Сокини 93-солаи деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Тӯхтанисо Қурбонова бо номи «бибии китобхон» маъруф аст. Ӯ ҳанӯз бе айнак китоб мехонад.
– Китоб нури чашм, чароғи дил аст, – мегӯяд пиразан.
Агар ба деҳаи Ҳушёр, ки ин бибии китобхон умр ба сар мебаранд, равед, одамеро нахоҳед ёфт, ки шеър надонад, ба адабиёт муҳаббат надошта бошад ё ба ибораи дигар, китобхон набошад.
– Китоб фоидаи зиёд дорад. Чӣ қадар бештар хонед, ҳамон қадар бештару беҳтар медонед. Ҷаҳонбиниятон васеъ мешавад. Беш аз 50 нафар набера ва чабера дорам. Онҳо ҳам хуб медонанд, ки барои ман беҳтарин ҳадя китоб аст. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ, ки барои хабаргирӣ меоянд, албатта китоб меоранд, – мегӯяд Тӯхтанисомомо.
Айёми бачагии хола ба солҳои ҷанг рост омадааст.
– Панҷ узви хонадони мо – падар ва бародаронам ба ҷанг рафта, барнагаштанд. Солиёни зиёд мо бо чашми умед бозгаштани онҳоро интизор шудем. Вале, вале.., – гуфт Тӯхтанисомомо ва дигар сухане гуфта натавонист.
Хонадони момо ҳамеша пур аз меҳмон аст. Аҳли маҳалла барои дуои ӯро гирифтан ё аз суханҳои ибратбахши бибии китобхон баҳраманд гардидан, яке бо гулдаставу дигаре дар даст китоб меоянд.
Ҷаҳонгир СОБИРОВ,
журналист.
Вилояти Фарғона.