Дар адабиёти форсӣ шеъри сафед шеърест, ки бидуни вазн аст ва тафовути аслии он аз он чӣ «нимоӣ» номидаанд, дар ҳамин аст.
Аммо дар адабиёти рус «белый стих» шеъреро мегӯянд, ки вазни муайяне дорад, вале қофия надорад ва он чӣ бештар ба шеъри сафеди форсӣ мутобиқат мекунад, дар адабиёти рус «волный стих» (шеъри озод) номида мешавад, ки қофия дорад, вале вазн надорад. Дар шеъри сафед ҳам қофия ба кор бурда мешавад, аммо ҳатмӣ дониста намешавад. Барои он ки мо дар манзури худ аз «шеъри сафед» иштибоҳ накунем ва назири онро дар ҳама адабиётҳои дигар бишиносем, бояд мафҳуми «шеъри бевазн»-ро дар зеҳн дошта бошем. Бе вазн, аммо ҳатман бо лаҳну ритми муайян ва дигар унсурҳои оҳангсоз, ки онро аз наср ва ҳатто «шеъри мансур» тафовут медиҳад. Гунаи шеъри сафед дар назми тоҷик пеш аз он, ки ин мавзӯъ дар Эрон бар сари забонҳо афтад ва баҳсҳои пурҷӯше атрофи он сурат бигирад, ба майдон омада буд. Баъзе аз намунаҳои назми Абулқосим Лоҳутӣ, хусусан тарҷумаи ӯ аз достони А.С.Пушкин «Моҳигир ва моҳии тило» (агарчи то кунун ба «вазни ҳиҷо» муаррифӣ шудааст) ва шуморе аз тарҷумаҳои дигари ӯ, аз ҷумла осори Шекспир, дар қолаби шеъри сафед сурат гирифтааст. Зимнан, қобили ёдоварист, ки яке аз омилҳои аслии зуҳур ва ривоҷи «шеъри сафед» дар адабиёти Эрон ва дигар адабиётҳои ҷаҳон ба эҳтимоли ғолиб тарҷума аст. Зеро ба ҷуз дар Русия ва Шуравии собиқ ва шумори маҳдуде аз кишварҳо ва тарҷумонҳои алоҳида дар боқӣ кишварҳои дунё осори манзумро хориҷ аз қолаби назм (бидуни вазну қофия) тарҷума мекунанд ва матнҳое ҳосил мешавад, ки шабоҳати комил ба «шеъри сафед»-ро доранд.
Тавсифи «шеъри сафед» дар аксари адабиётҳо чанд нуктаи муштарак дорад:
1. Гунаҳое аз ин навъ шеър дар ҳар адабиёти миллӣ вуҷуд доштааст. (Албатта, на ҳамеша намунаҳои арзашуда бо шеъри сафед муносиб будаанд).
2. Ин навъи шеър мутлақ нест, яъне адабиётро аз анвои дигари шеър бениёз намекунад, балки як навъи нисбатан истисноии шеър аст ва мумтоз ҳам нест.
3. Дар ин навъи шеър ритми хоссе аз зарби каламоту иборот бояд ҷойгузини вазн гардад ва қофия ба муқтазои мазмун ба кор бурда шавад.
4. Маънӣ ва нукоти хоссе дар таркиби шеъри сафед бояд зеҳнро аз талаб ва ҷустуҷӯйи вазну қофия фориғ созад. Ба иборати дигар мазмуни хоссу барҷаста набуди вазну қофияро ҷуброн кунад.
Агар ҳамаи ин тавсифоти «шеъри сафед» дар назар гирифта шавад, ба ин натиҷа мерасем, ки бидуни он, ки мо даст ба иқдоме комилан нав ва ихтироъкорона зада бошем, танҳо бо сарфи назар кардан аз вазн ва қофия (он ҳам на ҳамеша) вазифаи сангинеро бар дӯш гирифтаем, зеро дар сартосари як шеър танҳо ҷаззобияти маънавии суханро василаи ҷалби зеҳни хонанда қарор додан, корест басо сангин ва наздик ба муҳол. Аммо агар шеъри сафеди мо сартосар бо онгуна ҷаззобияти маънавӣ ороста набошад, дар ҳоле ки на насри табиист ва на назм, хонандаро ба зудӣ хаста месозад ва дар табъ эҳсоси парешонӣ ба вуҷуд меояд. Манзури мо аз ин «ҷаззобияти маънавӣ» ҳамон чизест, ки шеършиносони қадим онро «маънии ғариб» мегуфтанд ва ба нудрат ба даст меомад. Мисли ин байти устод Рӯдакӣ:
Бо сад ҳазор мардум танҳоӣ,
Бе сад ҳазор мардум танҳоӣ.
Оғози шеъри сафед дар адабиёти форсӣ расман аз маҷмӯаи Аҳмади Шомлу «Ҳавои тоза» (1950) ба ҳисоб гирифта шудааст. Аҳмади Шомлу аз пайравони мактаби Нимо Юшиҷ буд ва Нимо ҳифзи арӯзро дар шеъри нав аз мабноҳои усулии назарияи худ эълон карда буд: «Ман ҳатто барои беназмӣ назме қоилам». Ва ӯ ба ин иқдоми Аҳмади Шомлу, дар ҳоле ки ҳанӯз баҳсҳо сари шеъри нави нимоӣ идома дошт, шадидан мухолиф буд. Аммо шеъри сафед бо навиштаҳои Шомлу маҳдуд боқӣ намонд ва дигар шоирони маъруфи он даврон низ шеъри сафедро таҷриба карданд. Аз ҷумла Фурӯғи Фаррухзод:
Дилам гирифтааст,
Дилам гирифтааст.
Ба айвон меравам ва ангуштонамро
бар пӯсти кашидаи шаб мекашам.
Чароғҳои робита ториканд,
Чароғҳои робита ториканд.
Касе маро ба офтоб муаррифӣ
нахоҳад кард,
Касе маро ба меҳмонии гунҷишкҳо
нахоҳад бурд.
Парвозро ба хотир биспор,
Паранда мурданист.
«Ангушт кашидан ба пӯсти кашидаи шаб, торикии чароғи робита, муаррифӣ ба офтоб, меҳмонии гунҷишкҳо, ба хотир супурдани парвоз» ҳамагӣ нуктаҳои тааҷҷубангезанд ва, ба изофа, такрори баъзе ҷузъҳои шеър зеҳни моро дар иҳотаи комили худ қарор медиҳад ва фурсати зиёде барои эҳсоси набуди вазни маъмулӣ боқӣ намегузорад.
Ин шеър дар зоҳир ба маҷмӯаи рамзҳо шабоҳат дорад ва барои касоне, ки ба фазои ҳиссиву маънавии шеъри Фурӯғ унсу ошноӣ доранд, ин рамзҳо шарҳу басте доранд ва мазмунҳоеро бозгӯ менамоянд, дар ғайри ин ҳол ба назар чун ангорае (тарҳе) ба назар мерасанд, ки шоир барои навиштани шеъре муҳимтарин нукоти онро пароканда рӯйи сафҳа оварда, ҳанӯз нусхаи комил ва пайваставу мураттаби онро эҷод накардааст.
Мо ин гуна эъҷобангезии калом, баёни аксаран мустаор ва рамзгунаро дар шеъри Суҳроби Сипеҳрӣ беш аз ҳар шоири дигар, аз ҷумла сапедсароён мебинем, бештар дар қолаби арӯз. Аммо ашъори сапеди худи Суҳробро ҳаргиз ҳамсанги ашъори нимоии ӯ намеёбем, чун мусиқии мумтози шеъри Суҳроб рӯҳи фарогири тахайюли рангини шоиронаи ӯст. Ағлаб дар шеъри сапеди ӯ, чун наққошиҳои нотамомаш, як ангораи пароканда (эскиз)-ро мушоҳида мекунему бас:
Меҳроб
Тиҳӣ буду насиме.
Сиёҳӣ буду ситорае.
Ҳастӣ буду замзамае.
Лаб буду ниёише.
«Ман» буду «ту»-е.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки ин шоирони тавоно шеъри сапедро ба такаллуф ва тақаллуб нагуфтаанд, балки хостаанд бо матлаб, ҳадаф, ғоя бо камоли садоқат ва бетакаллуфӣ рафтор намоянд. Масъала ин аст, ки ҳар матлабе, ки дар вуҷуди шоир арзи ҳастӣ менамояд, то ҳадде сурати худро ҳамроҳ дорад ва беҳтарин матлаби илҳомшуда он аст, ки сурати зеҳнии он бо сурати хориҷиаш, ки бар забон ва мунтаҳо рӯйи сафҳа меояд яке бошад ё бисёр наздик. Шеъри сапеди муваффақ бо табиият ва самимияти баён, бо ҷанбаҳои шигифтангезе, ки аз нафси воқеияти мавриди тасвир бармехезад, бо лаҳни худ, зарби муносиби калимаҳо, вазни андешаҳо, мавҷи густардаи эҳсосот воқеан моро аз пурсуҷӯ дар шаклу қолаби хориҷии шеър фориғ ва комилан ба худ маҷзуб месозад. Чунин намунаҳои шеъри сапеди муваффақ, хеле зиёд ҳам набошад, ҳастанд:
Даҳонатро мебӯянд, мабодо гуфта
бошӣ дӯстат дорам,
Дилатро мебӯянд, мабодо шуълае
дар он ниҳон бошад.
Рӯзгори ғарибест, нозанин.
Ва ишқро канори тираки роҳванд
тозиёна мезананд,
Ишқро дар пастуи хона ниҳон
бояд кард,
Шавқро дар пастуи хона ниҳон
бояд кард.
Рӯзгори ғарибест, нозанин.
Ва дар ин бунбасти каҷу печи сармо
Оташро ба сӯхтбори суруду шеър
фурӯзон медоранд.
Ба андешидан хатар макун.
Рӯзгори ғарибест, нозанин...
(Аҳмади Шомлу)
Зимнан, сухани адабиётшинос ва шоири Афғонистон Моили Ҳиравӣ дар «Симпозиуми ҷаҳонии шеъри форсӣ» ба ёд меояд, ки гуфта буд:
«Дар шеъри муосир вазнҳои гуногуне, ки боз ҳам метавон чеҳраи шустаи онҳоро дар оинаи қаднамои арӯз дид, дар қитаъоти ашъори дилҷӯ таҷаллӣ мекунад, ки шеърро мусиқӣ ва оҳанги дилписанд мебахшад ва пардаи ҷонро навозиш медиҳад».
Агарчи ин шеъри Шомлу аз навъи сапед аст, фазои лаҳнӣ ва оҳангии он бо шеъри «Зимистон»-и Меҳдии Ахавони Солис, ки ҳамчунин шеъри иҷтимоист, вале арӯзӣ ва нимоӣ ва муҳтавояш наздик ба ин шеър аст, бисёр мушобиҳат дорад:
Саломатро намехоҳанд посух гуфт,
Сарҳо дар гиребон аст.
Касе сар барнаёрад кард посух гуфтану дидори ёронро.
Нигаҳ ҷуз пеши поро дид натвонад,
Ки раҳ торику лағжон аст
В-агар дасти муҳаббат сӯйи кас ёзӣ,
Ба икроҳ оварад даст аз бағал берун,
Ки сармо сахт сӯзон аст...
Гузашта аз ин, дар баъзе намунаҳои шеъри сапед мебинем, ки гӯё шоир қасдан он шеърро аз ҷилди арӯз, ки ба сурати табиӣ чун ҳолае оҳангин пайкари онро иҳота карда, берун овардааст. Масалан, ин шеъри сапедсарои муосири эронӣ Бежан Ҷалолӣ:
Тани ту чун хӯшаҳо
бар рӯйи дастонам шукуфт.
Тани ту чун гиёҳ
дар дастони ман рӯйид
ва хуша кард ва рушан шуд
баъд афсурд ва торик шуд
онак, ба ёди ту гулҳои ғуруб
хомӯш ва атрогин ҳастанд.
Акнун таваҷҷуҳ кунед, ки тарҳи арӯзии ин шеър (ҳазаҷи мақбуз, ки барои мисол сохта шуд, ба осонӣ ва содагие, ки гӯё мо танҳо оҳангу вазнро аз таркиби он берун оварда бошем) чи фосилаи ночизе бо «тарҳи сапед»-и он дорад:
Тани ту мисли хӯшаҳо
Ба дастҳои ман шукуфт.
Тани ту ҳамчунон гиёҳ
Ба дастҳои ман дамид.
Ва хӯша кард, дурахш дод,
Сипас фусурду тира шуд.
Кунун ба ёди ту гули ғуруб
Хамӯшу атрогин аст.
Шеъри сафед дар назми муосири тоҷик низ мақоми муносиби худро пайдо кардааст ва вижагиҳои худро доро мебошад.
Рустам ВАҲҲОБ,
шоир ва адабиётшинос.