Шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон барномаҳое намоиш медиҳанд, ки дар онҳо ин ё он соҳа акси худро меёбанд. Назар ба гуфти муаллифи лоиҳа ва барандаи барномаи «Изларим» (дар шабакаи «Менинг юртим») Юлдуз Файзӣ ин барнома аввал дар шабакаҳои дигар пахш мешуд.
– Мазмуну моҳияти ин барнома аз инъикоси ҳаёти ҳунармандони асилу шинохта ва тавассути «оинаи нилгун» изҳор сохтани дарди дили онҳост, – мегӯяд Юлдуз Файзӣ.
Юлдуз Файзӣ зодаи ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд аст. Ҳисси эҳтиром ба ҳунармандон, аҳли зиё ва фарҳанг дар дили вай ҳанӯз аз хурдӣ пайдо шуда буд. Ин фазилатҳои нек ба ӯ аз падараш, шоири шодравон Равшан Файзӣ сироят кардааст. Равшан Файзӣ барвақт ин дунёро падруд гуфт. Тӯли умри кӯтоҳи худ тавонист, ки ашъори хуб офарад. Ҳоло яке аз шеърҳои ӯ «Қишлоғим»-ро Ҳунарпешаи халқии ҷумҳурӣ Маҳмуд Намозов мехонад, ки миёни мардум хеле маҳбубият пайдо кардааст. Юлдуз дар пойтахт – шаҳри Тошканд таҳсил кард ва дар он ҷо монд. Ҳар гоҳи ба зодгоҳ омадан хокҷои қиблагоҳашро зиёрат мекунад. Ба суроғи дӯстони падараш меравад, аз ҳоли онҳо хабар мегирад. Боре ба аёдати шоири мардумии Ӯзбекистон Хуршед Даврон рафт. Шоир китоберо ба ӯ туҳфа кард, ки дар он соядасти падараш буд.
– Дар «Севимли» чаҳор бор барнома омода кардем, ки пурра намоиш дода шуданд, – мегӯяд Юлдуз. – Баъди се сол ҳамкориро бо «Менинг юртим» ба роҳ мондем. Консепсияи лоиҳаи мо асосан аз инъикоси ҳаёти ҳунармандон, аҳли фарҳангу адабиёт иборат аст.
Эҷодкорони барномаи «Изларим» ба Қазоқистон, Озарбойҷон ва чанде пеш ба Тоҷикистон сафари эҷодӣ анҷом доданд.
Тавре Юлдуз менависад, – сафари Тоҷикистони бародарӣ аз таассурот ғанӣ буд. Душанбе – пойтахти тоҷикон ба куллӣ тағйир ёфта, басо зебо шудааст. Дар аснои сафар аз манзараҳои аҷиби атрофи роҳи ағба баҳраманд гардидем. Ин роҳ ҳам мӯҷиби тамошосту ҳам барои одаме, ки бори аввал меояд, ваҳмангез аст.
Бо ду тан аз ҳунармандони номӣ – Ҳунармандони халқии Тоҷикистон, устодони ҳунар Ҷӯрабек Муродов ва Сайрам Исоева вохӯрда, доир ба роҳи паймудаи онҳо дар шоҳроҳи ҳунар суҳбат оростем.
Сайрам Исоева дар Душанбе ба дунё омада, дар Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд таҳсил кардааст. Ӯ дар якчанд филмҳои бадеии «Ӯзбекфилм» нақшҳои асосиро офарид. Аз ҷумла, дар филмҳои «Нодирабегим» – шоира Нодира, дар «Найрангҳои Майсара»– Майсара ва ғайраро хеле хуб иҷро кард.
– Ман Ӯзбекистонро хеле дӯст медорам. Зеро як қисми умри ман дар он ҷо сипарӣ шудааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарам. Боре то водии Фарғона сафар ҳам кардем, – мегӯяд Сайрам Исоева аз тариқи ин барнома. – Қариб понздаҳ сол аст, ки аз саҳна дурам.
Юлдуз Файзӣ ба корманди рӯзномаи «Овози тоҷик» Гулҷаҳон Кабирова, ки барои ба ӯзбекӣ баргардониши матнҳои пасисаҳнагии қаҳрамонон кӯмак намудааст, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Бинандагони телевизион ба маҳорати Юлдуз баъди пахши барнома бо иштироки устоди ҳунар Ҷӯрабеки Мурод баҳои баланд доданд. Зеро дар он миёни ӯ ва ҳунарманди номӣ суҳбати самимӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба шаҳру кишварҳои гуногун сафарҳои эҷодӣ анҷом додану барномаҳои ҷолибу рангин таҳия намуда, пешкаши бинандагони бешумор кардан кори танҳо ду-се нафар нест. Тавре ки Юлдуз Файзӣ мегӯяд, дар ин хидмати продюсер Насриддин Асриддинов, наворбардорон Акрам Ғуломов, Борийхон Боситхонов, Фирдавс Тӯраев, коргардон Миразиз Сагатов, муназзами овоз Сарвар Маъмуров, маъмур Дилсӯз Набиева ниҳоят калон аст.
Анорбой Назаров,
вилояти Ҷиззах.