УСТОД АЙНӢ САРПАРАСТИ АДИБОНИ ДУ ХАЛҚ БУД

Дар нимаи аввали садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ ҳамчун идомадиҳандаи анъанаҳои неки робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек хидмати шоистаеро ба анҷом расонд.

Халқҳои тоҷику ӯзбек адабиёт, санъат ва фарҳанги муштарак доранд. Ин муштаракот решаҳои қадимаи таърихӣ дошта, бо дӯстиву бародарӣ, устоду шогирдии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ таҳким ёфт. Алишер Навоӣ Ҷомиро ҳамчун пир ва устоди худ пазируфта, зери роҳбарии вай ба тариқати нақшбандия ворид мешавад ва то охири умр дар ақидаи худ содиқ мемонад.

Дар нимаи аввали садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ ҳамчун идомадиҳандаи анъанаҳои неки робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек хидмати шоистаеро ба анҷом расонд. Ӯ дар тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” дар бораи ҳаёт ва фаъолияти бештар аз 220 нафар адибон маълумот дода, аз эҷодиёти онҳо намунаҳо овардааст. Вай собит намуд, ки Мир Алишер Навоӣ, Лутфӣ, Муҳаммад Солеҳ, Акмал, Гулшанӣ, Машраб ва дигарон дар рушди адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек нақши арзанда доранд.

Устод Садриддин Айнӣ асарҳои худро ба ду забон эҷод кард ва осори тоҷикиашро ба забони ӯзбекӣ, баръакс, осори ӯзбекиашро ба забони тоҷикӣ худ тарҷума кардааст. Мисолан, устод Айнӣ романи “Ғуломон” ва рисолаи “Алишер Навоӣ”-ро ба забони ӯзбекӣ навишта, пас ба забони тоҷикӣ бо таҳриру иловаҳо тарҷума ва нашр намудааст. Қиссаи “Одина”-ро ба забони тоҷикӣ навишта, пас ба ӯзбекӣ тарҷума намудааст. Устод Айнӣ ба ду забон эҷод намуда, ба рушду ривоҷ ва тарбияи адибони ӯзбек низ саҳми арзанда дорад. Ҳамин ҳамкориҳои пурсамари адабӣ буд, ки “... устод Айнӣ ба баъзе адибони ӯзбек ҳаққи устодӣ дошта, онҳо дар хотироташон аз муҳаббат ва меҳрбонии ӯ бо самимият изҳори назар кардаанд. Ҳамзамон, як зумраашон дар пайравии устод С. Айнӣ асар офарида, мактаби адабии ӯро идома додаанд. Махсусан, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом аз мактаби устод гузашта, соҳиби дастовардҳои зиёду чашмрас гардидаанд”. (А. Раҳмонзода. Равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ӯзбек. Душанбе, 2018, саҳ. 20.) Ва барҳақ, адибони ӯзбек Садриддин Айниро устоди худ эътироф намудаанд.

Устод Айнӣ бо А. Қаҳҳор ва Ғ. Ғу-лом натанҳо устоду шогирд, балки дӯстони бо ҳам хеле наздик будаанд. Ғафур Ғулом Айниро ҳамчун устоди худ пазируфтааст. Ҳар боре ба Самарқанд ё Душанбе мерафт, устод Айниро зиёрат накарда барнамегашт. Устод Айнӣ низ ҳангоми сафар ба шаҳри Тошканд аз хонадони Ғафур Ғулом дидан мекард. Духтари Ғафур Ғулом Олмос менависад, ки “падарам нависандаи бузург Садриддин Айниро ҳамчун устоди худ эътироф намудаанд”. Ғафур Ғулом дӯстӣ ва наздикии худро бо устод Айнӣ эътироф намуда, дар “Дӯстамро ёд мекунам” ном мактуби худ навишта буд: “Устодони муҳтарамамон Айнӣ ва Лоҳутӣ хонаи маро чун хонаи худ донистаанд. Меҳмонхонаи онҳо дар шаҳри Тошканд хонаи ман буд. Мулоқоти мо ҳангоми вохӯриҳо бештар ба мушоира табдил меёфт... Зимни суҳбат дар мушоираҳо Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Лутфӣ, Алишер Навоӣ ... бо мо буданд”.

Устоду шогирдӣ, дӯстии адибони барҷаста Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулом ва Абдулло Қаҳҳор ба дӯстии адабиёти ду халқи ба ҳам бародар – тоҷику ӯзбек мубаддал гардида, халқҳоро боз ҳам ба ҳамдигар наздиктар гардонидааст. Ин нуктаро мо боз ҳам бештар аз мактубҳои устод Айнӣ ва ё мактубҳои аз адибон ва ё намояндагони халқи ӯзбек, ки ба устод навиштаанд, беҳтару бештар эҳсос мекунем.

Номанигорӣ дар баробари офаридани назму насри мондагор ҷузъе аз фаъолиятҳои доимӣ ва рӯзмарраи устод Садриддин Айнӣ будааст. Устод Айнӣ номанигориро чун жанри мӯъҷазу хурди адабӣ ва паёмбару паёмовар бо шахсиятҳои барҷастаи замон, муассисаву нашрияҳои бонуфузи давронаш бештар ба кор бурдааст. Жанри нома ё мукотиба ҳамчун яке аз василаҳои мушкилкушо ва зуд ба сомон расонандаи ормонҳои муҳими илмиву адабӣ ва ниёзмандиҳои фарҳангиву хусусии устод Айнӣ хидмат кардааст.

Ба ифтихори 146-солагии устод Айнӣ бо сайъу ҳаракат ва таҳия, таҳрир, тасҳеҳ ва тавзеҳоти Анзурати Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова “Мактубҳо.(нашри дувум бо тасҳеҳ, такмил ва иловаҳо)” (Душанбе, “Меҳроҷ Граф”, 2024) ном китоби Устод Садриддин Айнӣ аз чоп баромад. Ба қавли таҳиягарони китоб “Аксари номаҳои устод Айнӣ фарогиру муфассал буда, баёнгари ҳолати рӯҳиву равонии худи нависанда, нишондиҳандаи авзои иҷтимоӣ-сиёсӣ, бозтобдиҳандаи вазъи эҷодиву хонаводагии муаллиф ва муҳити зиндагии ӯ низ мебошанд. Бинобар ин, аҳамияти номаҳои устод Айнӣ камтар аз аҳамияти осори адабиву илмии ӯ набуда, балки баробар ба мероси арзишманди бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии ӯ арзиш касб мекунанд. (Китоби номбурда, саҳ. 4-5)”. Ҳаққонияти ин гуфтаҳо натанҳо ба таърихи халқи тоҷик, балки ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва рушду нумӯи адабиёти халқи ӯзбек низ тавъам аст. Инро мо аз чанд мактубе, ки ба намояндагони халқи ӯзбек навишта шуда, ба китоб ворид гардидаанд, хуб дарк ва эҳсос мекунем.

Устод Айнӣ дар зиндагӣ ва ҳам дар фаъолияти эҷодӣ таҷрибаи зиёд дошт. Бинобар дар тарбия ва ба камол расидани адибони ҷавон ба таҷрибаи андӯхта такя мекард. Ӯ ба ҳар як иштибоҳ ё нуқсони адибони ҷавон зиёд эътибор медод ва пайи ислоҳи он иштибоҳ ва ё нуқсон ибрози андеша менамуд. Ин ҷо барои собит намудани андеша бо овардани як мактуби устод Айнӣ ба Саидҷон Алиев аз 25.07.53 қаноат мекунем: “... Соли гузашта ва имсол аз шумо бисёр мактуб гирифтам. Аммо бархилофи одати худ, ба ҳеч кадоми онҳо ҷавоб навишта натавонистам. Сабаби ин дурудароз дар бистари беморӣ хобидани ман аст. Ҳоло, ки андак қувват пайдо кардам, ба имло карда нависондани ин мактуб муваффақ шудам.

Рафиқ Саидҷон! Як мактубатон дар хусуси қобилияти набераи бародари ман Юсуфҷон Иброҳимзода буд. Дар он мактуб ба ӯ ёрмандӣ карданатонро ва шеърҳои ӯро ба газета чоп кунонданатонро изҳор карда будед. Аз худи талабаи мазкур низ 2-3 мактуб гирифтам, ки хеле аз шоир шудани худ фахр мекунад.

Рафиқ Алиев! Ба фаҳми ман ва аз рӯйи таҷрибаи ман, ба ҷавонон ин гуна роҳбарӣ кардан зарарнок аст. Онҳоро ҳамеша ба хондани адабиёт ва ба фаҳмида хондани он ташвиқ кардан лозим аст, аммо дар хурдсолӣ ва камтаҷрибагӣ асарнависиро дар онҳо манъ кардан зарур аст, то ки онҳо ба дарди мағрурӣ гирифтор нашаванд. Бо таҷриба собит гардид, ки ҳар ҷавоне, ки дар хурдсолӣ мағрур шавад, аз камол дур мемонад, он низоъҳое, ки дар байни баъзе нависандагони Ӯзбекистон ҳаст, натиҷаи дар хурдсолӣ мағрур шудани онҳост. Сабаб ҳамин аст, ки онҳо танқидро қабул намекунанд, ё ин ки ноҳақона худашон дигарҳоро танқид мекунанд”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 584).

Ин мактуб далели мӯътамадест аз он ки устод Айнӣ ҳатто солҳои охири ҳаёти худ аз маслиҳат ва кумаки маънавӣ ба адибони ҷавон дурӣ нагирифтааст. Аз матни мактуб ошкор аст, ки устод Айнӣ ҳамеша бо дарди рушди адабиёт зинда буд ва то охири умр ба он содиқ мондааст.

Хидматҳои устод Айнӣ дар рушду равнақи адабиёти навини ӯзбек эътироф гардида, ӯро чун яке аз поягузорони адабиёти навини ӯзбек эътироф намудаанд. Аз ҷумла нависандагони ҷавони Бухоро эътироф доштаанд, ки “Шумо (устод Айнӣ – Ҳ. Ғ.) асарҳои бадеӣ ва илмии пурқимат эҷод карда.., ба хазинаи маданияти халқҳои тоҷик ва ӯзбек ҳиссаҳои беҳамтои худатонро ҳамроҳ кардед.

Ҳақ дорем, ки асарҳои шуморо энсиклопедияи таърихи халқҳои тоҷик ва ӯзбек гӯем”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 582).

Устод Айнӣ аз айёми кӯдакӣ то замони шӯравӣ дар зиндагӣ моҳияти камбизоативу қашшоқиро хуб дарк карда буд. Бинобар ин, ӯ ҳамеша ҷавонони соҳибистеъдодро дастгирӣ намудааст. Барои далел порчаеро аз мактуби устод Айнӣ, ки “Ба Шароф Рашидов” ном дорад, аз 29 феврали соли 1954, пешкаши хонанда менамоем. Духтари нависанда Раъно Узоқова дар сесолагӣ аз модар ятим мондааст. Устод Айнӣ дар мактуб навиштааст: “Акнун ин духтарак синфи савум мехонад. Хароҷоти тарбияаш афзудааст. Зеро ин пиру кампир қашшоқ буда, писарашон дар ҷанг ҳалок гардидааст ва ба нафақае, ки ба хотири ӯ (фарзандашон) барои эшон меояд, аз ӯҳдаи таъмини хароҷоти духтарак намебароянд. Раъно Узоқова бошад, дар ин ҷо дигар хешу ақрабо надошт...

Ин духтарак ҳам хеле соҳибистеъдод аст. Аз шумо илтимос ин аст, ки агар Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбекистон бо ташаббуси шумо, то таҳсили мактаби олиро тамом карданаш ба ин духтар нафақа таъйин намояд, хеле ба ҷо хоҳад шуд”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 603, 605).

Ҳамин тариқ, мактубҳои ӯ дақиқан шаҳодат медиҳанд, ки устод Айнӣ натанҳо ба тарбияи адибон сарукор доштааст, балки ҷавонони соҳибистеъдодро аз ҷиҳати моддӣ низ сарпарастӣ намудааст. Устод Айнӣ сарпарасти маънавӣ-маърифатӣ ва моддии намояндагони ду халқ буд.

Ҳилола Ғуломова,

шаҳри Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: