АМАЛИЁТИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ «4+2» ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДАИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мувофиқи таҷрибаҳои байналмилалӣ ва дар асоси банди 7-уми фармони Президент аз 11-уми майи соли 2022 «Дар бораи рушди таълими халқ дар солҳои 2022-2026» ва банди 2-юми қарори Президент «Чораҳои баланд бардоштани сифати таълими халқ ва инкишофи минбаъдаи мактабҳои олӣ, ки кадрҳои педагогиро омода менамояд», ҳоло дар муассисаҳои олии педагогии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо, донишҷӯёни курсҳои 2-4 вобаста ба барномаи «4+2» дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва миёнаи умумӣ амалиёти педагогии хешро

Агар гӯем, ки ислоҳоти соҳаи таълим – яке аз соҳаҳои долузарб дар маркази эътибори ҳукумат аст, муболиға намешавад. Солҳои охир қонуну қарорҳое, ки ба ислоҳу рушди сохтори таълими томактабӣ, мактабӣ ва олӣ нигаронида шудаанд, қабул ва ба амал татбиқ карда мешаванд.

Ҳар сол биноҳои нави таълимӣ бунёд меёбанд, мутахассисон зиёд шуда, китобҳои дарсӣ ва аёниятҳои таълимии замонавӣ рӯйи кор меоянд. Ба қарибӣ суҳбати роҳбари давлат бо вазири таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ Ҳ.Умароваро оиди корҳои баанҷомрасида ва нақшаҳои ояндаи соҳа шунидем.

Дар суҳбат қайд гардид, ки тӯли солҳои охир бо такя ба таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, миқдори муассисаҳои томактабӣ 8 баробар афзуда, ба 38 ҳазор адад расид, фарогирӣ бо таълими томактабӣ бошад, аз 25 то ба 76 фоиз боло рафт.

Фароҳам овардани шароит баҳри рушди ҳарҷонибаи зеҳнӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии бачаҳои синни томактабӣ, васеъ ҷорӣ намудани инноватсия, технологияи пешқадами педагогӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини ташкилотҳои таълими томактабӣ бо компутер давра ба давра амалӣ мегардад.

Соли равон зиёда аз 100 мактаби нав ба фаъолият оғоз намуда, 257 ҳазор нафар хонандаро фаро мегирад. Соли сипаригардида дар 1,5 ҳазор мактаби таълими умумӣ низоми нави баҳогузорӣ ҷорӣ гардид ва пешбинӣ мегардад, ки соли равон шумори чунин мактабҳо васеътар мегардад.

Ҳамаи ин саъю ҳаракатҳо, бешак, ба рушди таълими босифат хидмат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки таълими ибтидоӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини таълим маҳсуб мешавад. Омода кардани мутахассисони болаёқат ва эҷодкор дар ин соҳа аз мушкилоти рӯзмарраи муассисаҳои таълими олӣ ба шумор меравад. Яке аз самтҳои асосии омода кардани кадрҳои ботаҷриба ин таҷрибаомӯзии онҳо дар муассисаҳои таълими ҳамагонӣ мебошад. Дар сохтори таълими замони муосир таҷрибаандӯзии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ ва ба роҳ мондани амалиёти педагогии онҳо дар муассисаҳои таълими умумӣ ҷузъи ҷудонопазири раванди таълими олӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаомӯзии педагогӣ пеш аз ҳама ҳангоми таҳсил дар муассисаи олӣ дар баробари омӯхтани донишҳои назариявӣ, аз худ кардани малакаю маҳорати амалии касбӣ, яъне ба кори таълиму тарбия дар мактаб омода гардидан равона гаштааст. Аз ин ҷо, дар самти тайёрии касбии омӯзгорон, бахусус, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, таҷрибаомӯзии педагогӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Мувофиқи таҷрибаҳои байналмилалӣ ва дар асоси банди 7-уми фармони Президент аз 11-уми майи соли 2022 «Дар бораи рушди таълими халқ дар солҳои 2022-2026» ва банди 2-юми қарори Президент «Чораҳои баланд бардоштани сифати таълими халқ ва инкишофи минбаъдаи мактабҳои олӣ, ки кадрҳои педагогиро омода менамояд», ҳоло дар муассисаҳои олии педагогии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо, донишҷӯёни курсҳои 2-4 вобаста ба барномаи «4+2» дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва миёнаи умумӣ амалиёти педагогии хешро анҷом медиҳанд.

Дар ҷараёни амалиёти «4+2» мутахассисони оянда дониши назарии касбиро ба таври мустақилона дар раванди таълим тадбиқ намуда, ба таҷрибаи таълимдиҳӣ соҳиб мешаванд. Аз малака ва таҷрибаҳои муаллимони пешқадаму соҳибтаҷрибаи мактабҳо баҳраманд гашта, роҳҳои ба амал тадбиқ намудани технологияи нави педагогӣ ва методҳои интерфаъолро аз худ менамоянд. 

Таҷрибаомӯзӣ, ки он қадамҳои нахустини муаллими оянда дар роҳи татбиқи донишҳои назариявӣ ба амалиёт аст, аз донишҷӯи таҷрибаомӯз дониши мукаммал ва малакаву маҳорати баланди педагогиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ба донишҷӯи таҷрибаомӯз зарур аст, ки дар баробари мустаҳкам намудани донишу маҳорати худ, инчунин, бояд аз маслиҳату машварати методистон ва муаллимони соҳибтаҷриба самаранок истифода намояд, то маҳорати омӯзгории хешро сайқал диҳад.

Барои самарабахш баргузор гардидани таҷрибаи педагогӣ ба донишҷӯ лозим аст, ки аз васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию технологияҳои нави омӯзгорӣ, ки ба мавзӯи дарс вобаста аст, огоҳ бошад, аз онҳо ҳангоми амалиёт дар дарсҳо истифода барад.

Маврид ба зикр аст, ки таҷрибаомӯзии педагогии «4+2» дар мутобиқшавии омӯзгорони оянда, бахусус муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба кори таълиму тарбияи насли наврас, ба фаъолияти педагогии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Зеро маҳз дар амалиёти педагогӣ донишҷӯ бо фаъолияти омӯзгорӣ шинос гардида, тадриҷан маҳорати педагогии худро сайқал медиҳад, кору муносибат, муошират ва муомила бо ҷамоаи хонандагон ва роҳу усулҳои фаъолияти педагогиро амалан аз бар менамояд.

Донишҷӯёни таҷрибаомӯзро лозим аст, ки ҳангоми амалиёти таҷрибаомӯзӣ бо масъулияти баланд иштирок намуда, сари вақт аз асрори касби омӯзгорӣ хабардор бошанд, усулу методҳои наву интерфаъолро омӯзанд, то дар оянда дар раванди фаъолияти касбиашон ба мушкилиҳо рӯбарӯ нагарданд.

Ф. ШОДИЕВ, мудири кафедраи таълими ибтидоии Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия.

Н. ҚАЮМОВ, дотсенти кафедраи таълими ибтидоии Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: