КӮДАКОН – БАҲОРИ САОДАТИ МО

Моҷарм як мактаби ҳамагонӣ, кӯдакистон ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Бинои мактаб аз нав ва бинои дуошёнаи кӯдакистон ба тозагӣ бунёд ёфтааст.

Таҳсилоти томактабӣ зинаи ибтидоии низоми таълими муттасил буда, дар тарбияи инсони ҳамаҷонибаи солим ва баркамол нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи ислоҳот дар соҳаи таълим дар кишварамон дар баробари муассисаҳои томактабии давлатӣ муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, яъне хусусиву шарикии давлативу хусусӣ ташкил ёфта, шумораи онҳо мунтазам меафзоянд.

Чун дар маълумоте, ки ба сарвари давлат дар бораи вазифаҳои афзалиятноки низоми таълими томактабӣ ва мактабӣ барои соли 2025-ум пешниҳод гардид, «тӯли солҳои охир миқдори кӯдакистонҳо 8 баробар афзуда, ба 38 ҳазор расид, фарогирӣ ба таълими томактабӣ бошад, аз 25 то ба 76 фоиз боло рафт». Ва дар соли 2025 «бунёди 162 муассисаи таълими томактабӣ, сохтани 100 кӯдакистони хусусӣ ва 1 ҳазор боғчаи бачагонаи оилавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имкон медиҳад фарогирӣ бо таълими томактабӣ ба 78 фоиз расонида шавад. Робитаи байни барномаҳои таълимии гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб ва синфҳои ибтидоӣ пурзӯр карда мешаванд».

Ҳамин тариқ, яке аз масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа, ки дар меҳвари сиёсати ҳукумати мамлакат қарор дорад, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва афзалият додан ба он бахш мебошад. Агар бунёди миллат аз маориф оғоз ёбад, бешубҳа, маориф аз муассисаҳои томактабӣ ибтидо мегирад. Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маориф муассисаҳои таълими томактабӣ хоса дар деҳоти дурдасти кишвар кам буд. Барои ислоҳи ин муаммо дастуру супоришҳои сарвари мамлакат боис гардид, ки ба ин соҳа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шавад. Дар деҳоти дурдасти кишвар низ биноҳои замонавии кӯдакистонҳо бо таъмини таҷҳизоти замонавӣ бунёд ёфтанд. Мушкилоти мардуми деҳот сабук гардид. Кӯдакон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шуданд. Чанде пеш аз деҳаи дурдасти кӯҳанбунёду ҳамешаҷавони Моҷарм, воқеъ дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах дидан кардам.

Моҷарм як мактаби ҳамагонӣ, кӯдакистон ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Бинои мактаб аз нав ва бинои дуошёнаи кӯдакистон ба тозагӣ бунёд ёфтааст. Вориди дохили бино гардидам. Мегӯянд, ки офтоб аз баромадаш ошкор аст. Толорҳои бино хеле хуб оро ёфтааст. Аммо кулли овезаву навиштаҷот ба забони давлатӣ буд... Маро посбони кӯдакистон ба коргоҳи мудири ин муассиса, ки дар ошёнаи дувум воқеъ будааст, роҳнамоӣ намуд.

– Ман, Муқаддас Исломова, масъулияти мудирии муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 21-ро ба ӯҳда дорам. Маълумоти олӣ дорам, бахши таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Ҷиззахро хатм намудаам. Муқими маркази ноҳияи Фориш шаҳраки Боғдон мебошам. Ин ҷо, ки мутахассиси маълумоти олидор нест, маро, ки таҷрибаи кофӣ дорам, ба ин ҷо фиристоданд. Муассисаи мазкур 100 нафар кӯдаконро дар чор гурӯҳ фаро гирифтааст. Таълиму тарбия асосан ба забони тоҷикӣ, ки аҳолӣ саросар тоҷиконанд ва дар мактаб низ ба забони тоҷикӣ таълим мегиранд, пеш бурда мешавад. Муассиса ба ҳамаи талаботи рӯз ҷавобгӯ аст.

– Чаро «асосан» ба забони тоҷикӣ, – сухани мудири муассисаро буридам.

– Тарбиячиҳо, ҳама тоҷики маҳаллианд. Ман аз мардуми деҳа ва тарбиячиён Фирӯза Тӯймуродова, Сабоҳат Милтиқова, Дилнавоз Давлатова ва дигарон бисёр миннатдорам. Падару модарон ба тарбияи фарзандон бефарқ нестанд, дар ташкил ва гузаронидани ҳар як тадбир фаъол иштирок мекунанд. Тарбиячиён ба кори худ эътимод дошта, масъулиятро хуб ҳис мекунанд. Бо кумаки падару модарон баъзе китобҳои бачагонаи тоҷикиро дастрас намудаем. Аммо ба забони тоҷикӣ ягон дастури методӣ ва ё китобҳои таълимӣ надорем. Маҷбур ҳастем, ки аз дастуру китобҳои таълимии забони давлатӣ истифода барем.

Дар ин мавзӯъ борҳо ба шуъбаи таълими халқи ноҳия, Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ва Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ба тариқи расмӣ муроҷиат кардаем, касе ба доди мо намерасад. Ин муаммо на танҳо дар кӯдакистони деҳаи Моҷарм, балки дар муассисаҳои таълими томактабии кулли ҷумҳурӣ ҷо дорад. Кӯдак ба муассисаи таълими томактабӣ ва ё мактабӣ омад, нахуст ба навиштаҷоти забони ғайр дучор меояд ва он навиштаҷотро дар худ ба ҳамон тарз ҳазм мекунад: «20 ДМТТ» ва ё «22 мактаб». Ҳазор маротиб ба кӯдакон такрор гӯед, «МДТТ 20» ва ё «Мактаби 22» ба кӯдак таъсир надорад. Беҳуда нафармудаанд, «Шунидан кай бувад монанди дидан».

Кӯдакистон бояд наслеро тарбия кунад, ки ба Ватан содиқу худогоҳ бошад, чунки маҳз ҳамин ҷо давраи шаклгирии мафкураи кӯдак оғоз меёбад. Раванди таълим дар кӯдакон бояд низоми миллӣ дошта бошад. Зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи таълими томактабӣ дастуру адабиёти зарур ба забонҳои миллӣ таҳия ва табъу нашр карда шавад.

Ба мушоҳида расид, Муқаддас Исломова дилсӯзи кӯдакону ҳамкорони худ аст. Аз қобилият ва иқтидори кӯдакон хушнуд, аз фаъолият ва ҷустуҷӯйи мунтазами ҳамкорон қаноатманд аст. Ҳоло Дилнавоз Давлатова ва Фирӯза Тӯймуродова дар шуъбаи ғоибонаи бахши таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил доранд.

Ҳамроҳи Муқаддас Исломова аз хонаҳои таълиму тарбия, истироҳатӣ – фароғатӣ ва толори фарҳангии кӯдакистон дидан кардем. Ҳамаи хонаҳову толор хуб таҷҳизонида шуда ва  ба диди кӯдакон хос оро дода шудааст. Дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон чунин иншооти боҳашам бо ҳамаи имконоти мавҷуда барои таълиму тарбия далели боэътимоди ғамхории давлат мебошад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: