Дар Душанбе метро сохта мешавад

Аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз Дарвозаи Ҷанубӣ то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад.

Сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ шурӯъ мегардад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нақшаву лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиётро барои соли 2025 тартиб додааст.

Тибқи нақша, омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии метро дар моҳҳои апрел-май ба анҷом мерасад ва сохтмони метро дар моҳҳои июн - июл оғоз мешавад.

Метрои Душанбе бо кӯмаки молиявии Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад. Он зеризаминӣ мешавад.

Коршиносони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ  борҳо дар Душанбе ҷамъ омада, масъалаи сохтмони онро баррасӣ карданд. Бори охир дар моҳи сентябри соли 2024 онҳо омодагиҳо ба сохтмони метро дар шаҳри Душанберо суҳбат карданд.

Моҳҳои охир тамбашавии нақлиёт дар Душанбе боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст. Мақомот барои кам кардани тамбашавӣ чораҳо меандешанд, вале бенатиҷа. Ҳам мақомот ва ҳам сокинони кишвар бовар доранд, ки сохтмони метро сатҳи тамбашавӣ дар пойтахтро  аз байн мебарад.

Қобили зикр аст, ки агар метрои Душанбе бунёд шавад, ин шаҳр севумин шаҳри Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки соҳиби метро мешавад. Ҳоло дар пойтахти Ӯзбекистон – Тошканд ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон метро мавҷуд аст. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст, вале дар бораи оғози бунёди он чизе гуфта нашудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: