Соли сипаригардида барои аҳолии маҳаллаи Шовонаи ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанд соли фаромӯшнашаванда гардид.
Чунки дар давоми сол баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, аз ҳудуди вазнин баровардан ва беҳтар намудани инфрасохтори маҳалла корҳои доманфарохи ободонию бунёдкорӣ ба сомон расиданд.
Бунгоҳи тиббии оилавии маҳалла, муассисаи таълими томактабии рақами 12, мактабҳои таълими умумии рақами 8, 9, 16 ва 35-ум аз таъмир баромаданд. Бинои нави маҳалла, маскани нурониҳо ва хонаи дӯзандагӣ сохта шуд. Дар маркази маҳалла бозорчаи хурд ташкил гардид.
Суратгир: А. Исроилов, ӮзА.