Соли нав – ҷашни асосии тақвимӣ мебошад, ки дар лаҳзаи гузариш аз рӯзи охирини сол ба рӯзи аввали соли оянда рух медиҳад. Онро бисёр халқҳо мувофиқи тақвими қабулшуда ҷашн мегиранд.
Бояд гуфт, ки Соли нав яке аз қадимтарин идҳост. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он «Ибтидои соли нав» сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.
***
Румиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд. Муддати дарозе румиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме, ки Юлий Сезар (соли 46 пеш аз милод) тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав, рӯзи якуми моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус гузошта шуда буд. Як рӯйи ӯ ба соли гузашта ва рӯйи дагараш ба Соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро ва ба ҳамдигар туҳфаҳо медоданд, ғуломону хоҷаҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Румиёни сарватманд ба император туҳфаҳо тақдим менамуданд.
***
Дар Бобулистони Қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор ё шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бармегаштанд ва халқ низ ба кори худ машғул мешуданд. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.
Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рӯйи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётр I баъди аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсус солшумориро аз якуми январ муқаррар кард ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.
Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар шуравӣ мувофиқи тақвими григорианӣ таҷлил мегардад. Аз 23 декабри соли 1947 бо қарори Президиуми Совети Олии Иттиҳоди Шуравӣ 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол анъанаи ҷашнгирии Соли нави милодӣ аз рӯйи тақвими григорианӣ давом дорад. 1 январ ҳамасола дар қаламрави Ӯзбекистон рӯзи истироҳат мебошад.
Таҳияи Ш. Йӯлдошева.