СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Дирӯз дар Қасри бузурги санъати «Дӯстии халқҳо» маросими тантанавӣ бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан баргузор гардид.

Корнамоиҳои  онҳое, ки аз душман замини муқаддасро ҳифз кардаанд, касоне, ки шарафи Ватанро аз ҷони худ болотар гузошта, ба чашми марг нигоҳ кардаанд, бузург аст. Зеро дар ҷаҳон ҳеҷ як хидмат болотар аз ҳифзи Ватан нест. Ҷасорат, қаҳрамонӣ – мероси бебаҳоест, ки ниёгонамон ба мо мерос гузоштаанд.

Дар Қасри бузурги санъати «Дӯстии халқҳо» маросими тантанавӣ бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан баргузор гардид.

Дар чорабинӣ арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, хидматчиёни ҳарбӣ, шоирону нависандагон, инчунин намояндагони ҷомеаи васеъ ширкат варзиданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Шуҳрат Ҳолмуҳаммедов паёми табрикии Президенти Ӯзбекистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёевро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан хонда дод.

Тавре ки дар табрикот таъкид мешавад, ҳамаи мо, новобаста аз соҳаи фаъолият ё мақом, бояд ҳимоятгари Ватан бошем.

Дар бахши бадеии чорабинӣ нахуст суруди миллии кишвари мо иҷро шуд.

Баъд аз он Парчами ҷангии Амир Темур ба фармондеҳи неруҳои қӯшуни Ҷанубу Ғарб генерал-майор Фарҳодҷон Шерматов, ки дар озмуни бо ташаббуси сарвари давлат ташкилшуда ғолиб гардидааст, тантанавор супорида шуд.

Саҳифаҳои таърихи мо хотираи он давраҳои душвор ва пур аз имтиҳонро, ки ба сари халқ хатари бузург омаду фарзандони шуҷоъ барои ҳифзи озодӣ ва амнияти он бархоста, бо душман бесуботона меҷангиданд, пос медоранд. Номҳои чунин сарлашкароне чун Тумарис, Спитамен, Муқаннаъ, Ҷалолиддин Мангубердӣ, Амир Темур ҳамчун ситораҳои нурафшон дар дилҳои халқи мо асрҳо боз зиндаанд. Қаҳрамонии онҳо дар амали муҳофизони имрӯз, ки ба сулҳу шукуфоии кишвари маҳбуб саҳм мегузоранд, идома меёбад. Дар ин маросими тантанавӣ боз як бор  корнамоии онҳо тараннум гашт.

Бар асоси барномаи чорабинӣ, инчунин барномаҳои ҳунарӣ-мусиқӣ, ки замини осоиштаву ором, истиқлолияти мо ва муҳофизони шуҷоъро, ки ба вазифаи худ содиқанд, таҷассум менамоянд, иҷро шуданд.

– Мо борҳо дар чорабиниҳое, ки ба Рӯзи муҳофизони Ватан бахшида шудаанд, иштирок кардаем, – мегӯяд муовини раиси Иттиҳодияи собиқадорони ҷанг ва маъюбони Ӯзбекистон «Veteran», раиси Шӯрои шаҳри Тошканд полковник Рустам Султонов. – Имсол баромадҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳунармандон, ки муҳаббат ва садоқат ба Ватанро васф менамоянд, хеле рӯҳбаландкунанда буданд. Таваҷҷуҳи давлатамонро ба намояндагони соҳаи ҳарбӣ, дар қатори дигар соҳаҳо, аз чашмони онҳо хондан мумкин буд. Мо шоҳиди як барномаи воқеан дилнишин шудем. Барои ин ба ташкилкунандагон изҳори миннатдорӣ мекунем.

Дар маросими тантанавӣ Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов, Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ва Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нуриддинҷон Исмоилов иштирок карданд.

Абдулазиз РУСТАМОВ,

мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: