ТАБРИКИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА РӮЗИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

Муҳтарам сарбоз ва сержантҳо, афсар ва генералҳо!

Собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамватанони азиз!

Шумо, азизон, халқи сермиллатамонро бо 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан самимона табрик мекунам.

Дар ин айёми муборак, ки барои ҳамаи мо ба рамзи шаъну шараф табдил ёфтааст, ҷавонмардони ҷасур ва далер, собиқадорони гиромиро, ки ҳаёти худро ба кори наҷиби дифоъ аз Ватан бахшидаанд, табрик гуфта, ба шарафи онҳо накутарин орзуҳои худро баён менамоем.

Ба туфайли азму ирода ва садоқати Шумо ба халқу Ватан, зиндагии осоиштаву осудаи мардуми мо таъмин гардида, иқтидори мудофиавии кишварамон таҳким меёбад ва қобилияти ҷангии армияи миллии мо афзун мегардад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки дар саросари мамлакатамон мадҳияҳои ҷасорат садо медиҳанд, мо хотираи абадзиндаи низомиёни қаҳрамонро, ки ҳангоми адои вазифаи худ дар назди Ватан ҳалок шудаанд, пос медорем.

Аз фурсат истифода намуда, ба ҳамаи падару модароне, ки посбонҳои мард ва ҷасури кишварро тарбия кардаанд, ба аҳли оилаи онҳо, ки дар давоми хидмати ҳарбӣ ба муҳофизони Ватан чун кӯҳ такягоҳ мешаванд, аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунам.

Дӯстони азиз!

Ба туфайли ислоҳоти густурдае, ки солҳои охир идома доранд, Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба кафили ҳақиқии истиқлолияти мамлакат, дахлнопазирии сарҳадҳо, ҳаёти осудаву осоиштаи халқамон табдил меёбад.

Тамоми намудҳои қӯшунҳо бо аслиҳа ва техникаи муосир таъмин мегарданд. Омодагии ҷангӣ ва маънавии хидматчиёни ҳарбӣ пайваста такмил меёбад. Артиши миллии мо баҳри онҳо, барои ҷавононамон ба мактаби мардонагӣ ва шаъну шараф табдил ёфта истодааст.

Муҳимтар аз ҳама, торафт ба ҳам наздик шудани халқ ва артиш, ба рушди соҳаи ҳарбӣ неру ва сифати нав мебахшад.

Ҳоло дар байни насли наврас шавқу рағбат ба хидмати ҳарбӣ афзуда, ҳазорон писарону духтарон барои ҳифзи Ватан диловарона камар мебанданд, ки ин моро бениҳоят хурсанд мекунад. Мо дар симои чунин фарзандони оташқалби худ қаҳрамонони оянда, афсар ва генералҳо, фармондеҳони моҳири Қувваҳои Мусаллаҳро мебинем.

Ҳамзамон, ҳамаи мо хуб дарк мекунем, ки дар вазъияти кунунии ниҳоят мураккаб, ки дар саросари ҷаҳон хавфу хатар, муноқишаҳои мусаллаҳонаи гуногун авҷ мегиранд, афзун намудани иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, омодагии ҷисмонӣ ва маънавии хидматчиёни ҳарбӣ  аҳамияти  аз ҳарвақта бештар касб мекунад.

Аз ин рӯ, мо бояд корҳоеро, ки дар асоси Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030” дар ин самт оғоз кардем, ба сатҳи комилан нави сифат бардорем. Бахусус, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳро бо низомҳои оташнишонӣ ва техникаи нав, бозсозишуда бо назардошти вижагиҳои театри амалиёти низомӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди қӯшунҳо идома медиҳем.

Ба афзунсозии иқтидори зеҳнии хидматчиёни ҳарбӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани ҷавонон, баланд бардоштани сифати таълими ибтидоии ҳарбӣ дар мактабҳо, пурзӯр намудани омодагии ҷавонони толибилм ба хидмати ҳарбӣ диққати махсус медиҳем.

Такмил додани маҳорати касбии сарбозону афсарон, самаранокии таълиму тарбия дар боргоҳҳои таълимии ҳарбӣ, ба вуҷуд овардани захираи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ҳамеша вазифаи аввалиндараҷаи мо боқӣ мемонад.

Ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи хидматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ дар маркази эътибори мо қарор хоҳад дошт.

Дар иҷрои ин вазифаҳои муҳим, бешубҳа, иштироки фаъоли секторҳои ҳарбӣ-маъмурӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин оммаи васеъ аҳамияти калон дорад. Зеро коре, ки дар асоси мулоқот ва машварат бо халқ, бо иштироки онҳо амалӣ мешавад, албатта неруи бузурги мусбат хоҳад дошт.

Умуман, дар замони кунунӣ ҳамаи мо – дар кадом соҳа ё шабака, дар чӣ гуна вазифа кор накунем, бояд ҳимоятгари Ватан бошем. Ин талабро худи замон дар назди мо чун вазифаи қатъӣ мегузорад ва халқамон низ аз мо маҳз ҳаминро интизоранд.

Муҳтарам муҳофизони Ватан!

Дар ин рӯзи фараҳбахш, ки мо муҳофизони Модар-Ватан, посбонҳои осоиштагиро гиромӣ медорем, Шумо, азизонро боз як бор аз сидқи дил бо иди пуршукуҳатон табрик мекунам.

Ба ҳамаи Шумо бобати ба савганди муқаддаси худ содиқ монда, дар сатҳи олӣ иҷро кардани уҳдадории хидматӣ сиҳҳатии мустаҳкам, комёбиҳои бузург, бахти оилавӣ, ба хонадонатон осудаҳолӣ ва файзу баракат таманно мекунам.

Дар роҳи ҳифзи Ватани ҷоноҷонамон ҳеҷ гоҳ хаста нашавед ва комёбиву зафарҳо доимо ёри Шумо бошад!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон,

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: