ҲИСОБОТ

(Ҳикоя)

– Хӯ-ӯ-ш, ҷигарҳо, ана баҳор ҳам омад. Ба он рӯзе, ки нақшаи соли ояндаро кашида будем, як сол пур шуд! – пиёлаи мусаллас дар даст садо баланд кард сарвари оила – амаки Саттор ва гардани аз ғояти серравғанӣ арақшорашро  бо рӯймолчаи  ғиҷимгашта пок карда, афзуд:

– Ҳамин пиёларо ба шарафи корҳои иҷрошуда холӣ мекунам.

– Ҳамин, ки қадаҳ холӣ шуд, амаки Саттор ду-се ғуҷуми ангурро бӯй кашида, ба даҳон андохт ва лунҷҷунбону фишшосзанон гуфт:

– Ҳамин гӯед, мусаллас ангур аст. Ангур бошад, барои мусалласхӯрӣ газаки  беҳтарин. Баъзе нофаҳмҳо баъди оби ангур чизҳои туршу шӯр мехӯранд...

– Ҳой дадеш, – ба миён даромад холаи Бибимастон, – чӣ, шумо дар сари дасторхони идона ба писарҳоятон шаробнӯширо ёд медиҳед?

– Не, занаки мӯйдарози ақлкӯтоҳ! Ин даромади суханам буд. Маърӯзаву  музокираи зӯр акнун мешавад.

Ҳоло  бо писаронам маҷлиси тантанавии оилавиро шурӯъ кардем. Ҳисобот медиҳем, ки имсол чӣ корҳо иҷро шуду бояд дар Соли нав кадом корҳо анҷом ёбанд. Ту ҷим ист, фаҳмо!

– Хуб шудааст... – аз тарси он, ки ҷашн ба ҷанг табдил наёбад, лаб фурӯ баст холаи Бибимастон.

– Хӯш, ки бошад, Эркабой, бо як қаламу коғаз наздам биё, – ба кенҷаписари хонадон амр дод падар. – Ман як-як мегӯям, ту навис!

– Ҳамааш омода, дадаҷон! – гуфт Эркабой.

– Хӯш, ки бошад, сар мекунем аз корҳои иҷрошуда. Аввал қаҳрамонҳоро навис.

– Келини чорум Бибисороро... э, не аввал говамон Каҷоваро навис. Дар дувоздаҳ моҳ ду бор гӯсола доду сафедии дегамонро таъмин  намуд. Барилова, бечора кам мехӯраду бисёр шир медиҳад, ки ҳам мехӯрем, ҳам мефурӯшем. Барои ин хидматҳояш ба гов аз соли нав кам-кам кунҷора ҳам медиҳед!

– Кунҷораро барои гӯсолаҳо нависам? – пурсид Эркабой.

– Не, гаранги духон, ҳоло гӯсолаҳо ризқашонро аз талу теппа ёфтан гиранд. Барои мо хидмате накардаанд, фаҳмидӣ?!

– Фаҳмидам! – зуд ҷавоб гуфт Эркабой.

– Акнун келини чорум – Бибисороро навис. Падарраҳмат моли, э узр, Туробҷон, – ба писари чорум узрхоҳона нигарист амаки Саттор ва давом дод. – падарраҳмат фарзанди асил будааст. Имсол духтари панҷумашро таваллуд кард.

– Дада, сердухтарии мо ба шумо чаро мефорад? – ранҷид Туроб.

– Бачаи беақл. Форидану нафориданашро ту медонию занат! Лекин духтар кони фоида. Аз бисёр маъракаҳои серхарҷ озод мешавӣ, либосат тоза, нону чою ошат дар вақташ тайёр!

– Ин духтаракон то ошу нон тайёр мекунанд, ки ... – ғурунгос зад Туроб.

– Чӣ нолиш мекунӣ, ношукрӣ накун, бача. Занҳои додароната бин. Ширашон барои кӯдаконашон намерасад. Бо «Нестлэ»–ю «Лактоген»–ҳои қимат бача калон мекунанд, падарқусурҳо. Якашон ду нашуда мебинӣ, ки бача лоиқи тӯй мешавад. Аробаи зиндагиашона  аз лой бароварда наметавонанд, – фаҳмонданӣ шуд падар.

– Агар писардор шавам, хонаро аз ширу ҷурғот пур мекунам, – шӯрид Туроб.

– Писардориатро ба нақшаи соли нав ворид мекунем. Ҳоло хомӯш!

– Хӯш, ки бошад, барои серширии келинамон – Бибисоро мукофот дода шавад. Аз фонди ману кампир,  – ба холаи Бибимастон ишора кард амаки Саттор. – Як чаккахалта ғӯлинг ва як сарпӯш чормағзи қоғотӣ. Ана, акнун, ки ду қаҳрамони сол – гов ва келинро мукофотонидем, дигар корҳоро навис, Эркабой. Боми оғилу каҳдон ва ошхона андова шуд. Аз ҳисоби туту гелосҳои рӯйи ҳавлӣ ҳезум тайёр кардем. Хӯрокиҳои хушку тари зимистонӣ захира шуд. Либосҳои зимистонӣ нахаридем, чунки палтою попӯшҳоямонро таъмир карда гирифтем. Панҷ сол шуда бошад, ҳеч гап не, шояд даҳ соли дигар хидмат мекунанд. Дидед, дурандешии мо буҷети оиларо касод накард. Баръакс, беқарз баромадем...

– Ҳамин хел мумсику сахт шудан гиред, ҳеч гоҳ муфлис намешавем, дадаҷон, – аз кунҷаки хона садо баланд кард писари миёна Сабурбек.

– Чӣ гуфтӣ? – худро ба нодонӣ зад амаки Саттор.

– Мегӯям, ки хушбахтии мо аз сахтии шумо!

– Бале, бачем, об ҳам дар ҷойи сахт меистад. Қонуни иқтисоди бозор ҳамин – кунҷи лабонро пок карда гуфт амаки Саттор.

– Дар қонуни иқтисоди бозоратон аз ризқи бачаҳо занед, аъзои оила орзую ҳавасҳои ширин накунанд, нанавиштагист, дадеш. Охир, дили бачаҳоро ҳам ёбед, ба ту чӣ лозим, гӯед, – хоҳиш кард холаи Бибимастон.

– Ту занак, ҷим ист, гуфтам. Инак, навбат ба нақшаҳои солинавӣ расид, – ба атроф нигарист амаки Саттор ва пурсид:

– Хӯш, кӣ, чӣ таклиф дорад?

– Дадаҷон, масъалаи Туробакема ҳам ба нақша дарорам? – пурсид Эркабой.

– Чӣ масъала буд? – ҳайрон шуд амаки Саттор.

– Дар соли нав писардор мешавам, гуфтанд-ку.., – лаб газид Эркабой.

– Ҳа-а-а. Хайр, навис. Ҳамин сол писардор шавад ҳам, ҳамроҳи зангирии ту – Эркабой тӯй медиҳем, – гуфт амаки Саттор ва афзуд. – Боз кӣ чӣ мегӯяд?

– Дада, ман ба ягон рӯзнома ё маҷалла обуна шуданиям, – илтиҷоомез пурсид Сабурбек.

– Ту Сабур, сабр кун, ҳоло вақти обунабозӣ не.

– Дада, ҳеч набошад, барои фаҳмидани барномаи телевизор ягон хел газета лозим-ку? – фикри додарашро қувват доданӣ шуд Туроб.

– Не, намешавад. Телевизор аз пагоҳ то бегоҳ гирондагӣ. Намоиши лозимета дидан гир. Хуб, ки дар ҷойҳои мо свет бисёр мемураду телевизор дам мегирад.

– Дада, – қаламро гирди панҷаҳояш бозӣ доронда, ба гап даромад Эркабой. – Барои ҳамаи мо як ҳаммом лозим!

– Бас куне-э, ту бача шарм намедорӣ аз ин гапат. Боз дар назди янгаҳоят-а. Охир, ту аз куҷо донӣ, ки ман пеш аз тӯй ба ҳар яки акаву янгаҳоят ҳаммоми хонагӣ – ташноб сохта додаам. То дар вақти хостагиашон оббозӣ кунанд!

Эркабой аз ин суханони падараш хеле шармид, лекин аз мақсад ҳам дур нарафт:

– Ин тавр бошад, ман чӣ кунам? Куҷо оббозӣ кунам?

– Дар ошхона ҳам ташноб ҳаст. Дарро аз дарун банду коратро кардан гир.

– Ҳамин корро кардам, расво шуд-дия?! – шӯрид Эркабой.

– Чӣ шуд? – ҳама бо назари ҳайрат ба Эркабой нигаристанд.

– Хайр, вақти оббозиям даҳҳо бор модарам, янгаҳоям даромаданашонро намегӯям. Аламовараш дирӯз шуд. Дари ошхонаро пӯшидаму аз дарун ба дастааш пойи усталчаро гузоштам, то кушода нашавад. Обро ҳам тайёр кардаму ба лаган даромадам. Ин вақт свет мурд. Ҳама ҷо тип-торик шуд. Кӯр-кӯрона оббозиро давом додан гирифтам. Обдаста гоҳ ба сатил мезаду гаҳе ба сари ман. Аз садояш шарм медоштам. Ба сарам шампун задам. Шукр гуфтам, ки дар торикӣ ҳам хуб оббозӣ кардам. Аммо бо чашми сӯзон обдастаро ба сатил бурдаму чизе аз он нагирифтам. Маълум шуд, ки об тамом шудааст... Ҳама хандиданд.

– Бо даст палмосида дидам, ки дар шафати сатили пуроб сатили дигар истодааст. «Хунук бошад ҳам, об бошад, шуд!» гӯён обдастаро ба он бурдам. Шукр, обдаста холӣ наомад. Аз сарам рехтам. Аз бӯйи бад даҳонам кушода шуду ба он пӯчоқи пиёзу сабзӣ даромад. Боз ҳама ҷоям часпаку пури пӯчоқу нонреза шуд. Пас фаҳмидам, ки сатили пасмондаи хӯрокҳо он ҷо будааст. Акнун на чароғе буду на обе. Берун бароям гӯям, хунук, либос пӯшам гӯям, ҳама ҷо расво. Бовар кунед, ним соат то омадани модарам он ҷо истодам. Шукр, модарам об оварданду рӯяшонро чаппа карда монда рафтанд. Хайрият, ки надиданд... Бо он андаке тоза шудам. Лекин бӯйи бад ҳоло ҳам аз димоғам нарафтааст! Ҳаммом лозим, вассалом! – гуфт Эркабой.

Падар фармон дод, ки хишт резанду ҳаммом созанд. Писарҳо эътироз карданд, ки ҳаммом бо хишти хом намешавад. Ба ҳар ҳол сохтмони ҳаммом, дар қатори писардор шудани Туробҷон, ба нақшаи солинавӣ даромад.

Амаки Саттор пиёлаи мусалласро пур кард. Ин нишонаи он буд, ки маҷлис ба охир расидааст. Акнун тамоми умедҳо ба соли нав. Соли нав муборак! 

Озод ҲАМИДЗОДА,

ноҳияи Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: