Яан Русеи эстониягӣ пайроҳаи 100 метриро байни ду бинои осмонбӯс тай кард.
Чемпиони секаратаи ҷаҳон оид ба слэклайни эстониягӣ Яан Русе, ресмони дарозиаш 100 метраи байни ду бинои осмонбӯс дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабро тай кард. Дар ин бора хабаргузории Аморати Муттаҳидаи Араб хабар додааст.
Ресмон байни биноҳои осмонбӯси Jumeirah Emirates Towers дар баландии 224 метр кашида шуд. Русе муяссар шуд, ки ду маротиба аз як манора ба манораи дигар гузарад ва ба қафо баргардад.
Варзишгари эстониягӣ 33-солагии худро хамин тавр ҷашн гирифт.