Дар соли 2025 дар 35 ҳазор хонадон панелҳои хурди офтобӣ насб карда мешаванд

Дар солҳои 2025–2026 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 ҳазор микро неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 164 мегаватт сохта мешаванд.

Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи Ӯзбекистон–2030 дар Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти сабз» барои муҳокимаи оммавӣ пешниҳод шудааст.

Вазорати энергетика (Ҷ.Мирзамаҳмудов) дар ҳамкорӣ бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барномаҳои зеринро ба Девони Вазирон пешниҳод мекунад:

Дар солҳои 2025–2026 сохтмони 3 ҳазор микро неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 164 мегаватт;

Дар соли 2025 насби панелҳои хурди офтобӣ дар зиёда аз 27 ҳазор объектҳои иҷтимоӣ ва хусусӣ, инчунин дар 35 ҳазор хонадон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: