Маросими ифтиҳоҳ ва ҷоизасупории Биенналеи Х байналмилалии расмҳои бачагона дар Қасри фарҳанги байналхалқии Икуо Хираямаи Академияи бадеии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Қариб 3000 асари иштирокчиёни аз 5 то 15 солаи 24 кишвари ҷаҳон ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳадафи ин намоишгоҳ ҳавасмандгардонии эҷодкорӣ дар байни иштирокчиёни ҷавон, таҳкими дӯстии кӯдакон аз кишварҳои гуногун ва шиносоӣ бо санъати ҷаҳонӣ мебошад.
Ғолиби мутлақи биеннале Нигина Оқиловаи ӯзбекистонӣ соҳиби Гран-при гардид.