Майдони сӯхтори ҷангал дар Калифорния аз 300 гектар гузашта, ҳамоно меафзояд. Дар ин хусус шабакаи телевизионии KTLA хабар додааст.
Офати табиӣ дар наздикиҳои Лос-Анҷелес паҳн мешавад. Ҳаҷми сӯхтор 772 акр (312 гектар) ҳисоб карда мешавад. Дар мубориза бо сӯхтор беш аз 100 сӯхторнишон иштирок дорад. Вазъиятро шамоли сахт бо суръати то 29 метр дар як сония мураккабтар намудааст.
Дар бораи талафоти ҷонӣ то ҳол маълумот нарасидааст.