ОФАРИН, МУАЛЛИМА!

Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон муҷиби хуҷастафарҷомист. Намонд Ҳотами Тойӣ, валек то ба абад, Бимонд номи баландаш ба накӯӣ машҳур.

Оре, ҳақ асту рост. Дар ҳама давру замон хайру эҳсон ва ё саховат амали муҳиму пурсавоб шумурда шудааст. Омӯзгори пешқадаму бомаҳорати синфҳои ибтидоии мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё, дорандаи ордени «Дӯстӣ» Латофат Исматова дар арафаи Соли нави милодӣ иқдоми хубу ибратбахшеро пеш гирифт, ки боиси таҳсину таъриф аст. Ногуфта намонад, ки ин муаллимаи пешқадами тоифаи олӣ, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон наздики 10 миллион сӯм маош мегирад. Ӯро ҳамчун омӯзгори фидоӣ хуб мешиносанд.

Ба наздикӣ Л. Исматова дар доираи дастури «Аз нодорӣ ба фаровонӣ» ба 6 оилаи ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд, ба ҳар кадом ба маблағи 1 миллион сӯм китобҳои бадеӣ ва туҳфаҳои идона бахшид. 

Дар арафаи иди Соли нав, ки онро кӯдакону хурдсолон бештар интизорӣ мекашанд, ин ташаббуси омӯзгор хеле бамаврид аст.

Беҳуда нагуфтаанд: 

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Аҳсант ба муаллимаи ташаббускору бомаърифат!

Ногуфта намонад, ки ин муаллимаи фидоии касби худ забону фарҳангдӯст буда, ҳар сол ба рӯзномаҳои тоҷикии «Овози тоҷик», «Ховар» ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» обуна мешавад. Дар бораи фаъолияти ӯ дар «Овози тоҷик» мақолаи пурмуҳтавои хабарнигори махсуси рӯзнома Шарифи Халил «Роҳ ба сӯи нур» низ чоп шудааст.

Умед дорем, ки дигар омӯзгорону кормандони соҳоти гуногун низ аз ин иқдоми муаллима илҳом гирифта, дар рӯзҳои шодиву идҳои гуногун ба корҳои хайру пурсавоб даст мезананд.

Солеҳ МУҲАММАДҶОН,

ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: