ШОДМОНИҲОИ ИДОНА ДАР АТРОФИ АРЧАИ БАЛАНДТАРИН

Дар майдони Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоии пойтахт арчаи калонтарини баландиаш 35 метр қад афрохт.

Дар атрофи он аз 25 декабри соли 2024 то 10 январи соли равон ҷашни Соли нав гузаронда мешавад. Имрӯзҳо Бобои барфӣ ва Барфакро аҳли шаҳр,  меҳмонҳо ва бахусус бачагонро дар атрофи арчаи сарсабз бо ҳама гуна тамошоҳои фаромӯшнопазир пешвоз мегиранд. Бачаҳо дар атрофи арча шодию хурсандӣ мекунанд.

— Мо аз ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд омадем, — мегӯяд Анвар Мухторов. – Мо баробари фарзандону наберагонамон аз арчае, ки дар майдони асосии пойтахт қад афрохтааст, завқи калон бурдем. Шодию хурсандие, ки фарзандонамон аз тамошои он гирифтанд, фаромӯш нахоҳад шуд.

Рӯзҳои таътили зимистона мактаббачагони пойтахти мамлакатамон аз спектаклҳое, ки аз рӯйи афсонаҳои Ганс Христиан Андерсен ба саҳна гузошта шудаанд, баҳра мебардоранд. Ба бачаҳо, бахусус, намоиши афсонавии «Маликаи барфин», ки онро бастакор Анвар Эргашев ва коргардон Ҳайдаралӣ Қосимов дар саҳнаи Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ ба саҳна гузоштаанд, хеле писанд омад. Аҳли шаҳр ва меҳмонон аз тамошои он дучанд шод гаштанд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: