Рейтинги байналмилалии устувории шиносномаҳо «Pasport Index» эълон карда шуд. Ин рейтинг дар байни 96 давлат тартиб дода шуда, Ӯзбекистон ҷойи 68-умро ишғол кардааст.
Рейтинги шиносномаҳои ҷаҳон ба имкониятҳои воридшавии шаҳрвандон ба давлатҳои гуногун бидуни раводид ё бо тартиби соддакардашуда асос меёбад. Тибқи натиҷаҳои ин рейтинг, шиносномаи қавитарин ба шаҳрвандони Аморати Муттаҳидаи Араб (ИМА) тааллуқ дорад. Онҳо метавонанд ба 133 давлат бидуни раводид ва ба 47 давлати дигар бо гирифтани раводид ҳангоми вуруд ворид шаванд.
Шиносномаи Сурия ҳамчун шиносномаи заифтарини ҷаҳон қайд шудааст. Шаҳрвандони ин давлат танҳо ба 9 кишвар бидуни раводид ворид шуда ва ба 31 кишвар ҳангоми вуруд раводид гирифта метавонанд.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд ба 29 давлат бидуни раводид сафар кунанд, ба 46 давлат ҳангоми вуруд раводид гиранд ва ба се давлат бо иҷозатномаи пешакӣ ворид шаванд. Барои сафар ба 120 давлат раводиди умумӣ талаб карда мешавад.
Шиносномаи Ӯзбекистон дар рейтинги ҷаҳонӣ ду зина боло рафта, нишондиҳандааш аз 73 то ба 78 расид. Аз ҷумла, дар соли 2024 бо ИМА, Тайланд, Умон ва Покистон реҷаи бидуни раводид ҷорӣ карда шуд, инчунин бо Чин амалӣ гардондани он дар назар аст.