ГУФТАНД, ГУФТЕМ, БОЗ МЕГӮЯНД: БО УМЕДИ НАКӮ...

Саволи охирине, ки таҳририяти рӯзнома дар хати расмӣ ба Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ (аз 5 ноябри соли 2024, №88) ба миён гузошта буд, чунин мазмун дошт: «То ҳол бобати бо маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ (дар забони модарии онҳо) таъмин кардани ташкилотҳои таълими томактабии мамлакат, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият пеш мебаранд, чӣ гуна корҳо амалӣ гардиданд?»

Роҷеъ ба ин масъала дар мақолаҳо таҳти мавзӯъҳои «Таълим дар кӯдакистонҳо бо чанд забон аст?» (№100, «Овози тоҷик», 14 декабри соли 2024), «Масъулони вазорат дуруст мегӯянд ё садорат?» (№102, «Овози тоҷик», 21 декабри соли 2024), «Ангушти ҳайрат мегазем» (№103, «Овози тоҷик», 25 декабри соли 2024) ва «Забони таълиму тарбия дар кӯдакистон: мушкилот дар чист?» (№104, «Овози тоҷик», 28 декабри соли 2024) низ дар мисоли кӯдакистонҳо ишора карда шуд. Таъкидан гуфтем, ки «бобати инкишофи нутқ, ташаккули шахсият, рушди маънавият, ҷаҳонбинии кӯдакон, таъмини онҳо бо маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ бо забони модарияшон низ муҳим мебошад».   

Дар номае, ки тибқи дархости таҳририят аз номи ҷонишини вазири Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Ф.Боқиев таҳти рақами 04-22-3777 (аз 25 ноябри соли 2024) дастрас гардид, масъулон ба ин саволи мо кӯтоҳакак чунин ҷавоб додаанд: «Имрӯз ташкилотҳои таълими томактабӣ бо дастурҳои таълимӣ-услубӣ, маводи дидактикӣ, адабиётҳои бадеӣ бо забонҳои ӯзбекӣ, қароқалпоқӣ ва русӣ таъмин гардидаанд».

Дар бораи таъминоти тарбиядиҳандагони гурӯҳҳои миллӣ (қазоқӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва ғ.) бо маводи таълимиву методӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеӣ дар забони модариашон ё нақшаҳои вазорат дар ин самт маълумоте нест.

Дар хати расмии ҷонишини вазири Вазорати таълими томактабӣ У.Бегимқулов аз 17 октябри соли 2022 таҳти рақами 03-03/2-2763 (ҳоло фаъолияти ин вазорат қатъ гардида, ташкилотҳои сохтори ташкилии он дар ихтиёри Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ аст), ки дар даст дорем, роҷеъ ба ин масъала чунин маълумот зикр шудааст: «Аз маводи дидактикие, ки ба ташкилотҳои давлатии таълими томактабӣ дастрас шудаанд, дар раванди таълиму тарбия дар гурӯҳҳое, ки бо забонҳои бародарӣ фаъолият мебаранд, истифода намудан мумкин аст. Инчунин, дар соли таҳсили 2023-2024 ба забонҳои бародарӣ тарҷума кардани материалҳои мавҷудаи таълимӣ-услубӣ, ки аз ҷониби вазорат таҳия гардидаанд, ба нақша гирифта шудааст».

Ба ҳар ҳол Вазорати таълими томактабӣ ваъдаҳои дилгармкунанда дода буд, аммо Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ чунин посух додааст, ки мазмуни «худат ёбу гир»-ро медиҳад.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо масъалаи такмилдиҳии низоми таълими томактабӣ, тавсеаи шабакаи давлатӣ ва ғайридавлатии кӯдакистонҳо, таъмини онҳо бо кадрҳои ботаҷрибаи педагогӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Дар ин замина ба масъалаи мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии боғчаҳои бачагона ва афзунсозии фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Инчунин, беҳсозии сифати таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо, роҳандозии барномаҳои таълимиву технологияҳои замонавӣ дар ин раванд аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Дар маълумоте, ки чанде пеш ба сарвари давлат аз ҷониби Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ тақдим гардид, маҳз ба чунин масъалаҳо диққат дода шудааст. Дар он дар бораи вазифаҳои афзалиятноки низоми таълими томактабӣ ва мактабӣ дар соли 2025 сухан рафта, таъкид гардидааст, ки «соли оянда бунёди 162 муассисаи таълими томактабӣ, сохтани 100 кӯдакистони хусусӣ ва 1000-то боғчаи бачагонаи оилавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки имкон медиҳад фарогирӣ бо таълими томактабӣ ба 78 фоиз расонида шавад».

Дар ҳоле, ки фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ торафт меафзояд, шароити зарурӣ ва сифати таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо беҳтар мегардад ва ин масъалаҳо мавриди таваҷҷуҳи доимии ҳукумат қарор доранд, чаро масъулон бобати таъмини ташкилотҳои таълими томактабӣ бо маводи зарурии таълимиву тарбиявӣ саҳлангорӣ мекунанд? Чӣ боис шуд, ки онҳо аз иқдоми накӯ, яъне ба забонҳои бародарӣ тарҷума кардани материалҳои мавҷудаи таълимӣ-услубӣ, ки пештар гуфта буданд, даст кашиданд? Ё бо қатъ гардидани фаъолияти Вазорати таълими томактабӣ ин нақшаҳо ҳам аз байн рафтанд?

Дар моддаи 10-уми Қонун «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ваколатҳои Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар гардидааст. Тибқи ин модда ба таъмини ташкилотҳои давлатии таълими томактабӣ бо маводи таълимию методӣ, дидактикӣ, адабиёти бадеӣ, бозӣ ва бозичаҳои таълимӣ, инчунин муҷаҳҳаз ва таҳкими пойгоҳи моддию техникии онҳо вазорат масъул мебошад.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки соҳаи таълими томактабӣ зинаи муҳими системаи таълим ба ҳисоб меравад. Тавре гуфтем, маҳз дар ин зина кӯдак аз лиҳози зеҳнӣ, маънавию эстетикӣ, ҷисмонӣ рушд мекунад ва барои таҳсил дар мактаб омода мегардад. Яъне пойдевори асосӣ дар кӯдакистонҳо гузошта мешавад.

Дар ин бора мутахассисони соҳа, намояндагони ҷамъиятӣ, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ борҳо тариқи расонаҳо баромад кардаанд. Мухбирони рӯзномаи мо низ чандин мақолаи таҳлиливу танқидиро навиштаанд. Дар мақолаҳои фавқуззикр ҳам то чӣ ҳад муҳим будани таълими томактабиро бо мисолҳо фаҳмондем. Аҷаб нест, ки дар оянда низ боз ба ин мавзӯъ баргардем. Яъне гуфтанд, гуфтем ва бо умеди накӯ боз хоҳем гуфт.

Бо умеде, ки иҷрои супоришоту талаботи Сарвари давлатро, ки дар назди масъулони соҳа гузоштаанд, таъмин намоем.

Бо умеде, ки масъулони Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ин ҳама мушкилоти ташкилотҳои таълими томактабиро ҳаллу фасл намоянд ва сифати таълиму тарбияро беҳтар созанд.

Бо умеде, ки тарбиягирандагон маводи таълимӣ-услубӣ, дидактикӣ ва адабиёти бадеиро бо забони модарии худ дастрас намуда, аз онҳо самаранок истифода баранд ва ба зинаи мактабӣ ҳамаҷониба омода шаванд.

Бо умеде, ки дар кӯдакистон таълиму тарбияи хуб гирифта, дар мактаб бо баҳои аъло хонанд. Дар ҷодаи илму фан ба комёбиҳо ноил гардида, баҳри рушди мамлакат саҳми шоиста гузоранд ва парчамбардори Ватани маҳбуб шаванд.

Чунки ҳеҷ ягон соҳа бидуни тарбияи кадрҳои заковатманду ботаҷриба, наметавонад ба ягон дигаргунӣ, ба ҳаёти фаровон ва ояндаи дурахшон ноил шавад. Омодасозии чунин кадрҳои боистеъдод, генофонди солими миллат бошад, пеш аз ҳама аз низоми таълими томактабӣ сар мешавад.

Бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: