ДАР НАМОИШҲОИ СИРК ИСТИФОДАИ ҲАЙВОНОТИ ВАҲШӢ МАНЪ ГАРДИД

Бо қарори дахлдори Девони Вазирон нигоҳ доштани ҳайвоноти ваҳшӣ дар сиркҳои давлатӣ ва сайёр (шапито) ва истифодаи онҳо барои намоишҳои сирк манъ гардид.

Дар асоси ҳуҷҷат номгӯи ҳайвоноти ваҳшие, ки аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ дар шароити нимаозод, дар ҷойҳои ба таври сунъӣ сохташуда ё дар асорат нигоҳ доштан манъ аст ва тартиби нигоҳ доштани ин ҳайвоноти ваҳшӣ аз ҷониби шахсони юридикӣ тасдиқ карда шудааст. Тибқи қарор, аз имрӯз, 1 январи соли 2025 инҳо манъ карда мешаванд: — аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ дар шароити нимаозод, дар ҷойҳои ба таври сунъӣ сохташуда ё дар асорат нигоҳ доштани ҳайвоноти ваҳшие, ки ба рӯйхат ворид карда шудаанд; — дар сиркҳои давлатӣ ва сайёр (шапито) нигоҳ доштани ҳайвоноти ваҳшӣ ва барои намоишҳои сирк истифода бурдани онҳо; Ҳайвоноти ваҳшие, ки ба рӯйхат ворид карда шудаанд, танҳо бо иҷозати Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби шахсони юридикӣ дар боғҳои ҳайвонот ва ё питомникҳо тибқи тартиби муқарраршуда нигоҳдорӣ мешаванд. Ба Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, то 1-уми январи соли 2026 ба боғҳои ҳайвонот ё питомникҳо супоридани ҳайвоноти ваҳшиеро, ки дар рӯйхат қарор доранд ва дар дасти шахсони ҷисмониву сирк нигоҳдорӣ мешаванд, таъмин намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: