ДАР МАҲАЛЛАҲО СОҲИБКОРОН ЗИЁД ШАВАНД, ДАРОМАДИ АҲОЛӢ ҲАМ МЕАФЗОЯД

Бекорӣ яке аз мушкилоти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки бевосита ба манфиатҳои инсон таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, дар мамлакат ба таъмини шуғли аҳолӣ, ки бекоранд ва манбаи даромад надоранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Бахусус, тавассути омӯхтани шавқмандии ҷавонон ва зану духтарон, онҳоро ба марказҳои таълимӣ, ки касбу ҳунар ва асрори соҳибкориро меомӯзанд, вобаста карда, бо шуғл фаро мегиранд.

Дар татбиқи чунин корҳо системаҳои маҳалла ба такягоҳи асосӣ табдил ёфтанд. Тавассути муайян кардани ҷойҳои холии кории мавҷуда дар маҳаллаҳо ва талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ ба коргарони мавсимӣ, шаҳрвандон бо кор таъмин мегарданд. Дар ин раванд пеш аз ҳама ҷавонон ва бонувоне, ки дар “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” сабти ном шудаанд, бо кор таъмин ва ҳамзамон ба корҳои ҷамоатии музднок ҷалб мешаванд.

Инчунин, бо мақсади ривоҷдиҳии соҳибкории оилавӣ ба сокинони маҳалла барои роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ дар соҳаҳои ҳунармандӣ, бофандагӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсолоти хурд, хизматрасонӣ ва дигар намудҳои фаъолият бобати гирифтани кредит дар доираи барномаҳои тадбиркории оилавӣ кумак мерасонанд. Дар натиҷа, шумораи одамоне, ки аз маҳаллаи худ дур нашуда, фаъолияти тиҷоратии худро ба роҳ мемонанд, меафзояд. Онҳо на танҳо худ, балки аъзои оила, фарзандони оилаҳои камбизоати минтақаро бо кор таъмин мекунанд.

Чанд рӯз муқаддам ба Президент оид ба чораҳои таъмини шуғл ва соҳибдаромад кардани аҳолии маҳаллаҳо бо иштироки бонкҳо ахборот дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин бора дар ҷамъомади видеоселектории 16 декабри соли гузашта баргузоршуда низ супориши алоҳида дода шуда буд. Бар асоси ин, дар соли 2025 бо ҷойи кор таъмин кардани ҷамъ 5 миллиону 200 ҳазор нафар, аз ҷумла аз тарафи бонкҳо таъмини шуғли беш аз 3 миллион нафар ба нақша гирифта шуд. Ин маънои онро дорад, ки ин қадар одамон соҳиби ҷойи корӣ, манбаи даромад мешаванд ва хушбахтона зиндагӣ мекунанд.

Бо ин мақсад аз тарафи ҳокимони 208 шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони бонкҳо аз рӯйи таъмини шуғл ва афзунсозии даромади аҳолӣ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд, дар он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мушаххаси тарафҳо нишон дода шуд.

Барои ҳар як маҳалла нишондиҳандаҳои мақсаднок муқаррар гардида, 1 миллиард доллар захираҳои кредит, ки дар доираи барномаи “Лоиҳаи маҳалла” барои таъмини шуғли аҳолӣ ҷудо гардидааст, дар қиёси бонк ва минтақаҳо тақсим карда шуд. Аз рӯйи таҳияи лоиҳа, ҷудо кардани кредит, таъмини шуғли аҳолӣ барои роҳбари бонки ноҳия нишондиҳандаи самараноки ҳармоҳа гузошта шуд.

Албатта, чунин таваҷҷуҳ ба ин масъала беҳуда нест. Сабаб, мо дар рафти вохӯриҳо дар минтақаҳо бо бисёр ҷавонон, занону духтарон сӯҳбат мекунем, мулоқот менамоем. Бояд гуфт, ки дар аксари онҳо барои бо соҳибкорӣ машғул гардидан, оғози фаъолияти тиҷоратӣ шавқу рағбат баланд аст. Чашмонашон барқ мезанад, дилашон саршори орзуст. Аммо барои сари ягон корро гирифтан, татбиқ кардани лоиҳаи худ имконият надоранд, наметавонанд.

Акнун раиси Бонки марказӣ ва ҷонишинҳои ӯ ба минтақаҳо баромада, кори филиалҳои бонкҳои минтақаро дар маҳаллаҳо дар асоси тамоюли нав ташкил мекунанд, ки ин айни муддаост. То 1 феврали соли 2025 дар филиалҳои бонкҳо дар ноҳияҳо шӯъбаҳои корбарии маҳаллабайъ ташкил гардида, ба онҳо таъин гардидани «банкирҳои маҳалла» ва дар ҳар як маҳалла барои корбарии якҷоя бо онҳо интихоб шудани "агентҳои ёрирасон" қарори бениҳоят дуруст ва оқилона мебошад.

Ҳоло ин на ҳамаи навгониҳо аст. Инчунин, бонкҳои минтақавӣ ва ҳокимони ноҳияҳо аҳолиро бо лоиҳаҳои тайёри тиҷоратӣ шинос мекунанд, роҳҳои татбиқи онҳоро меомӯзанд. Системаҳои иттилоотии “online-mahalla.uz”, “bank-kredit.uz” ва “soliq.uz” интегратсия гардида, иҷрои супоришоти дар назди масъулон гузошташуда ҳаррӯза таҳлил карда мешавад. Ин дар навбати худ, барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои корчаллонӣ дар мамлакат, тавсеаи минбаъдаи теъдоди субъектҳои нави тадбиркорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҳар як маҳалла замина фароҳам менамояд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки соли 2025 дар таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ соли ҳалкунанда хоҳад шуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имсол тавассути арҷ гузоштани қадри инсон, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, корҳое, ки ба беҳсозии фаровонии рӯзгори мардум нигаронида шудаанд, ба марҳилаи нав мебароянд.

Тамоми саъю ҳаракатҳое, ки барои таъмини шуғли аҳолӣ ва соҳибдаромад кардани онҳо дар маҳаллаҳо амалӣ мегарданд, чораҳои дар ин самт андешидашуда, барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар минтақаҳои дурдаст, густариши соҳибкорӣ ва афзоиши даромади воқеии аҳолӣ хидмат мекунад. Танҳо дар он сурат корҳои сохторӣ самараи худро медиҳанд.

Одинахон ОТАХОНОВА,

депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: