Ин ғояи нав дар мулоқот бо як гурӯҳ роҳбарони омӯзишгоҳҳои касбиву техникии вилояти Қашқадарё аз забони ҳокими вилоят садо дод.
Дар назар аст, аз оғози соли 2025 таълимгоҳҳои минтақа дар самти таълими ихтисосӣ ба зинаи сифатан нави омӯзишу парвариш қадам гузошта, дар омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки талаби давру замон буда, коргоҳҳои ватанӣ сахт ниёзманд ҳастанд, саҳм бигиранд. Ҳокими вилоят дар ҷараёни таҳлили бурду бохти соҳаи мазкур аз ин ғояи нав таъкид кард, ки минбаъд дар сурати самарабахш анҷом ёфтан чун «Таҷрибаи Қашқадарё» дар дигар манотиқи кишварамон татбиқ хоҳад шуд.
Дар ин мулоқот дастовардҳои омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ як-як баршумурда ва сухан аз мушкилоти соҳа низ ба миён омад ва махсус таъкид гардид, ки аз ин баъд бештар ба таълими касбии ҷавонон тамаркуз гирифта, сохтори таълими дуалиро ҷорӣ хоҳанд сохт. Таълими дуалӣ (дусамта) асосҳои назариву амалии таълимро фаро гирифта, ба рушди донишомӯзон мусоидат мекунад ва баъд аз хатми таълимгоҳҳо онҳо чун мутахассисони омодаи кор пазируфта хоҳанд шуд.
Дар ҷамъомад ному пайкори як идда омӯзишгоҳҳо махсус таъкид ёфт, ки ҳамрадифи замона қадам мениҳанд. Назар ба гуфтаи ҳокими вилоят, коллеҷи омӯзгории ноҳияи Кӯкдала 100 ҳазор ниҳол шинонидаву парвариш карда, имрӯз ба назари Президент афтодааст. Сарвари техникуми педагогии вилояти Қашқадарё Санҷар Раҳматов низ муваффақ гаштааст, ки як бинои бекорхобидаро ба гармхонаву сардхонае мубаддал карда, солона аз фурӯши ниҳолҳо ва маҳсулоти дигар 3-4 миллиард сӯм даромад ба даст орад. Мавсуф аз ҳисоби ин маблағ майдони футбол ва ҳавзи шиноварии болопӯшидае низ бунёд кардааст.
Дар ҷамъомад роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи таълим, масоили долузарби вобаста ба сифати таълим муҳокима шуд ва таъкид гардид, ки ин ҳама мушкилот дар соли 2025 бояд ҳалли худро ёбанд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.