Мақолаҳои «Таълим дар кӯдакистон бо чанд забон аст?» («Овози тоҷик», №100, 14 декабри соли 2024) ва «Масъулони вазорат дуруст мегӯянд ё садорат?» («Овози тоҷик», №102, 21 декабри соли 2024)-ро хонда, ҳайратам афзуд.
Ман, ки дар вилояти Навоӣ зиндагӣ дорам, бо вазъи муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ошноӣ дорам. Ва аз вазъи муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабии деҳоти тоҷикнишини вилояти Ҷиззах, ки дар ҳамсоягӣ бо мо қарор доранд, огоҳӣ дорам. Чанде пеш ба чанде аз деҳоти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах рафта, бо ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии минтақа шинос шудам.
«Аз рӯйи маълумоти вазорат дар вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ мутаносибан 1724 ва 1462 кӯдакистон фаъолият намуда, дар вилояти Ҷиззах 93209 нафар дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ, 5765 нафар дар гурӯҳҳои русӣ, 30 нафар дар гурӯҳҳои тоҷикӣ, дар вилояти Навоӣ бошад, 67317 нафар дар гурӯҳҳои ӯзбекӣ, 3379 нафар дар гурӯҳҳои русӣ ва 60 нафар дар гурӯҳҳои қирғизӣ таълиму тарбияи томактабиро мегиранд. Дар ду вилоят 2816 нафар бо дигар забонҳо асрори илму ахлоқ мегиранд» («Овози тоҷик», 21 декабри соли 2024).
Бино ба маълумоти ҷонишини сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Навоӣ Муҳиддин Қушоков раванди таълиму тарбия дар кӯдакистонҳои вилояти Навоӣ бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қазоқӣ роҳандозӣ шудааст. Пас дар вилояти Ҷиззах ҷамъ 30 нафар кӯдакон дар кӯдакистонҳо таълим гирифта, дар вилояти Навоӣ гурӯҳе ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад?!
Дар вилояти Ҷиззах бошад, раванди таълиму тарбия бо ду забон – ӯзбекӣ ва русӣ роҳандозӣ шудааст, – маълумот додааст сарвари шуъбаи ҳамоҳангсозии ташкилотҳои таълими томактабии Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Наргиза Муродова.
Мантиқӣ сарлавҳагузорӣ шудааст ба мақола: «Масъулони вазорат дуруст мегӯянд ё садорат?» Маълумотҳои пешниҳодкардаи масъулини ҳар ду муассиса ба ҳақиқат рост намеояд.
Аввалан, то ҷое, ки ман медонам, дар вилояти Навоӣ маҳалле нест, ки қирғизҳо дастҷамъона зиндагӣ кунанд ва ё муассисаи таълими томактабӣ ва мактабӣ ба ин забон вуҷуд дошта бошад. Зиёданд маҳаллаву шаҳрҳое (аҳолии шаҳрҳои Нуратову Ғозғон асосан тоҷикзабон мебошанд), ки қазоқону тоҷикон дастҷамъона будубош доранд.
Дувум, маълумотҳои вазорату садорат бо ҳам мувофиқат надоранд, ҳол он ки маълумоти вазорат дар заминаи ҳисоботи садорат омода карда мешавад. Пас маълумотҳои оморӣ нодуруст пешкаш карда мешавад. Сониян, дар деҳаҳои Эҷ ва Синтаби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ду кӯдакистон фаъолият дорад, ки кӯдакон ба забони модариашон – тоҷикӣ таълиму тарбия мегиранд. Дар муассисаи давлатии таълими томактабии деҳаи Эҷ, ки дар бинои хеле қашанги замонавии таъмин бо таҷҳизоти нав ҷойгир аст, 75 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. Дар кӯдакистони ғайридавлатии «Гули бодом»-и деҳаи Синтаб 20 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд.
Дар деҳаи Моҷарми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах муассисаи давлатии таълими томактабии шумораи 20, ки дар бинои дуошёна маскан дорад, дар 4 гурӯҳ 100 нафар кӯдаконро фаро гирифтааст. Дар кӯдакистони шумораи 8-уми деҳаи Ӯхм 60 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд.
Ноҷӯриҳо дар ҳисоботи оморӣ ба кори таълиму тарбия таъсири манфӣ дорад. Зеро имрӯз дастбакорони ҳамаи кӯдакистонҳо аз набудани маводи таълимӣ – услубӣ, дидактикӣ ва услубӣ ба забони таълим шикоят доранд. Ва ҳамин омил аст, ки бисёриҳо фарзандонашонро ба муассисаҳои таълими томактабии забони дигар месупоранд. Вақте ки дар маълумотномаҳои оморӣ теъдоди таълиму тарбиягирандагони муассисаҳои таълими томактабии забонҳои миллӣ ғалат ва ё умуман қайд карда намешавад, болонишинон аз куҷо донанд, ки ба забонҳои миллӣ муассисаҳои таълимӣ вуҷуд дорад. Пас ба ин забонҳо маводи таълимӣ – услубӣ, дидактикӣ ва асарҳои бадеӣ барои кӯдакон табъу нашр намеёбанд. Камина даҳҳо варианти электронии китобҳои бачагонаро мувофиқи синну сол ба муассисаҳои таълими томактабии шумораи 17-уми ноҳияи Нурато ва 20-уми ноҳияи Фориш дастрас намудаам.
Мақолаҳои номбурдаи «Овози тоҷик» номутаносибии кори садоратҳои вилоятӣ ва Вазорати таълими томактабӣ ва мактабиро баррасӣ намуда, нуқсонҳои муассисаҳоро ошкор намуд. Ин ҳама ба манфиати кор аст. Ислоҳоти ояндасози кишвар ҳаминро тақозо дорад. Умед дорем, ки дигарон низ доири ин масоил аз ҳудуди худ маълумотҳои дақиқ пешниҳод мекунанд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН, мухбири «Овози тоҷик».