Дар Фарғона Сарвазирони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мулоқот карданд

Имрӯз, 8 январ, дар нуқтаи пайвасти сарҳади давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Фарғона мулоқоти ҳайатҳо бо роҳбарии сарвазирони се кишвар баргузор гардид.

Тарафҳо таъкид намуданд, ки ин мулоқот дар доираи созишномаҳои қаблан оид ба масоили сарҳади давлатӣ байни сарони се кишвар – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бадастомада баргузор мегардад, ки ҳадаф аз он таҳкими ҳамкорӣ ва интегратсияи минтақавӣ мебошад.

Баргузории ин мулоқот дар минтақаи пайвасти сарҳадҳои се давлат, ки мардумони моро муттаҳид месозад, маънии рамзӣ дорад.

Зеро бо иродаи қавии сиёсӣ ва сиёсати созандае, ки ба муносибатҳои некҳамсоягӣ асос ёфтаанд, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек дар минтақа таҳким ёфта, ба сатҳи нав баромадааст. Дар айни замон, Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи сулҳу шукуфоӣ дар амал таҷассум меёбад.

Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ташкили чорабиниҳои ояндаи сеҷониба ҳамаҷониба муҳокима шуданд. Қайд гардид, ки мулоқоти оянда ба рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикии гуногунҷанба миёни кишварҳои бародар мусоидат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: