Аҳамияти бузурги таърихиро молик будани қарори Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз 14 январи соли 1992 «Дар бораи қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълими ҳарбии қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба ҳамаамон маълум.
Дар асоси ҳамин ҳуҷҷати муҳим кулли сохторҳои ҳарбие, ки дар ҳудуди мамлакатамон мавқеъ доштанд, ба тасарруфи давлати ҷавони Ӯзбекистон гузаронида шуданд. 29 декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муайян кардани Рӯзи муҳофизони Ватан қабул гардид ва 14 январ «Рӯзи муҳофизони Ватан» эълон карда шуд.
Давлати соҳибистиқлоли моро лозим меомад ба баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат эътибори аввалдараҷа нигаронад. Дар роҳи ташаккули Артиши миллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд. Ислоҳоти муттасил дар соҳа самара бахшид. Торафт равшантар ба назар мерасад, ки нуфузи лашкар – муҳофизони боэътимоди диёри озод ва ободи мо дар миқёси байналхалқӣ чӣ тавр баланд мегардад. Хидматчиёни ҳарбиамон ҳар гуна душвориҳоро мардонавор паси сар намуда, қарз ва ӯҳдадориро виҷдонан ба иҷро мерасонанд. Ҷавобан ба ҳамаи ин давлати мо нисбати муҳофизони Ватан ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Ҳифзи иҷтимоӣ ва аз ҳар ҷиҳат таъминии онҳо низ мавриди эътибори доимист. Ҷавононе, ки қисмати худро ба артиш пайваста, ин касби пуршарафро интихоб намудаанд ва хизмати ҳарбиро дар назди халқ ва Ватан муқаддас, қарзи олӣ меҳисобанд, аз имтиёз ва шароитҳое, ки барояшон фароҳам оварда шудааст, истифода мебаранд. Беҳуда намегӯянд, ки агар артиши худро парвариш нанамоӣ, лозим меояд артиши дигаронро бонӣ созӣ. Барои ҳамин ҳам дар мамлакати мо хидматчиёни ҳарбӣ мақоми хос доранд. Барпо ва навсозии шаҳрчаҳои ҳарбӣ дар ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ, айни замон, самараи ғамхории доимӣ нисбати муҳофизони Ватан аст. Дар чунин объектҳо, ки ба таври замонавӣ қад меафрозанд, офаридани шароит ва инфрасохтори иҷтимоию маишии эҳтиёҷоти хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро таъминкунанда ҳамеша дар маркази эътибор мебошад. Масъалаи таъмини пурраи муҳофизони Ватан бо манзил низ ҳалли худ меёбад.
Солҳои охир эътибор ба Артиши миллӣ мазмун ва моҳияти тоза касб намуд. 9 январи соли 2018 роҳбари давлат ба Қонун «Дар бораи Доктринаи мудофиавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо гузошт. Тавре аксарият огоҳӣ доранд, солҳои 1995 ва 2003 доктринаҳои дифоъи мамлакат қабул гардида ва дар ин ду ҳуҷҷат асосҳои сиёсати давлатӣ дар бораи мудофиа, барпои Қувваҳои Мусаллаҳ, принсипҳои омодагӣ ва фаъолити ҳарбиёни мо ифода ёфта буданд. Вазъият дар ҷаҳон ва минтақаамон водошт Доктринаи мудофиавии нав қабул карда шавад. Хатар ва таҳдидҳое, ки осоиштагиро халалдор месозанд, албатта, ҳарбиёнамонро низ ноором сохта, водор менамоянд назар ба ҳарвақта ҳушёртар бошанд. Ҷуз ин терроризми байналхалқӣ, ҷиноятҳои трансҳудудиву гиёҳмандӣ, ки таҳдидашон торафт ҳисшаванда мегардад, тақозо мекунанд ба мустаҳкамнамоии иқтидори мудофиавии мамлакатамон боз ҳам бештар аҳамият диҳем. Дар вазъи такя ба вазифаҳои устувори таъмини соҳибихтиёрии Ватан ва ягонагии ҳудуди диёрамон, айни замон таҳкими салоҳияти мудофиавии кишвар, таъмини ҳамоҳангиву кушодии сиёсати хориҷӣ, дар навбати аввал, ба роҳ гузоштани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя дар шароити нави таърихӣ Доктринаи мудофиавии мамлакати мо аз нав қабул карда шуд.
Бо мақсади боз ҳам такмил додани сохтори артиш ва мустаҳкамнамоии иқтидори мудофиавии Ватанамон таҳти ташаббуси Шавкат Мирзиёев дар асоси тамоюли «Артиши миллӣ – ифтихори мо» дар ҳудудҳои гуногуни диёр секторҳои ҳарбӣ-маъмурӣ ташкил карда шуданд. Мақсад – пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи дифоъ ва таъмини ягонагии артишу халқ. Секторҳои мазкур ба мақомоте табдил ёфтанд, ки дар роҳи боз ҳам мустаҳкамнамоии лашкар ва ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳалли масъалаҳои мудофиавии ҳудудӣ хидмат менамоянд. Баҳри самараи дилхоҳ бахшидани ислоҳоти бузург дар соҳаи мудофиа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ, такмили самаранокии фаъолияти қӯшунҳо, пурзӯрсозии ҳифзи иҷтимоии ҳарбиён ва аъзои хонадони онҳо, рушди инфрасохтори шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва полигонҳо чунин секторҳои ҳарбӣ-маъмурӣ ба фармондеҳҳои ҳарбӣ аз наздик кумак мерасонанд.
Ташкил шудани секторҳои ҳарбию маъмурӣ, айни замон, ба дигаргун гардидани ҷаҳонбинии ходимони идораҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва баланд бардоштани масъулияти онҳо низ мусоидат намуд.
Тайи чанд соли охир бо ташаббуси роҳбари давлати мо бинобар баланд бардоштни дараҷаи омодагии лашкар ва қобилияти ҷанговаронаи ҳарбиён, таъмини артиши замонавии миллӣ бо яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ корҳои васеъмиқёс ба роҳ гузошта шуданд. Таъмир ва модернизатсияи силоҳҳо ва техникаи ҳарбӣ низ самарабахш аст. Хусусан, ба ривоҷи қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, мустаҳкамсозии сохтори мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Дигар аз ислоҳоти муҳим дар соҳа – ташкил шудани Кумитаи давлатӣ оиди саноати мудофиавӣ мебошад. Ин Кумита дар роҳи ташаккули маҷмӯи саноати миллӣ нақши муҳим мебозад. Самтҳои истиқболии рушди маҷмӯъ дар Доктринаи нави мудофиаи мамлакат низ муайян шудааст.
Дар баробари ғамхорӣ ба ҳарбиён – таъмини онҳо ба манзил, дар муассисаҳои таълимии гуногун ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо ба тарзи имтиёзнок, ҳарбиёне низ фаромӯш намегарданд, ки аснои хидмат ва адои қарзи фарзандӣ (новақт) ҳалок шудаанд. Бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва зинда доштани хотираи онҳо бо ташаббуси роҳбари давлат «Номи ҷавонмардон барҳаёт» ном китоб рӯи чоп дид.
Ба 26 нафар ҳарбиёни мо, ки дар ҷанги Сариосиё ҳалок шудаанд, дар мактабе, ки онҳо таҳсил намудаанд, бюст гузошта шуд. Ба 21 оила аз ҷониби секторҳои ҳарбӣ-маъмурӣ ва округҳои ҳарбӣ квартираҳо харида ва тақдим дошта шуд.
Барои ба вазифа бо камоли масъулият нигаристан, дилгармона аз пайи иҷрои супоришот шудани ҳарбиён чунин ғамхорӣ ва эътибори ҳамешагии давлат такон мебахшад. Дар як қатор ҳудудҳои ҷумҳурӣ «Боғҳои ватанпарварона» ташкил гардидаанд. Чорабиниҳои маънавию маърифатие, ки дар ин гуна истироҳатгоҳҳо гузаронида мешаванд, бинобар тарбияи ҷавонон ва хидматчиёни ҷавони ҳарбӣ дар рӯҳи ҳарбӣ-ватанпарварӣ нақши муҳим мебозанд.
М. Шодиев,
хабарнигори «Овози тоҷик».