Ҷеймс Картер, 39-умин президенти Амрико ва дорандаи ҷоизаи "Нобели Сулҳ", дар синни 101-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора "Маркази Картер" хабар додааст.
Картер аз Ҳизби демократ ба интихоботи президентӣ пешбарӣ шуда, бар Ҷералд Форд пирӯз гардида буд. Ӯ аз соли 1977 то 1981 роҳбарии ИМА-ро ба ӯҳда дошт. Дар интихоботи баъдӣ Картер аз ҷумҳурихоҳ Роналд Рейган мағлуб шуд.
Ӯ пас аз анҷоми мӯҳлати президентӣ, "Маркази Картер"-ро таъсис дод, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ташаббусҳои сулҳомез машғул буд. Соли 2002 барои фаъолияти марказаш ӯ бо Ҷоизаи "Нобели Сулҳ" сарфароз гардид.