Ҳоло дар Когон 46 муассисаи таълими томактабӣ фаъолият дорад, ки аз ин миқдор 18-то кӯдакистони давлатӣ, 6 давлатию хусусӣ ва 22-тоаш оилавӣ мебошанд.
Дар Когон масъалаи ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб намудани бачагон сол то сол беҳтар мегардад. Имрӯз дар шаҳр ва ноҳия 46-то муассисаи томактабӣ фаъолият нишон медиҳад. Аз ҷумла 18-тои онҳо давлатӣ, 6 давлатию хусусӣ ва 22-тоашон оилавӣ мебошанд.
Ба қарибӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Зиробод»-и шаҳри Когони вилояти Бухоро бинои нави муассисаи таълими томактабии давлатии №16 ба истифода супорида шуд, ки он барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар маросими тантанавӣ намояндагони ҳокимият, шуъбаи таълими мактабию томактабӣ, фаъолони маҳалла, падару модарон иштирок карданд. Басуханбаромадагон аҳли ҳудудро бо бинои нави дорои ҳамагуна қулаиҳои замонавӣ муборакбод карданд ва хидматҳои бинокорони гулдасти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Колониаи сайёри механиконидаи байнихоҷагии рақами 201»-ро алоҳида таъкид намуда, ба онҳо туҳфаҳо инъом карданд.
Арзиши лоиҳа 4 миллиарду 850 миллион сӯм буда, бинои дуошёна дорои дарсхонаю машғулиятҳо, хобгоҳ, ошхона, хонаи мусиқӣ ва ғайра мебошанд. Мавсими тобистон бачагон аз майдончаҳои солимгардонию санитарии боғча истифода мебаранд. Ҳар як хона бо ашёҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.