Дар бозори деҳқонии озуқавории «Ерқӯрғон», ки аз маҷмӯаҳои калони тиҷоратӣ дар шаҳри Қаршӣ мебошад, ярмаркаи тиҷоратӣ бо нархи арзон ташкил карда шудааст.
Ташкили ярмаркаҳои тиҷоратӣ бо нархи арзон барои бо рӯҳбаландӣ пешвоз гирифтани соли нав, таъмини дастархони пурфайзи идона, пешгирии болоравии нархо аҳамияти муҳимро молик аст.
Дар бозори деҳқонии озуқавории «Ерқӯрғон», ки аз маҷмӯаҳои калони тиҷоратӣ дар шаҳри Қаршӣ мебошад, ин гуна ярмарка ташкил карда шудааст. Дар он асал, шир, тухм, гӯшт, моҳӣ барин 60 навъи маҳсулоти озуқаворию кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхта мешавад.
Аз ҷониби маъмурияти бозор низ барои бо нархҳои ҳамёнбоб фурӯхтани маҳсулот ба аҳолӣ чораҳо андешида ва ба захирасозии озуқаворӣ эътибор дода мешавад.
Суратгир: Ҷ. Норқобилов (ӮзА).