САЗОВОРИ НОМИ ОВОЗХОНИ МАШҲУР

Мардум одати аҷиб доранд: фазилатҳои беҳтарини ин ё он шахс писанд ояд, ба фарзанд ё набера, бо як олам орзую умед номашро мегузоранд, то «нури дида»-ашон мисли ӯ маҳбуб гардад.

Солҳои 70-80-уми асри гузашта нафақат дар деҳаи мо, балки дар деҳаву гузарҳои шаҳру ноҳияҳои гуногун навзодон, агар писар бошад, гузоштани номи Ҷӯрабек ранги одатро гирифта буд. Албатта, ин тасодуфӣ нест, сабаби асосӣ савту сурудҳои воломақоми устоди забардасти санъати овозхонии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов мебошад.

Аслан Қӯшшаев зодаи деҳаи Навбури ноҳияи Шофиркон мебошад. Агар гӯем, ки аҳли хонадон ҳама дилбохтаи санъатанд, муболиға намешавад. Аслан аз бачагӣ суруд мехонд, меҳри санъат ӯро водор намуд, ки баъди ҳатми мактаби миёна таҳсилро дар омӯзишгоҳи санъати Бухоро ба номи Мухтор Ашрафӣ давом диҳад.

Аслан дилбохтаи савту сурудҳои Ҷӯрабек Муродов буд ва дар маҳфилҳо онҳоро замзама мекард. Вақте ки ҳамсараш обистан буд, ӯ бо орзуҳои ширин фарзанди навбатиро интизорӣ мекашид. 25 декабри соли 1980 дар оилаи вай хурсандӣ рух дод, ҳамсараш писар таваллуд кард. Ба вай бо як олам орзую умед Ҷӯрабек ном ниҳод, то вай ҳам монанди ҳофизи овозадор ба дилу дидаҳо наздик шавад.

Мегӯянд, ки нияти нек – ними давлат. Ҷӯрабеки хурдсол дар муҳити савту суруд чашм кушода, дил ба он бохт. Вай дар кӯдакистони бачаҳои боистеъдод сабақ омӯхт. Вақте панҷ сол дошт, моҳирона доира мезад. Дар ана ҳамин айём Ҷӯрабек Муродов бо дастаи ҳунарии худ ба шаҳри Бухоро ташриф овард. Ака Аслан, ки пешомадро медонист, дар қатори аввалинҳо билет гирифт ва бо орзую умедҳои зиёд Ҷӯрабекро ба консерт бурд. Толори Лабиҳавз мухлисони ҳофизи хушадоро ғунҷонда наметавонист. Консерт бо рӯҳбаландӣ оғоз ёфт.

Вақте суруди навбатии овозхон ба охир расид, ака Аслан ҳамроҳи писарчааш бо гулдаста ба саҳна баромад.

Сарояндаи маҳбуб Ҷӯрабеки хурдсолро бо гулдастааш ба оғӯш гирифта, аз рухсораш бӯсид. То мисли шумо азизи мардум шавад, ба ин Ҷӯрабек ном ниҳодем, гуфт падар. «Худо умрашро дароз кунад, писарча ба камол расад», дуо кард Ҷӯрабек.

– Ҳамноматон доиразани хуб аст, агар иҷозат диҳед, вай бо доирааш ба сурудатон ҷӯр шавад, – хоҳиш намуд Асланака.

– Ба чашм, – гуфт ҳофиз ва доираро ба наврас дода, лаҳзае ӯро имтиҳон кард. Ба овози пурҷозибаи ҳофиз ҳунармандона ҷӯр гаштани доира аҳли толорро ба ваҷд овард, кафкӯбиҳояшонро ба ҳунари ду Ҷӯрабек дареғ надоштанд.

Ҷӯрабек Кӯшшаев нӯҳ сол дар мактаби ба номи С. Айнӣ ва мактаби ба номи Улуғбек таҳсил гирифт. Пас ду сол дар шуъбаи сарояндагии анъанавии омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Ашрафӣ маҳорати ҳунариашро такмил дод. Бо иштироки амакзодаҳояш Илҳом, Икром, Аҳмад, Акрам Қӯшшаевҳо дастаи ҳунарӣ созмон дода, дар чорабиниҳои гуногун иштирок кард. Дертар дар коллеҷи санъат асрори эстрада омӯхт.

Соли 2002 дар Бухоро мусобиқаи «Универсиада – 2001» байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии он устоди санъат Баҳодур Йӯлдошев бо мақсади пайдо кардани иҷрокунандаи муносиби як суруд, соҳибистеъдодҳои ҷавони бухороиро аз назар гузаронд, сурудҳояшонро шунид, вале аз чӣ сабаб бошад, пайдо кардани сурудхони табъи дил осон нашуд. Ниҳоят, азму кӯшишҳои пай дар пай бесамар намонд. Оқибат ёфт он сарояндаро, ки дар орзуяш буд. Ин ҳамон Ҷӯрабек Қӯшшаев буд, ки бо суруди ширу шакари ҳазрати Ҷомӣ: «Эй лабат пурхандаву чашми сиёҳат масти хоб» ба барномаи мусиқии маросими кушодашавии универсиада роҳхат гирифт.

Офаридгор ба Ҷӯрабек иқтидоре додааст, ки ҳар як суруди писандидаашро баъди ду-се бор шунидан, метавонад айнан такрор кунад. Ин фазилат аз овони бачагӣ ба вай имкон додааст, ки сурудҳои пурҷозибаро дар муддати хеле кӯтоҳ азхуд кунад. Аз он, ки Ҷӯрабек дилбастаи сурудҳои халқӣ-эстрадист, сурудҳои устодони эстрада Ботир Зокиров ва Далер Назаровро бештар дӯст медорад. Онҳоро ба услуби ба худ хос талқин менамояд. Вақте вай 15 сол дошт, суруди арабии Б. Зокиров – «Танго»-ро ба қиём расонда иҷро кардааст.

Дар ҳаёти Ҷӯрабек воқеаҳои хотирмон кам нестанд. Боре вай дар консерти Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон суруди «Мафтун бӯлдим»-и Б. Зокировро иҷро карда, ба назари оҳангсози машҳур Мутаваккил Бурҳонов афтод. Муаллифи «Суруди миллӣ» ба истеъдод ва маҳорати Қӯшшаев баҳои баланд дода буд.

Ин воқеа соли 2007 рух додааст. Бо ташаббуси сафоратхонаи Швейтсария дар Тошканд фестивали мавригихонӣ ба амал омад. Дар он 15 нафар мавригихонҳои машҳур, аз ҷумла аз Бухоро Юсуф Шукуров, Ориф Атоев, Ҷӯрабек Қӯшшаев ва дигарон иштирок карданд. Дар консерти дурӯза дар қатори меҳмонон сафирони мамлакатҳои хориҷӣ иштирок карданд. Маросими ҳавасмандгардонии ғолибон дар Театри тамошобинони ҷавон ба амал омад. Ғолибӣ бино ба номинатсияи «Мавригихони беҳтарин» ба Ҷӯрабек Қӯшшаев насиб кард. Мухлисони санъати ноб Ҷӯрабекро табрик карданд.

Узви ансамбли «Мавригӣ»-и Бухоро Ҷӯрабек Қӯшшаев бо «Боз омадӣ», «Чорзарб», «Ёр амон», «Ин ҳама ширинлабон», «Сабзаке», «Анор-анор», «Лайлиҷон», «Туро намепарастам», «Донӣ-донӣ» барин сурудҳои пурҷозибааш кайҳост, ки байни мардум эътибор пайдо кардааст. Ба вай лозим омадааст, ки ба Ҳиндустон, Ветнам, Туркманистон, Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон сафар карда, мардумро бо санъати қадимии шаҳри бостонӣ ошно созад. Моҳи ноябри соли 2023 сафари ҳунарии «Мавригӣ» дар Тоҷикистон сурат гирифта буд. Боиси хурсандист, ки мулоқоти эҷодии Ҷӯрабек Қӯшшаев бо санъаткорони Тоҷикистон, аз ҷумла, Парвина Юсуфӣ ва Нигина Амонқулова баҳри такмили маҳорати касбии онҳо хидмат мекунад. Чанде пеш сафари эҷодии санъаткорони филармонияи Бухоро, аз ҷумла Ҷ. Қӯшшаев, ба ноҳияи Фориш рух дода буд. Соли ҷорӣ чунин сафар ба ноҳияи Сӯх сурат гирифт. Дар он ҷо таҷрибаивазкунӣ ва дарси маҳорати санъаткорон баргузор гардид.

– Ҷӯрабек яке аз санъаткорони болаёқати дастаи ҳунарии мо, баҳри ҷозибанок гузаштани чорабиниҳои гуногуни фарҳангии вилоятиву ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама барномаҳои консертии Маркази мадании тоҷикону форсҳои вилоят «Офтоби суғдиён» саҳми арзанда мегузоранд. Фикр мекунам, дар ҳунари сарояндагӣ ба мақоми устодӣ расидааст, шогирдони хубу умедбахш дорад, – гуфт директори филормонияи вилоят, роҳбари ансамбли «Мавригӣ», раиси Маркази мадании тоҷикону форсҳои вилоят – «Офтоби суғдиён» Рауф Авезов ҳангоми суҳбат бо мо.

Ҷӯрабек ва ҳамсари ӯ Дилдора ду духтару як писарро ба камол мерасонанд. Дар оила анъанаи хонадон идома дорад.

Шаҳинабоную Ҷаъфарбек дастпарварони таълимгоҳи мусиқианд.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: