ЗИННУРА ДАР ОЗМУНИ НОТИҚИИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ПИРӮЗ ГАРДИД

Зиннура Каримоваи даҳсола ҳикояи худро, ки дар мавзӯи “Саёҳати шавқовар ба Ёсу” навиштааст, бо ду забон – ӯзбекӣ ва кореягӣ нақл кард.

Донишомӯзи синфи чоруми мактаби ибтидоии “Volgok”-и шаҳри Квангҷуи Кореяи Ҷанубӣ, ҳамватани мо Зиннура Каримова дар 12-умин озмуни миллии дузабонаи нотиқӣ, ки дар шаҳри Сеул баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи олӣ гардид.

Зиннура барои ноил шудан ба ин комёбӣ аз як қатор санҷишҳо гузашт. Нахуст дар зинаи дувуми озмун, ки дар мактаби “Volgok” доир гардид, медали тилло ва баъд дар зинаи минтақавӣ, ки аз ҷониби департаменти таълими шаҳри Кванҷу ташкил шуд, медали нуқра ба даст овард. Бо ишғоли ҷойи дувум дар зинаи минтақавӣ ҳуқуқи иштирокро дар марҳилаи ҷумҳурӣ ба даст овард.

Зиннура дар рафти омодагӣ ҳар рӯз тӯли соатҳо бо забонҳои ӯзбекӣ ва кореягӣ нотиқиро машқ мекард. Ин на танҳо дониши вайро дар бораи забонҳо такмил дод, балки барои дар саҳна дилпурона баромад кардан ёрӣ расонд. Зиннура ҳикояи худро дар мавзӯи “Саёҳати пурмазмун ба Ёсу” бо ду забон – ӯзбекӣ ва кореягӣ нақл карда, сазовори эътирофи ҳайати доварон гардид.

Дар озмун 52 нафар донишомӯзон, ки мансуби фарҳангҳои гуногун буданд, иштирок намуда, онҳо ҳикояҳои худро ба 16 забон пешкаш карданд. Баромади эҷодии Зиннураи даҳсола бо ҳарду забон ва ҳунарнамоии пурмазмуни дигар довталабон, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, аҳамияти байналмилалии озмунро афзунтар намуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2023 хоҳарбузурги Зиннура Лазиза Каримова низ дар ин озмун бомуваффақият иштирок карда, мақоми дуюмро ба даст оварда буд. Лазиза дар суханронии худ нияташро бобати ривоҷдиҳии бахшҳои менеҷменти байналмилалӣ ва тарҷума изҳор намуда, аҳамияти коммуникатсияро дар миқёси ҷаҳонӣ таъкид карда буд. Комёбии вай на танҳо дастоварди шахсӣ, балки молики аҳамияти таърихӣ буда, вай ҳамчун нахустин духтари ӯзбек, ки дар ин озмун ба забони ӯзбекӣ баромад кардааст, эътироф гардида буд.

Пирӯзии Зиннура ва Лазиза Каримова ҳамчун яке аз аввалин пирӯзиҳои бузург дар таърихи шаҳри Кванҷу ва музофоти Чолланамдо қайд карда шуд. Онҳо бо муваффақияти худ дар забонҳои ӯзбекӣ ва кореягӣ на танҳо номи худ, балки фарҳанги халқи ӯзбекро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд.

Дастовардҳои аппаву хоҳари ӯзбекистонӣ дар аксар саҳифаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Корея ба таври васеъ инъикос карда шуданд.

АИ «Дунё».

Шаҳри Сеул

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: