Ё худ гуфтори бузургон дар бораи зан-модар
Дар хонае, ки зан нест, хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин занон шамъу чароғи хонадонанд.
Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.)
***
Зан барои башарият аз олитарину азизтарин неъматҳои Парвардигор аст. Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Август Кант
***
Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,
Саодати абаду умри ҷовидон дорад.
Хусрави Деҳлавӣ
***
Занро мӯҳтарам доред, эшон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекорад.
Самуэл Кант
***
Дар дунё се чиз аст, ки фаҳми онҳо аз тавоноии ман берун аст: Худованд, ҳақиқати олам, андешаи зан.
Ҳазрати Сулаймон
***
Домони занон дабистони аввалини башар аст. Зан аст, ки ба мо одобу ахлоқ, ҳашамат ва каромоти фаровонро бедареғ ҳадя мекунад.
Волтер
***
Саодати зан дар калимаи зан нуҳуфта аст.
Адам Митскевич
Таҳиягар Зоҳир Ҳасанзода.