МАРДИ НАКӮКОРУ НАКӮНОМ БУД

Ҳаёти инсон аз рӯйи як хати росту ҳамвор идома намекунад, он иборат аз як ранги маъмулӣ ҳам нест. Агар нек бингарем, зиндагӣ ба чандин навъ ҷилва карда, чун пастиву баландӣ, шебу фароз тазодҳое ҳам дорад. Аммо ба чашми мо аксар ба рангҳои «сафеду сиёҳ» одӣ ва сода намудор мегардад.

Дар замири ҳамин ду ранг, ки мо чун ба шабу рӯз одат кардаем, як олам маънӣ нуҳуфтааст. Мо кам талош меварзем, ки ба умқи онҳо фурӯ равему маъние берун кашем. Сиёҳ ва сафед, шаб ва рӯз, нек ва бад... Ин ду ранги хоно тамоми умр моро ҳамсафаранд!

Аммо дар байни мо одамоне ҳастанд, ки ба ҳар падидаи зиндагӣ, таҳаввули гоҳу ногоҳи он бефарқ нестанд, баръакс аз он панде мегиранд, бо аъмоли неки худ ба дигарон панде медиҳанд...

Яке аз чунин шахсон, ки сокинони деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз номи некашро бо эҳтиром ба забон мегиранд, Ҳоҷӣ Абдураҳмон Шарифов аст. Ӯ соли 1955 дар деҳаи Сарчашма, аз оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Падараш дар байни халқ аз барои меҳнаткаш ва ба ҳар набарду зарбаи ҳаёт пуртоқат буданаш бо лақаби Шарифи Чӯянак машҳур буд. Вай дар сабру таҳаммул ва бардошт ба ҳар гуна душвориҳои ҳаёти мураккаб ҳамто надошт. Бар замми ин бобои Шариф шахси ниҳоят худоҷӯй, бо имону эътиқод буд. Фарзандони худро низ дар ин рӯҳия тарбия намуд. Абдураҳмон фарзанди ҳамин шахси худодӯст буд. Ӯ соли 1972 мактаби миёнаи рақами 57-умро бомуваффақият хатм намуд. Вақте Абдураҳмон синфи панҷумро тамом карда ба таътил баромад, бобои Шариф ӯро барои омӯхтани ҳуруфоти ниёгон ба деҳаи Кӯл бурд ва ба шогирдии қорӣ, донандаи асосҳои дини ислом Мулло Ҳакими Кӯлӣ гузошт. Абдураҳмони ташнаи илм дар маслаки аҷдоди накӯи мо зуд хату савод бароварда, бо зеҳни тезу хулқи аъло устоди худро мутаҳаййир сохт. Вай бурдборона Қуръону Ҳадисро омӯхт ва дар илми масъала пешгом шуд. Ҳарчанд хурд буд, ҷавоби сареҳи баъзе масъалаҳоро аз ӯ мепурсиданд, мардум маъракаҳои худро бе ин ҷавони оқилу доно намегузарониданд. Шароити душвори оилавӣ ба Абдураҳмони ҷавон имконият надод, ки таълимро дар ягон мактаби олӣ давом диҳад. Ӯ дар собиқ хоҷагии давлатии Карл Маркс (баъдан «Оқдарё») ҳамчун коргар ба кор шурӯъ кард. Солҳои 1974-1976 барои адои қарзи фарзандӣ ба хидмати Ватан шитофт ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ дар Муғулистон хизмат намуда, бо рутбаи сержант ба зодгоҳ баргашт. Ҳаёти ӯ гоҳе ҳамвору гоҳе рӯ ба фароз идома мекард. Азбаски фарзанди марди пуртоқате чун Шарифи Чӯянак буд, ҳамаи фишори рӯзгорро бурдборона таҳаммул кард.

Соли 1990 мӯйсафедони деҳ бо машварат ба Абдураҳмон, ки хуб санҷидаву бовар доштанд, адои вазифаи имомии масҷиди деҳаро супориданд. Абдураҳмон дар ибтидои кор масҷидро, ки соли 1878 сохта шуда, дар давраи шӯравӣ ба анбори хоҷагӣ табдил ёфта буд, аввал дар идораҳои давлатӣ сабти ном карда, ба масҷиди ҷомеъ мубаддал сохт. Ҳоло масҷид ба рӯйхати ёдгориҳои фарҳангию таърихии ҷумҳурӣ шомил шудааст ва ҳамасола аз гӯшаҳои гуногуни кишвар меҳмонони зиёде омадаву аз ин меъмории шигифтангези аҷдоди бошарафи мо завқ мебаранд.

Баъд ба обод сохтани қабристони деҳа пардохт, ки ба он аксар мардуми Сарчашма ҳамовозӣ карданд. Деҳа қабристоне дорад, ки бо номи «Хоҷа Мӯсо» маъруф аст. Ҳоҷӣ Абдураҳмон бо ҷавонони ғайратманд атрофи онро девор гирифтанд. Ҳамин тавр ободкориҳои қабристон соли 1993 оғоз ёфта, тӯли ду сол бо роҳи ҳашар девори сангин ва хонақоҳ бунёд гардид, дар атрофи он дарахту буттаҳои манзаравӣ шинонда шуданд. Ҳоло қабристони деҳа обод аст.

Дигар муаммое, ки мардуми деҳаро азият медод, набудани як пули замонавӣ буд. Ҳангоми обхезиҳои фасли баҳору тирамоҳ гузаштан аз рӯдхонаи деҳа душвор мешуд ва аҳолии ду самти он ба мушкилӣ рӯ ба рӯ меомаданд. Ин мушкилот ҳам бо машварат ва иштироки бевоситаи Абдураҳмон ҳалли худро ёфт. Аз болои дарёчаи шӯхоби деҳ пайдарпай се пул сохтанд. «Пули мулло Абдураҳмон» соли 1998, «Пули маҳалла» соли 2016 ва «Пули талҳо» соли 2019 бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳоло аз болои ин пулҳо аҳолӣ, автомобилҳои сабуку боркаш, чорвои аҳли деҳа бо роҳат гузашта, ба манзили худ мерасанд.

Абдураҳмон, ин марди саховатпеша, нафақат дар бунёдкорӣ пешсаф буд, балки ба мардуми камбизоат, беваю бечора, одамони бепарастор дасти ёрӣ ҳам дароз менамуд. Ҳатто ҳангоми чорабиниҳои фарҳангӣ ба дабистони деҳа рафта бо ширкати худ боиси хушҳолӣ мешуд, бо ибрози чанд сухани хуш аҳли толорро ба андӯхтани илм даъват мекард. Вай ҳамеша ба мактаб бо дастовезе меомад ва ба хонандагони аълохону пешқадам туҳфаҳои хотирмон медод, ки ман худ чун омӯзгор шоҳиди чунин воқеаҳо будам. Хоса, дар ташкили ҳашар, таъмири роҳ, кандани ҷӯй Абдураҳмон Шарифов ҳамеша дар сафи аввалинҳо истода, кулли мардумро ба иҷрои кори хайр раҳбарӣ мекард.

Ин фарзанди обрӯманди деҳа соли 2022 ба олами бақо пайваст ва дар қабристони «Хоҷа Мӯсо», ки замоне пайи ободии он басе часпу талош варзида буд, мақом ёфт. Мардуми деҳа аз ин фарзанди накӯноми худ ҳар лаҳзаву ҳар соат ёд карда, кору амалҳои савоби ӯро пайваста ба забон меоранд.

Баҳром Чоршанбиев,

омӯзгори собиқадор аз деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: