ТАШАББУСИ РАҲБАРИ ДАВЛАТ ЧӢ НАТИҶА ДОД?

Дар даҳсолаҳои охир иқлими сайёраи мо шадидан тағйир ёфта, зиндагии инсоният ва соири махлуқоти маскуни онро дучори мушкилоти зиёде сохт.

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷомеаи мо дар ҳалли он азм кардаанд, норасоии оби ошомиданӣ ва обёрист, ки ба сабаби тағйир ёфтани иқлим ба миён омада, аз паёмадҳои бади ин фоҷеаи табиӣ аст. Олами сабз (ҷангалзорони анбӯҳ) масрафи нафси саркаши инсоният шуда, бинобар буриданҳои пайваста бағоят ихтисор шудааст. Дар натиҷа иқлим дар сайёраи мо ба таври бесобиқа тағйир ёфта, имрӯз ба сари инсоният ташвишҳои зиёде меоварад.

Чандин сол муқаддам Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфуз аҳли ҷаҳонро аз ин мушкилӣ огоҳ сохта, даъват карда буданд, ки дар ихроҷи газҳои гулхонаӣ чораҳои муассире биандешанд, то вазъи экологӣ ба эътидол ояд. Гарм омадани тобистони сол камбудии оби ошомиданӣ ва обёришавандаро боз ҳам доғтар хоҳад кард. Зеро ба ваҷҳи тағйирот дар иқлими сайёраи мо боришот аз муқаррарӣ хеле кам шуда, об ба таври эҳсосшаванда коҳиш меёбад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк кунад, ки кам шудани боришот ва обшавию коҳиши пиряхҳои бағали кӯҳҳо, ки мушкилоти норасоии обро пеш хоҳанд овард, боиси сар задани боз як мушкилоти барои инсоният дардовар хоҳад шуд, ки ин камбудии ғизо аст.

Ба маҳзи сари вақт дарк намудан ва то ҳадди имкон ҷилавгирӣ кардани паёмадҳои фоҷиабори тағйирот дар иқлим Ҳукумати Ӯзбекистон бо роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев тарҳҳои муассире меандешад, ки чандин сол ба ин сӯ дар амал татбиқ мегарданд. Роҳбари давлатамон дар яке аз ҷамъомадҳои видеоселектории худ, ки ҳанӯз 29-уми ноябри соли 2023 ба вуқӯъ пайваста буд, ҳақбинона аз ин мушкилот ёд овардаву мардуми моро ба сарфаи об даъват кард ва роҳбарони кулли идораву ташкилот ва муассисаҳои дахлдори давлатиро вазифадор намуда буд, ки ба ҳаллу фасли он на аз паси панҷа, балки ҷиддӣ муносибат кунанд. Бо ташаббуси роҳбари давлат соли 2024 соли зарбдори сарфаи об ва бетонпӯш сохтани каналу соири иншооти обёрии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ эълом гашт ва барои иҷрои ин тарҳи ҳаётан муҳим ва хеле зарур аз буҷаи ҳукумат маблағи зиёд низ равона гардид.

Бояд таъкид кард, ки солҳои охир шоҳраги асосии оби минтақа – рӯдхонаи Ому талаботи рӯзафзуни мардуми поёноби худро чун пештара таъмин карда наметавонад. Зеро дар тақсимоти оби қаламрав шарикони наве ба саҳнаи кору истифодаи об ворид гардиданд, ки мутаассифона, мушкилро жарфтар намуданд.

Бо тағйир ёфтани ҳукумат дар кишвари ҳамҷавори мо – Афғонистон масъалаҳои рушди хоҷагии деҳоти ин мамлакат низ мавзӯи доғ гардидаву кунун бо кумаки яке аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон – Чин қисмати эҳсосшавандаи оби дарёи Ому ба самти ин хок равона ва барои таъмини тақозои кишвари ҳамсоя масраф мегардад. Баҳси обу энергия давлати моро чун поёноб водор сохтааст, ки ҳар қатраи обро сарфа ва то домани киштзорони васеъ беталафот бирасонад. Қаблан каналу иншооти дигари обрасон ба таври дилхоҳ бетонпӯш нашуда буданд ва ин ба талафоти як қисми оби обёришаванда боис мегарданд. Заминҳои лабташнаи каналу ҷӯйборҳо як миқдори обро ҷабида, ин мояи ҳаётбахш то худи киштзорон кам ва бо талафоти зиёд мерасид. Ӯзбекистон пайгирона саъй дорад, ки ба кишвари мутараққии саноатӣ мубаддал гардад, аммо ҳаргиз соҳаи кишоварзӣ аз мадди назари ҳукумати он дар канор нест, зеро ин соҳа кафили асосии амнияти ғизо дар кишвар буда, ҳамеша боровар аст ва тараққии он аз вазоифи муҳим ҳисоб меёбад. Пӯшида нест, ки барои ривоҷи соҳаи кишоварзӣ об нақши муҳим дорад ва ҳукумат ҳам мехоҳад, ки онро оқилона сарф кардаву ба нафъи халқу Ватан истифода кунад. Аз ин ҷост, ки дар соҳаи кишоварзӣ корбурди технологияҳои пешқадами обёрӣ, ки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон роиҷ ҳастанд, як амали ҳатмӣ гашта, аз аҳли заҳмати соҳа тағйири ҷаҳонбинӣ ва омӯзиши бештари илми пешрафтаи кишоварзиро тақозо менамояд. Усулҳои обёрии қатравӣ ва мисли борон об додани зироат намунаи беҳтарини сарфаи об аст ва ин таҷрибаи кишоварзони хориҷиро ҳоло деҳқонони ватанӣ низ фаровон истифода мебаранд.

Аммо, пеш аз ҳама, бетонпӯш намудани каналҳо ва иншооти дигари обрасонӣ аз вазоифи аввалиндараҷа аст. Мо дар мисоли вилояти Қашқадарё, ки аз минтақаҳои муҳими кишоварзии Ӯзбекистон ба шумор меравад, хоҳем дид, ки ташаббуси роҳбари давлат дар ин росто чӣ гуна татбиқ мегардад.

Соли 2024, ки соли зарбдори бетонпӯш намудани каналҳо ва таъмири дигар иншооти обрасонӣ ва обёрӣ эълом шуда буд, дар вилояти Қашқадарё корҳои шоёне иҷро гардиданд. Дар идомаи соли гузашта 34 иншооти ирригатсиониву мелиоративӣ аз нав таъмир ва як қисми онҳо бетонпӯш гардиданд, ки боиси беҳбудии вазъи обрасонӣ шуд. Барои иҷрои ин корҳо ҳукумат аз буҷаи худ 251,182 миллиард сӯм ҷудо кард.

Муродулло Аҳмедов, корманди Саридораи ҳавзаи сохтори ирригатсияи «Аму – Қашқадарё» гуфт, ки бинобар талаби қатъии роҳбарони вилоят ва саъю эҳтимоми бригадаҳои сохтмонии назди саридора то имрӯз 125,5 км каналҳо бетонпӯш, 70 км латокҳои обгузар ва 25,17 км чоҳу деренажҳо комилан аз таъмир бароварда шуданд.

– Дар натиҷа каналҳое, ки солҳои қаблӣ 65-70 дарсад нишондиҳандаи самарадорӣ доштанд, ҳоло ба 90 фоиз боло рафтаву боиси сарфаи оби зиёди обёришаванда мешаванд, – таъкид кард ӯ.

Айни ҳол дар ҳисоби идораҳои хоҷагии оби вилоят 256 канали магистралӣ ва дорои аҳамияти хоҷагиҳои маҳаллӣ мавҷуданд, ки дарозии умумии онҳо 2476 км мебошад. Соли гузашта 1502 км каналҳо бетонпӯш карда шуданд, ки  ба таъмиру беҳдошт дар вазъи обрасонӣ бештар ниёз доштанд. Бояд таъкид кард, ки дар ҳисоби кластерҳои кишоварзӣ ва фермерҳои вилоят низ як қисмати иншооти обрасонӣ мавҷуд буда, дарозии умумии онҳо 20,4 ҳазор км арзёбӣ мегардад ва аз ин миқдор 6,12 ҳазор км латокҳои симонтии обгузар, 2,2 ҳазор км обраҳаи бетонпӯш, 864 км шабакаҳои обрасонии пӯшида ва 11,1 ҳазор км ҷӯйборҳои хокии кушод мебошанд.

Назар ба маълумоти  Муродулло Аҳмедов барои таъмири 12 иншооти обрасониву обёрӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 34,6 миллиард сӯм равона гардида, дар асоси лоиҳаи махсус 642 км шабакаҳои обрасонии кушода ва 80 км шакли пӯшидаи онҳо (деренажҳо) аз такшинҳо тоза ва хидматрасониашон беҳтар шуданд. Ҳамчунин дар чоҳу корезҳои мелиоративию назоратӣ 381 дастгоҳи назоративию таймерӣ насб гардиданд, ки аз ин баъд назорати ҳолати иншооти обрасонӣ ва ҳаҷми кори онҳоро осон мегардонанд.

Маълум гардид, ки дар идомаи соли 2024 самадории кори каналу иншооти обрасониву обёрӣ дар ҳудуди вилоят хубтар шуданд, дар натиҷа ба ҳисоби миёна 250 млн. мукааб об сарфа ва барои истифодаи минбаъда захира гашт. Ин аз он далолат медиҳад, ки қаблан миллионҳо куб об талаф ва бидуни натиҷа масраф мегардидааст.

Соли 2025 ҳам Саридораи ҳавзаи сохтори ирригатсияи «Аму – Қашқадарё» корҳои тармиму беҳдошти канал ва соири иншооти обрасонӣ ва обёрии таҳти тасарруфи худро идома дода, ба истифодаи сарфакоронаи неъмати бебаҳои табиат – об мусоидат хоҳад кард. Арҷгузорӣ ва сарфакорона истифода бурдани кулли унсурҳои табиат боиси баракоти кори кишоварзон ва ба ин васила ободии рӯзгори мардуми меҳнаткаши мо хоҳанд шуд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: