Чунин иброз дошт санъаткори номии Эрон Куруши Меҳрубон, ки дар «моҳи асал»-и хеш ба кишвари мо меҳмон буд.
– Саёҳати мо аз Бухорои шариф оғоз ёфт. Бо роҳбаладии марди ҳунарманду меҳмоннавоз, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон ва форсҳои Бухоро Абдурауф Авазов ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои вилоятро тамошо ва бо санъаткорони Бухоро суҳбатҳои дилнишину самимӣ кардем.
Боздид аз мақбараи Сомониён хушоянд буд. Камина аз тамошои он ба ваҷд омада, беихтиёр суруди «Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме»-ро бо ҳамсарам Гулнози Халилӣ, ки низ дар торнавозӣ балад аст, иҷро намудам. Дар як нафас мизбонон ва хеле сайёҳони хориҷӣ низ ҷамъ омада, кафкӯбӣ карданд.
Мақбараи Сомониён, ки воқеан давлати калону паҳноваре бунёд карданд, ҳеҷ як ҳамтабору ҳамзабони моро бефарқ намегузорад. Исмоили Сомонӣ боиси ифтихори мост.
Аммо барҳақ Самарқанд Сайқали рӯйи Замин аст. Ман инро баъди ба шаҳри шумо омадан бори дигар дарк намудам. Беҳуда, «Шунидан кай бувад монанди дидан» нагуфтаанд. Барои тасвири эҳсосоти банда қалам оҷиз аст. Дар зодгоҳам – шаҳри Теҳрон нисбати Самарқанд бисёр хонда ва тавассути «оинаи нилгун» дидаву ошно будам, вале бо чашми сар дидан дигар аст. Бинобар ҳамин хеле хушҳол ҳастам, ки баъди издивоҷ бо арӯсам Гулноз Халилӣ «моҳи асал»-и хешро дар гаҳвораи тамаддуни Шарқ – Самарқанд мегузаронам.
Вақте ба майдони Регистон қадам мезадам, вуҷудамро эҳсоси хуше фаро гирифта, чанд лаҳза аз ёдгориҳои таърихӣ мутаассир шудам. Дар мадрасаи Мирзо Улуғбек шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон таҳсил гирифтаанд.
Роҳбаладонамон ба ҳар як пурсишамон посух ва маълумоти шавқангез дода, моро ба ҳайрат мегузоштанд.
Камина дар дафтари хотирот қайдҳо кардам, ки баъди бозгашт ба зодгоҳ шеъру ғазалҳои худро менависам ва чун суруд иҷро мекунам.
Ба маълумоти шумо бояд расонам, ки муаллифи чор баёз, роҳбари дастаи ҳунарии «Пойкуб» ҳастам.
– Оғои Куруш, дилбастагии шумо ба санъат аз куҷост?
– Санъат як қисми таркибии маданияти маънавии инсоният аст.
Дар оилаи мо ҳама шефтаи санъат буданд. Шахсан ман аз айёми бачагӣ бо тақлид ба ҳофизону мутрибон суруд хонда, ба ин ҳунар дил бастаам. Бо гузашти айём аз нобиғагони санъати Эрон Судейф Рамбуд, шогирди Шаҷариён оғои Музаффари Шафеъӣ ва дигар устодони санъат сабақ гирифтаам.
– Нақшаҳои ояндаи шумо?
– Дар Маркази фарҳангии эрониёни шаҳри Самарқанд бо Равшан Паҳлавон суҳбат доштам, аҳду паймон бастем, ки соли дигар дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар маҳаллаи Панҷоб барномаи консертӣ ташкил кунем. Боз бо ҳофизону мутрибони Ӯзбекистон баргузор кардани тадбири муштараки фарҳангиро ба нақша гирифтем.
Баъди Самарқанд ба шаҳри Тошканд парвоз мекунем.
– Таманнои шумо ба ҳаводорони рӯзномаи «Овози тоҷик»?
– Эшонро бо фаро расидани Соли нави милодӣ самимона табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандем. Бигузор, дӯстии Ӯзбекистон ва Эрон поянда бошад!
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.