Минбаъд шартномаҳои меҳнатӣ ба таври электронӣ баст мешаванд

Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон №891 аз 27 декабри соли 2025, шартномаҳои меҳнатӣ байни корфармо ва корманд тавассути маҷмӯи байниидоравии дастгоҳи дастурии "Низоми ягонаи миллии меҳнат" (“YMMT” IDAK) ба таври электронӣ баста мешаванд.

Тавре ки қайд карда шудааст, шартномаҳои меҳнатӣ аз ҷониби корфармо таҳия шуда, бо мувофиқаи тарафҳо тавассути имзои рақамии электронӣ (ERI) имзо мешаванд.

Корманд метавонад шартномаи меҳнатии электронии имзошударо тавассути кабинети шахсии худ дар Портали ягонаи хидматҳои давлатии интерактивӣ (my.gov.uz) боргирӣ кунад.

Дар натиҷаи расмӣ кардани шартномаҳои меҳнатӣ ба таври электронӣ:

— барои корфармоён шароит фароҳам оварда мешавад;

— раванд содда мегардад ва коҳиши шуғли ғайрирасмӣ таъмин мегардад;

— имконияти назорати қонунияти шартномаҳои меҳнатӣ вуҷуд дошта, аз поймол шудани ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон пешгирӣ карда мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: