ДАР МАРКАЗИ ЗАРГАРӢ 325 НАФАР БО КОР ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Дар ҳудуди маркази савдои байналхалқии Тирмиз, ки дар ноҳияи Тирмиз ҷойгир аст, фаъолияти маркази истеҳсоли маҳсулоти заргарии «Termez Gold Production» ба роҳ монда шуд.

Арзиши лоиҳаи мазкур 6,7 миллион доллари амрикоӣ буда, аз рӯйи ақидаи мутахассисон дар доираи он соле истеҳсоли наздик ба 6 тонна маҳсулоти заргарӣ пешбинӣ шудааст.

—Чунин заводи калони заргарӣ аввал фақат дар Тошканд вуҷуд дошт, ки акнун дар Тирмиз низ фаъолияти он ба роҳ монда шуд, — гуфт ҷонишини директори корхона Ҳаётҷон Юсупов. – Таҷҳизоти заруриро аз давлатҳои Туркия, Италия ва Ҷопон овардем. Ба маҳсулоти мо харидорон аз Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва АМА бисёранд ва мо бо баъзеи онҳо шартномаҳоро низ имзо кардем.

Дар корхона маҳсулот мувофиқи талаби мизоҷон бо ороишоти гуногун омода шуда, аз истеҳсол то ба фурӯш рафтани он таҳти назорат гирифта шудааст.

Ҳоло дар марказ 325 нафар бо кор таъмин шудаанд, ки 60 фоизи онҳо ҷавононанд. Роҳбари завод таъкид намуд, ки баъд аз пурра ба кор даромадани корхона шумораи коргарон ба 400 нафар хоҳад расид.

Дар сурат: дар маркази истеҳсоли маҳсулоти заргарии «Termez Gold Production».

Суратгир: Ҷ. ҚӮзимуродов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: