Метапневмовирус: бемории «нав»-и дар Ӯзбекистон низ муайяншуда то чӣ андоза хавфнок аст?

Дар рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО дар бораи паҳншавии сирояти метапневмовирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ва нисбат ба «COVID-19» хатарнок будани он хабарҳо паҳн гардид.

Сардори Раёсати оромии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятӣ Рустам Икромов дар бораи ин ҳолат шарҳи худро дод.

Мутахассис қайд кард, ки метапневмовирус сирояти қаблан маълум буда, соли 2001 кашф шудааст. Метапневмовирус асосан аз тариқи ҳаво ё рӯйи олуда мегузарад. Ҳар сол дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ҳолатҳои сироятёбӣ бо ин вирус сабт мешаванд. Дар ҳамсоякишвари Қазоқистон низ ин вирус вуҷуд дошта, афзоиши мавсимии он дар моҳҳои тирамоҳ ва зимистон мушоҳида мешавад.

Гуфта мешавад, ки метапневмовирус асосан бо нишонаҳои равоншавии бинӣ, сулфа ва таб ҷилвагар мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо метавонад боиси бронхиолит ё пневмония гардад. Бо вуҷуди ин, дар аксари ҳолатҳо беморон бе асорат шифо меёбанд ва табобат одатан дар шароити хона гузаронида мешавад.
Дар Ӯзбекистон низ афзоиши сироятҳои мавсимии шадиди нафаскашӣ мушоҳида мешавад. Тибқи таҳқиқоти лабораторӣ, дар 39,9 фоиз грипп, дар 32,2 фоиз риновирус, дар 30,6 фоиз вируси респиратор-синситиалӣ ва дар 1,2 фоиз метапневмовирус ошкор шудааст. Аз ин рӯ, аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки бо одамоне, ки нишонаҳои беморӣ доранд, мулоқот  накунанд ва тадбирҳои профилактикиро риоя кунанд.

Вазорати тандурустӣ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки хавотир нашаванд ва ба саломатии худ эҳтиёт бошанд. «Метапневмовирус хатари нав нест, балки сирояти мавсимӣ аст», гуфта мешавад дар хабар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: