайёҳии вилоят бо «Диплом» ва «Ифтихорнома»-ҳо сарфароз гардиданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: