Аз тариқи нашриёти «Javohir ilm nashr» ду дафтари шеърии ҳамкорамон Муҳаммадҷон Шодӣ аз чоп баромад.
Маҷмуаи аввал «Қасидаи Ватан» унвон дорад ва аз шеърҳо дар мавзӯи Ватан фароҳам омадааст. Муҳаррири масъул – мудири бахши адабиёт ва ҳунари рӯзнома Абдулло Субҳон. Дар шиносномаи дафтари шеърӣ қайд шудааст: «Маҷмӯаро мехонед ва ҳис мекунед чӣ тавр афкори ватанпарастона дар либоси тасвирҳои дилнишин ба мазмуну мундариҷаи падидаҳои қаламӣ ғановат мебахшанд».
Сурудаҳо дар васфи Ватан дар жанрҳои гуногуни шеърӣ иншо шудаанд. Аксарият дар шакли ғазал аст. Яке аз ғазалҳо, ки гуворо садо дода, меҳру муҳаббати ҷавонони моро нисбати Ватан-Модар ифода менамоянд, бо чунин байтҳо оғоз меёбад:
Чун гияҳ дар боғи ту рустем, ҷоноҷон Ватан,
Субҳ рӯ дар шабнамат шустем, ҷоноҷон Ватан.
Сабз гардад то саропои ту, гӯё ҷӯйи дил
Бар биёбонҳои ту бастем, ҷоноҷон Ватан.
...Ҳамчу кӯҳи ту писарҳои назарболостем,
Мо писар не, гар назарпастем, ҷоноҷон Ватан!
Ҷанбаи иҷтимоии «Абрҳои гуҳарбор», «Мазҳари муҳаббат», «Зеби сухан», «Дӯст медорем» барин ғазалҳо то андозае қавӣ буда, қаҳрамони лирикӣ ҳамватанро талқин месозад тавре модарро дӯст медорад, бояд Модар-Ватанро азиз дорад, то дар ҳаёт сарбаланд ва растагор бошад, ба қадри ёру диёр бирасад. Дар «Дунёи ман», «Субҳи Ватан», «Китоби зери болин», «Саҷдагоҳ» барин сарводаҳо, ки низ дар тараннуми Ватан гуфта шудаанд, хонанда ба тасвирҳои дилнишину самимӣ, ба тозакориҳои эҷодии гӯянда, таркибҳои пурҷило, ки бори маънӣ ба дӯш доранд, дучор омада метавонад.
Яке аз шеърҳо «Қасидаи Ватан» унвон гирифта, аммо дар жанри анъанавии қасида навишта нашудааст. Мисраъҳо дарозу кӯтоҳ, вале дар шеъри нисбатан калонҳаҷмтаре, ки дар маҷмӯа ҷой гирифтааст, ҳамаи 84 мисраъ дар як қофияанд – мисраъе озод нест:
Ватан – пазмонии рӯҳи низори ман,
Ватан, эй шуълаи уммед бар чашмони чори ман.
Ватан – дилгумзании ин тани ҷонбеқарори ман,
Ватан, эй ҷони танҳомондаи чашминтизори ман!..
Маҷмӯаи дигари муаллиф «Манзараи Обишир» аз шеърҳо барои кӯдакон ва наврасон таркиб ёфтааст. Дар он манзараҳои нотакрори табиати диёр бо рангҳои дилкашу ҷилодор, ки ҳамранг бо орзуву омоли дунёи беғубори кӯдакист, ба қалам кашида шудаанд.
Сабзбаҳори дигар,
Гул ба сару гул ба бар,
Тозаву тар ин қадар,
Манзараи Обишир!
Обҷаҳи бошукӯҳ –
Шир фурояд зи кӯҳ,
Завқ физояд ба рӯҳ,
Шаршараи Обишир.
Муъҷизае ҷилвагар,
Ҳаст ба пеши назар,
Кард чу оҳу гузар,
Аз дараи Обишир.
Маҷмӯа, гумоне, бозгӯкунандаи таассуроти ботинии тифлест, ки ба Ватан, ба модару муаллим ва ба забони модарии худ меҳру муҳаббати пок ва самимӣ дорад.
Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик».