Дар ноҳияи Чуст бинои нави муассисаи таълими томактабии давлатии рақами 17 ба истифода супурда шуд, ки ба фарзандони маҳалла туҳфаи солинавӣ гардид.
Бинои куҳна соли 1966 сохта шуда, шароитҳо ба талаб ҷавоб намедод. Барои аз нав барпо намудани муассиса аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ 4 млрд. 431,99 млн. сӯм маблағ ҷудо шуд. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи бинокорони ҶММ «Чиндовул қурилиш инфо», ки Ҷаъфархон Мамадалиев роҳбарӣ мекунад, ба анҷом расид.
Маскани нави сеошёна дорои хонаҳои махсуси таълимӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои техникии замонавӣ мебошад.
Дар кушодашави муассиса ҳокими ноҳия Бахтиёр Салимҷонов, роҳбарони секторҳо, муассисаҳои таълими томактабӣ, фаъолони аҳли ҷамоаи маҳаллаи Сарқамиш-Мирзаобод ва падару модарон ширкат варзиданд. Нотиқон барои шароит ва имкониятҳои нек ба роҳбари давлатамон ва бинокорон миннатдорӣ изҳор карданд.
Мураббиёни соҳибмалака бо бачагон машғулотҳоро бо усулҳои интерфаъол, ки ба ташаккул додани тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани салоҳияти зеҳнии онҳо нигаронида шудааст, дар шароити замонавӣ давом медиҳанд. Тарбиягирандагон дар ҷараёни машғулот бо ҳар гуна нақшҳо расм мекашанду дониши ибтидоии математикӣ, қобилияти эҷодии худро намоён мекунанд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.