ГАНҶУ ЗАР ПЕШИ ҲУНАР ЧИЗЕ НЕСТ

Ҳунар сармояе, ки онро бо ягон чиз иваз кардан мумкин нест.

Ҳунар ба инсон бузургӣ бахшида, мартабаи ӯро зиёдтар мегардонад. Ҳунарманд ҳар як дақиқаи умрашро бесамар намегузаронад. Лаҳзае бекор намемонад.

Чустиёнро аз қадимулайём ҳунарманд гуфта эътироф мекунанд. Мардҳо асосан бо кордсозӣ, дуредгарию сандуқсозӣ, тунукасозиву гаҳворасозӣ, занону духтарон бошанд, бо зардӯзиву тоқидӯзӣ машғуланд.

– Замони технология, замони аҷибе омад, – мегӯяд Замирамомои 85-сола. – Ҳар як асбобу анҷоме, ки дар рӯзгор истифода мебарем, бо ёрии техника тайёр мешавад. Ин хуб аст, лекин кадом анҷоме, ки дастӣ сохта мешавад, он боқадртар  мебошад. Боз як тарафи нағзаш ин аст, ки бо ин усул фарзандонро бекор намононда, бо меҳнат тарбия мекунем. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро писанд накарда, ҳунар меомӯзанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст». Мо аз хурдӣ дар паҳлӯи модарону модаркалонамон нишаста тоқӣ медӯхтем. Ба рӯи матоъи нақшҳои гуногун мекашиданд ва ба ҳар яки он бо нӯги сӯзан захм мезадему медӯхтем. Баъди тайёр шудани тоқӣ ҳамроҳи модар ё ки модаркалонамон ба бозор бароварда мефурӯхтем. Он вақт ин тавр тараққиёт набуд. Ба фикрам, сол аз сол ба ин ҳунар эътибор кам шуд. Пештара барин ҷавонони ҳозира тоқӣ надӯхта монданд. Дар сари мардҳо тоқиеро, ки бо воситаи компутер тайёр шудааст, дидан мумкин. 

Дарҳақиқат, Замирамомо ҳақ гуфтанду рост. Занони чустӣ бо тоқидӯзӣ машғул буданд. Солҳои охир ба ин ҳунар эътибор суст шуд. Дар бозорҳо ҳоло тоқиҳоро барои домодону мардҳои калонсол харид мекунанду бас.

Ҳунар инсонро ба камолот мерасонад, зиндагиашро зебоӣ мебахшад.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст.

Шоҳида ДАМИНОВА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: