ДАР СЕХИ ҚАННОДӢ БЕШ АЗ ДАҲ НАМУДИ ШИРИНВОРИҲО ИСТЕҲСОЛ МЕГАРДАД

Ҳусан Нормуродов – сокини ноҳияи Олоти вилояти Бухоро аз имтиёзҳои барои соҳибкорон муҳайёшуда самаранок истифода бурда, сехи тайёр кардани беш аз даҳ намуди шириниро ба роҳ мондааст.

Имрӯз бо ташаббуси оилаи ҷавон дар сехи қаннодии воқеъ дар маҳаллаи «Эски Олот»-и ноҳияи дурдаст ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, торт ва шириниҳо шурӯъ кардааст. Дар ин манзил ба ҳисоби миёна дар як рӯз зиёда аз 20 торти болаззат тайёр карда, ба харидорони олотӣ ва қарокӯлӣ расонида мешавад ва боиси хурсандист, ки 5 нафар занону духтарони соҳибтаҷриба кор меоранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: