СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ «ҲАФТАИ РУШДИ УСТУВОРИ АБУ-ДАБӢ»

​Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

Пеш аз ҳама меҳоҳам ба бародари азизи ман, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад Ол Наҳайён, Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб барои даъват ба ин ҳамоиш самимона сипосгузорӣ намоям.

Нуфузи рӯзафзуни «Ҳафтаи рушди устувори Абу-Дабӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки Аморат ба яке аз марказҳои мулоқоти байналхалқӣ оид ба масоили рушди устувор, инноватсияҳо, иқтисодиёти «сабз» ва робитаҳои тарафайни минтақавӣ табдил меёбад.

Сермаҳсул ва бомуваффақият баргузор гардидани Ҳамоиши умумиҷаҳонии иқлим «СОР-28» дар ин кишвари зебо тасдиқи равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Алҳол диверсификатсияи манбаъҳои энергия ва дар ин миён куллан коҳиш ёфтани саҳми углеводородҳо – шарти асосии нарм шудани оқибатҳои тағйироти иқлим, таъмин гардидани рушди устувор ва амнияти ҷаҳонӣ мегардад.

Ҳадафи стратегии Ӯзбекистони Нав ин таъмин кардани устувории экологӣ ва рушди иқтисодиёт аз ҳисоби гузаштан ба сарфаи захираҳо, модели рушди «сабз» мебошад.

Маҳз барои ҳамин ҳам соли 2025-ум дар Ӯзбекистон Соли ҳифзи муҳити атроф ва иқтисодиёти «сабз» эълон гардид.

Мо Стратегияи дарозмуҳлати рушди камуглеродӣ ва Барномаи миллии бо маблағ таъминкунии «сабз»-ро кор карда баромадем.

Тӯли панҷ соли наздиктарин ҷузвҳои «сабз»-ро дар лоиҳаҳои сармоявӣ то 50 фоиз зиёд мекунем.

Низоми миллии мониторинги партови газҳои гармхонаҳо ва савдо бо квотаҳоро бар асоси эмиссияи миллӣ ҷорӣ менамоем. То соли 2030-юм ният дорем партови газҳои гармхонаҳоро 35 фоиз коҳиш диҳем ва нишондиҳандаи мазкурро мунтазам зиёд кунем.

Дар доираи барномаи «Макони сабз» дар мамлакат на камтар аз 30 фоизи ҳудудҳои шаҳрӣ кабудизор карда хоҳанд шуд. Мо ҳамчунин барои он ки хоҷагии қишлоқамонро 100 фоиз бо технологияҳои сарфакунандаи об фаро гирем, корҳои мунтазам мебарем.

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!

Ба мақсади беш аз пеш қонеъ сохтани талаботи энергетикии иқтисодиёти рӯзафзун мо иқтидорҳои «сабз»-ро бо суръати баланд инкишоф медиҳем.

Тӯли 5 соли охир дар сектори энергетикӣ тақрибан 20 миллиард доллар сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда, ба миқдори 9,6 гигаватт иқтидорҳои замонавии энергетикӣ ба истифода супурда шуданд. Аз ҷумла, 14 дастгоҳи электрии офтобӣ ва бодии иқтидорашон 3,5 гигаватт, ҳамчунин 2 низоми захираи энергетикӣ барои 300 мегаватт бунёд ёфтанд.

Ҳоли ҳозир якҷо бо шарикони хориҷӣ зиёда аз 50 лоиҳаи бузург ба маблағи беш аз 26 миллиард доллар оид ба истеҳсоли умумии 24 гигаватт энергияи электр татбиқ мегарданд. Ният дорем то соли 2030-юм саҳми манбаъҳои нави энергетикиро дар кишварамон то 54 фоиз зиёд кунем.

Алҳол тараққиёти «сабз» дар Ӯзбекистон ба сатҳи ҳаракати умумимиллӣ бардошта шудааст.

Ният дорем минбаъд низ ҳамкории минтақавиро дар соҳаи мазкур мустаҳкам кунем ва Осиёи Марказиро ба яке аз марказҳои рушди иқтисодиёти «сабз» ва «энергияи тоза» табдил диҳем.

Мо ҳамчунин барои эҳёи Шоҳроҳи абрешим аз тариқи ҳамбастагии тарафайни энергетикӣ қадамҳои нахустин гузоштем.

Муоҳидаи бисёрҷанба дар доираи «СОР-29», ки ба наздикӣ бо шариконамон аз Қазоқистон ва Озарбойҷон ба имзо расид, имкон медиҳад энергияи «сабз»-ро ба Аврупо содир намоем.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки Аморати Муттаҳидаи Араб шарики муътамад ва стратегии мо дар соҳаи энергияи «сабз» ба шумор меравад. Солҳои охир маҷмӯи сармоявии мо бо Аморат аз 26 миллиард доллар гузашт. Лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи нав муҳаррики он ба шумор мераванд.

Бо созмондиҳандаи ҳамоиши ҷаҳонии имрӯза – ширкати «Масдар» мо 5 иншоотро бинобар истеҳсоли энергияи электрии иқтидори умумиашон 1,5 гигаватт ба истифода супурдем. Ғайр аз ин 3 лоиҳа оид ба бунёди иқтидорҳои асосӣ дар ҳаҷми 1,6 гигаватт татбиқ хоҳанд шуд, низомҳои нигаҳдории ҳаҷми энергияи тақрибан 520 мегаватт – соат сохта мешаванд.

Чунин лоиҳаҳоро мо якҷо бо дигар ширкатҳои бузург аз Аморат, ҳамчунин шариконамон аз Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия ва Чин низ татбиқ менамоем.

Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

Мо аз татбиқи якҷояи иқтидори бузурги Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои энергияи офтобӣ, обӣ ва бодӣ, ҳамчунин истеҳсоли обзо (гидроген)-и «сабз» манфиатдорем.

Бинобар ҳисобу китобҳои пешакӣ танҳо дар Ӯзбекистон барои истеҳсоли энергияи 500 гигаватт офтобӣ, 100 гигаватт бодӣ ва 10 гигаватт обӣ имконият мавҷуд аст.

Минтақаи мо аз захираҳои азими уран ва дигар конҳои муҳими ашёи хоми стратегӣ сарватманд мебошад. Дар самти мазкур мо омодаем барои шарикони хориҷии худ шароити мусоидтаринро фароҳам оварем.

Марказҳои пешқадами илмӣ, коршиносону олимонеро, ки дар ҳамоиши мо иштирок доранд, даъват менамоем, ки бо Донишгоҳи «сабз», ки дар Тошканд кушода шуд, бобати татбиқ намудани барномаҳои тадқиқотӣ ва инноватсионӣ фаъолона ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамчунин пешниҳод мекунам дар пойгоҳи донишгоҳи мазкур Шабакаи байналхалқии илмиву тадқиқотӣ бобати мубориза бо муфлисшавии замин ва саҳрошавии он ташкил карда шавад.

Ғайр аз ин дар ҳамоишҳои «СОР-28» ва «СОР-29» дар Дубай ва Боку, ҳамчунин дар анҷуманҳои байналхалқӣ мо бинобар мубориза бо оқибатҳои нохуши тағйироти ҷаҳонии иқлим, аз ҷумла дар бораи созмон додани Маркази байналхалқӣ бинобар баҳодиҳӣ ба зарар ва талафоте, ки аз тағйироти иқлимӣ бармеоянд, таъмин сохтани амнияти низоми экологии дарёҳо ва таъсис додани Хаби минтақавӣ бобати ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, ташаккул додани бонки захираҳои генетикии рустаниҳо як қатор ташаббусҳо пеш гузошта будем. Тайёрем дар самтҳои мазкур бо тамоми шарикони худ корҳои амалиро оғоз намоем.

Дар конфронс оид ба мушкилоти ҷаҳонии иқлим дар Осиёи Марказӣ, ки соли равон дар Ӯзбекистон гузаронидани он ба нақша гирифта шудааст, мо Баённомаи минтақавии рушди «сабз»-ро пешбарӣ мекунем.

Ҳамчунин намояндагони шуморо ба Ҷашнвораи ҷаҳонии ташаббусҳои рақамии «сабз»-и ҷавонон, ки дар минтақаи Наздиарал 15 май дар Рӯзи байналхалқии иқлим баргузор мегардад, даъват менамоем.

Дӯстони азиз!

Ӯзбекитони Нав дар роҳи рушди устувор ва «сабз» барои тамоми ҷаҳон кушодааст, мо шуморо ба ҳамкории фарогири амалӣ даъват мекунем.

Дар анҷоми суханронии худ ба кори анҷуман комёбиҳо орзу мекунам.

Барои эътиборатон ташаккур.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: