Чанде муқаддам омӯзгори меҳрубон ва устоди садҳо шогирдон Ёқубҷон Зарифов ба Ҳақ пайваст. Марги вай барои пайвандон, дӯстон ва шогирдон хеле ногаҳонӣ буд, зеро бо вуҷуди расидан ба таги ҳаштод ҳанӯз бардам ва солиму чолок менамуд.
Вай аз зумраи ҳамон зиёиёни чаҳор даҳсолаи охири қарни гузашта маҳсуб меёфт, ки ҳар вазифаи бар дӯш доштаашро бо масъулияти том ва эҳсоси баланд ба ҷо меовард, ба боварии умум сазовор мегардид. Ин гуфтаҳо ба он маънист, ки солҳои дароз дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 14 ба номи Лоҳутӣ аз фанҳои кимёву биология сабақ дод.
Баъд дар вазифаҳои мудирии мактаб босамар фаъолият намуд. Дар хоҷагии ҷамоавии «Ҳушёр» солҳои дароз кор кард.
Солҳои мактабхонӣ роҳбари синфи мо буд. Вай ба мо бо лаҳни нарму бародарвор суҳбат мекард, ҳамроҳамон гоҳ-гоҳ ба сайругашт мебаромад, ба дили падару модари ҳамсинфонам, ки бо сабабҳои гуногун ба дарс намеомаданд, бо назокати хос роҳ меёфт ва ба он ноил мегардид, ки давомоти синфи мо ҳамеша дар мактаб намунавӣ бошад.
Бо гузашти айём борҳо дар кӯчаву маросимҳои деҳ бо устодам вомехӯрдам, аз аҳволаш пурсон мешудам. Ҳувайдо буд, ки вай низ аз ин дидор шоду масрур ва бидуни он ки бо баҳонае мулоқотамонро қатъ кунад, бо фурӯтанӣ ва таҳаммул аз кору зиндагиам дар шаҳр мепурсид, лозим шавад, машварат медод, ки бароям рӯзе корбаст мегардид.
Баъди 20 соли хатми мактаб мо барои устодонамон зиёфат ташкил кардем. Даъвати моро аксарияти устодон бо хушҳолӣ пазируфтанд. Тешабой Одилови қаҳрамон, Оча Исломова, Раҳбаралӣ Эранов, Намирадхон ва Мираброр Аҳроровҳо, Сироҷиддин Азизов, Зоҳидҷон Одилов, Рустамбек Аҳмадбеков, Шарофиддин Сайфиддинов, Маҳмудҷон Ҳайдаров, Сироҷиддин Шукуров, Мухторалӣ Норматов, Ҷавҳаралӣ Акбаров, Тӯхтасин Маҳкамов бо ширкати худ ин чорабинии моро шукӯҳ ва шаҳомат бахшиданд. Аммо устод Зарифов ба далели даргузашти нобаҳангоми духтари бародараш натавонист ҳамчун роҳбари синф ширкат кунад.
Дарвоқеъ, он солҳо дастгоҳи наворбардорӣ хеле чизи ноёб буд. Як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сӯх ба номи Руслан, ки дар Олмон ба ҳайси афсар хидмат кардааст, соҳиби чунин дастгоҳ буд ва бо хоҳиши мо ин чорабиниро пурра ба навор бардошт. Ҳоло ин наворро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медорем. Ин бесабаб нест. Ҳамаи устодоне, ки зикрашон дар боло рафт, кайҳо бо ҳаёт падруд гуфтаанд. Барои ҳамин навор барои аъзои хонаводаҳои онҳо ҳамчун як чизи нодир нигоҳ дошта мешавад.
Боре дар деҳа бо ҳамсинфон нишасте барпо кардем. Аз гап-гап баромаду баровардани қусури ҳамон чорабинӣ матраҳ гардид. Тасмим гирифтем, ки ин корро фасли баҳор дар ягон ҷойи сарсабзу хуррам бо ширкати устод Зарифов роҳандозӣ хоҳем кард. Сонӣ аз солҳои мактабхонӣ ёдовар мешавем, хотираҳои устодро аз солҳои аввали кор дар мактаб мешунавем ва аз вай низ барои таълиму тарбияе, ки додааст, ибрози сипос менамоем. Мутаассифона, ин нақшаамон барбод рафт, зеро марг пешдастӣ намуд ва ӯро ногаҳон аз мо барои ҳамеша рабуд.
Солҳои кору фаъолият дар мактаб вай гоҳ-гоҳ ба ҳавлии мо меомад ва аз модарам, ки директори мактаб буд, дар ин ё он бора машварат мепурсид. Аз он, ки падару модарам барояш ҳаққи устодӣ доштанд, аз онҳо ҳамеша бо муҳаббату садоқат ёдовар мешуд. Мегуфт, ки вақти мактабхонӣ онҳо ва устодони дигар барояш роҳи дуруст нишон додаанд ва бо тавсияи онҳо шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Фарғона шуд. Иттифоқ афтод, ки баъди хатми донишкада дубора ба деҳ баргардад ва дар паҳлӯи устодон машғул ба кори омӯзгорӣ шавад.
– Бо ифтихор мегӯям, ки падар ва модари шодравонат ба ман мисли фарзанди худ муносибат мекарданд. Аммо баъзан машғули говчаронӣ шуда аз дарсҳо ақиб мемондам ё ба дарс ҳозир намешудам. Баъд сахт танбеҳ мешунидам. Оҳиста ба дарки ин маънӣ расидам, ки устодонам чӣ қадар инсонҳои шарифу меҳрубон будаанд ва мехостанд, ки ман роҳи дурусти ҳаётро интихоб кунам ва сазовори касбу кори хуб шавам, – гуфта буд устод Зарифови шодравон.
Ёдам расид, ки чанде муқаддам дар яке аз вохӯриҳо вай аз зиндагии сахти охири солҳои 60-ум ва аввали 70-уми қарни гузашта ёдовар шуд. Баъд афзуд, ки аксарияти мардум ҳанӯз зиндагии хуб надоштанд. Онҳо дар кори саҳро шабу рӯз меҳнат мекарданд ва маҷбур мешуданд, ки ба маоши хеле ночиз қаноат кунанд. Баъд иқтисодиёти мамлакат оҳиста рӯ ба барқарорӣ овард, зиндагии одамон беш аз пеш беҳтар гардид.
– Модарам – Фотимахон, баъди фавти падарам, ману се бародар ва ҳамшираам Ҳанифахонро бо заҳмати зиёд калон кардааст. Худ нахӯрдаву моро хӯронда, худ напӯшидаву моро пӯшонидааст. Бародарам Айюбҷон шахси андак маълул бошад ҳам, омӯзишгоҳи тиббии Қӯқандро тамом кард ва то дами вопасин дар хидмати мардум шуд. Ҳама соҳиби касбу кор ва зиндагии ороми худ шудем. Мебоист аз дидани чунин зиндагии ободу фаровони мо модар ифтихор кунад ва даври пирӣ ронад, аммо чашм аз олами ҳастӣ пӯшид ва дар қаъри дили мо армон гузошту рафт. Ҳоло атрофам аз фарзандону наберагон пур аст, вале худро гоҳ-гоҳ танҳо ҳис мекунам. Мехоҳам, ки модарам дар канорамон бошад ва ҳарчанд синнам боло рафтааст, сар болои зонуҳояш монаму вай маро мисли кӯдак навозиш кунад, – мегуфт бо таассуф ва армон устод Зарифов.
Вай соҳиби панҷ фарзанди хубу гапдаро буд. Писаронаш – Муқаддам ва Абдуманноб Донишгоҳи политехникиро дар риштаҳои барқу нафт хатм кардаанд. Зафар баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Самарқанд дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 14 машғули омӯзгорӣ мебошад. Духтараш Ҳумайро омӯзишгоҳи тиббии Конибодомро хатм кардааст ва ҳоло ба дарди беморон дармон мебахшад. Фарзанди кенҷа Хуршед ба касби соҳибкорӣ рӯй овардааст.
Вай то дами нафақа вазифаи раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳаи «Ҳушёр»-ро сарбаландона иҷро кардааст. Аз панҷ фарзанд бо завҷааш Ҳаҷиятхони шодравон соҳиби набераву абераҳо шудаанд.
– Ёқубҷон Зарифов ба нафақа баромада, мисли аксари ҳамтоёни худ гӯшанишинӣ ихтиёр накардааст. Вай аввал якҷо бо роҳбари хоҷагии фермерӣ Усмонҷон Ашӯров дар сохтану қомат афрохтани гунбази мақбараи қабристони Хоҷаи қулфу занҷиркушо аз нигоҳи молӣ саҳм гирифтааст. Сонӣ ба масъалаи ба оби ошомиданӣ таъмин кардани сокинони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Ҳушёр, Себзор ва Қақир машғул шудааст. Аз ҳисоби маблағи худ борҳо ба шаҳри Тошканд сафар карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои марбута аризаву муроҷиатҳои дастаҷамъии мардуми ин се ҷамоатро расонидааст. Боз талош намудааст, ки ин аризаву муроҷиатҳо натиҷаи пурсамар ба бор оваранд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Себзор Абдулазиз Абдуҷабборов. – Бо талошҳои бевоситаи Зарифов солҳои 2005–2011 дар стансияи насосҳои обкашии барқӣ реконструксияи генераторҳои стансияҳои марҳилаҳои якуму дуюми обкашӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷа ҳудуди 550-600 гектар киштазорҳои хоҷагиҳои фермерӣ ва участкаҳои наздиҳавлигии беш аз 8 ҳазор аҳолии се ҷамоат ба об таъмин гардид. Гузашта аз ин, бо талошҳои ин марди мардумдӯст ва саховатпеша аз анбори Садорати стансияҳои насоси обкашии вилоят генераторҳои нав ба ҷои даркорӣ интиқол дода шуданд.
Ба таъкиди Абдулазиз Абдуҷабборов хидматҳои шоёни омӯзгори собиқадор Ёқубҷон Зарифовро мардум хеле хуб медонанд ва ҳамеша дар ҳаққаш дуои нек мефиристанд. Ёқубҷон Зарифов ба унвони «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», инчунин якчанд нишонҳои дигар ва ифтихорномаҳо сазовор гардидааст.
– Бо чунин падар ҳамаи мо, фарзандон ифтихор мекунем. Агар умри вай боқӣ мебуд, боз даст ба чанд кори нек мезад, – мегӯяд пайрави падар Зафар Зарифови омӯзгор.
Хоҷа Ҳофиз бо назардошти чунин инсонҳо фармудааст:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Мирасрор АҲРОРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.