ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ АЗ НИГОҲИ БУЗУРГОН

Солҳои охир ба ҷараёни таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳо дар кишварамон эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин бора чандин қарору фармоишҳои ҳукумат ба имзо расиданд.

Ислоҳоти дар тамоми соҳаҳо амалишударо бе ғояҳои нав, дониши баланди замонавӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба дониши мукаммал соҳиб будани муаллимони замонавӣ асоси тараққиёт дониста мешавад.

Тарбия намудани шахс фаъолият ва ҷараёни ниҳоят мураккаби педагогӣ буда, аз қадимулайём диққати шахсони бузургро ба худ ҷалб намудааст. Алломаҳои бузург дар асарҳои худ оиди нозукии касби мударрисон, масъулиятнок ва бошараф будани касби омӯзгорӣ  фикру мулоҳизаҳои худро ифода намудаанд. Барои тайёр намудани кадрҳои педагогӣ: омӯзгорону мураббиён ва такмили маҳорати онҳо асарҳои намояндагони давраи бузурги Эҳё Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон манбаи муҳим мебошад. Онҳо аз насл ба насл гузашта, қимати худро гум накардаанд ва дастуруламали нодир ба ҳисоб мераванд.

Абӯнасри Форобӣ барои рушди маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ ҳиссаи калон гузоштааст. Ӯ фанҳои арифметика, геометрия, астрономия ва мусиқиро аз фанҳои муҳими таълиму тарбия шуморидааст. Аз ҷумла, аллома таъкид кардааст, ки муаллимони ин фанҳо бояд соҳиби дониши мукаммал ва таҷриба бошанд. Ба кӯдакон барои дарки атроф, ҳодисаҳо маълумот дода тавонанд. Барои тарбия ва илмомӯзии шогирдон устод набояд бисёр сахтгир ва ё аз ҳад зиёд меҳрубон бошад.  Саъдии Шерозӣ дар асари машҳури худ «Гулистон» мударрисони замони худро ба гурӯҳҳо ҷудо карда навиштааст: «Аз муаллимони сахтгир, зиштрӯй, соҳиби хулқи бад табъи шогирдон тира мешавад ва аз онҳо тарбия ва дониш гирифта наметавонанд. Боз як гурӯҳ муаллимон ҳастанд, ки сода, хеле мулоимтабиатанд. Одоби фариштасифат ва меҳрубонии онҳоро дида, хонандагон машғули бозиву хархаша гашта, илм азхуд намекунанд»:

Устоду муаллим чу бувад беозор,

Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.

Шайх Саъдӣ дар кори тарбия ва таълим муаллимони сахтгирро афзал шуморидааст: «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».

Мутафаккири маъруф Абӯрайҳони Берунӣ ба рушди  илмҳои табиӣ, фанҳои иҷтимоӣ ҳиссаи калон гузоштааст. Дар асарҳояш оиди педагогика ва рӯҳшиносӣ мулоҳизаҳои маърифатӣ-дидактикиро баён кардааст. Ободии мамлакатро аз равнақ ёфтани илм ҳисобида, ба мударрисон вобаста будани бахту саодати ҷавононро таъкид намудааст.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар асари худ «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» чунин навиштааст: «Мураббӣ ҳангоми таълим додан ба хонанда ба қоидаҳои одоб, лутф, насиҳат риоя бояд намояд. Дар ҷойҳои ҷамоатӣ ба шогирд панду насиҳат гуфтан намезебад, он амалро дар ҷойи хилват  гуфтан зарур аст».  

Аз фикру андешаҳои  алломаҳои бузург чунин хулоса бармеояд, ки касби омӯзгорӣ дар худ фазилатҳои беҳтаринро таҷассум менамояд. Ҳар як писар ва духтари ҷавон, ки касби омӯзгориро пешаи худ интихоб мекунад, бояд истеъдоди ҳаматарафаи худро ба ин касб равона карда тавонад. Педагоги машҳури рус А. Макаренко ба кори таълиму тарбия муҳим будани шахсони қобилиятнокро таъкид намуда гуфтааст: «Ба ҷамъият на 40 муаллими беқобилият,  балки 4 муаллими қобилиятнок кифоя аст».

Муаллим ҳамчун «муҳандиси қалби хонанда» аз ҳар ҷиҳат ба шогирдонаш намунаи ибрат бояд бошад. Зеро талаба ба роҳгардӣ, либоспӯшӣ, суханронии устодаш тақлид мекунад.

Муаллим бояд соҳиби маданияти нутқ бошад. Нутқаш равон ва фаҳмо бошад, дар ҷараёни таълим бо забони адабӣ гап занад, аз нутқи шевагӣ даст кашад. Суханҳои пурҳикмат, ибора ва мақолҳои халқиро дар мавридаш истифода бурда тавонад. Ҳангоми мулоқот бо хонандагону падару модарон фикри худро аниқ баён кунад. Нутқ ва суханони омӯзгор ба болоравии дониши хонандагон таъсири худро гузорад.

Имрӯз  ахбори коммуникатсионӣ ривоҷ ёфта бошад ҳам,  таълиму тарбия ба маҳорату дониши омӯзгор вобаста аст.

Зарифа Кабирова,

муаллими кафедраи педагогикаи умумии ДДОЧ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: