Вожаи «маҳалла» маънои қитъае аз шаҳр, ноҳия, деҳаро дорад. Алҳол он дар Ӯзбекистон, ҳарчанд моҳияти худро нигоҳ медорад, мазмун ва моҳияти нав пайдо кардааст.
Имрӯз маҳалла пулест миёни давлат ва шаҳрвандон, ки бо такя ба манфиати аҳолӣ, хусусиятҳои таърихии тараққиёт, анъанаҳои милливу маънавӣ ва ҳуввиятҳо мутобиқ ба Сарқонун ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистони Нав фаъолият мебарад ва мушкилоти ҳудуди муайянро мустақилона ҳаллу фасл менамояд. Он масканест муқаддас, дар вай арзишҳои милливу инсонӣ инкишоф меёбанд, маъвои ибратбахш ва боиси ифтихормандии мардуми одист.
Бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти яке аз фаъолтарин маҳаллаҳои шаҳри Навоӣ – «Мурувват» ба он ҷо рафтам. Раиси маҳалла Акмал Араббоев бо ҳайати «ҳафтгона» супоришоти ҳафтаи кориро муҳокима ва баррасӣ менамуд. Аъзои «ҳафтгона» вазифаҳои тахассусиро гирифта, ҳар кадом аз пайи иҷрои он рафтанд.
– Солҳои охир баҳри рушду пешрафти фаъолияти маҳаллаҳо як қатор қарору фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расиданд, ки бевосита ба боз ҳам обод гардонидани маҳаллаҳо нигаронида шудаанд. Ба ҷойи «панҷгона» «ҳафтгона»-и маҳалла ҷорӣ гардид. Таъминсозии шуғли аҳолӣ, афзун кардани даромади онҳо, оммавӣ гардондани таҷрибаҳои пешқадам, пешниҳоди бастаи лоиҳаҳои гуногун ба хонаводаҳои камбизоат, беҳсозии фаъолияти бонкҳо, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмин намудани муҳити бехатар, пешгирӣ аз вазъи душвори иҷтимоии шаҳрвандон, пурмазмун гузарондани вақти холии ҷавонон, тарғибу ташвиқ кардани тамоюлҳои «Оилаи солим – ҷомеаи солим», «Аз камбизоатӣ – ба фаровонӣ» ва беҳтар намудани саломатии репродуктивӣ аз масъалаҳои муҳиму таъхирнопазири маҳалла ба шумор мераванд, – гуфт зимни суҳбат Акмал Араббоев.
– Мавқеи маҳалла дар ҷамъият хеле афзуд, иштироки он дар ҳаллу фасли мушкили аҳолӣ вусъат ёфт. Фармони Президент аз 21 декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои куллан беҳтар кардани нақши маҳалла ва истифодаи он дар таъмин намудани ҳалли мушкилоти аҳолӣ» ба ҳуҷҷати барномавии муҳими фаъолияти маҳаллаҳо табдил ёфт. Пӯшида нест, ки вазифаи маҳаллаҳо хеле бузург аст. Аз ин рӯ, барои ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ «Ҳафтгонаи маҳалла» иборат аз раис, ёвари ҳоким, пешвои ҷавонон, фаъоли бонувон, нозири профилактикӣ, корманди иҷтимоӣ ва нозири андоз таъсис ёфт. Вазифаи ҳар кадоми ин «ҳафтгона» аз ҷониби Девони Вазирон бо қарор дақиқан муайян гардидааст.
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мурувват» соли 1993 ташкил ёфтааст. Маҳалла 5 кӯча ва 25 бинои бисёрошёна дорад. Дар он 4520 нафар шаҳрванд, 1554 хонадон ва 1614 оила буду бош доранд. Дар маҳалла 2 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 1 муассисаи давлатии таълими томактабӣ амал мекунад, ки 3143 нафар толибилм ва 358 нафар кӯдаконро бо таълиму тарбия фаро мегиранд. Ҳамчунин дар ҳудуди маҳалла қасри маданияти «Фарҳод» ва китобхонаи вилоятӣ воқеъ мебошанд.
Кормандони маҳаллаи «Мурувват» бо муассисаҳои таълимӣ, бошандагони маҳалла, хусусан, бо фаъолони он, қасри маданияту китобхона ҳамкории наздик ва мунтазам доранд. Бахшида ба эҳёи анъана, урфу одатҳои миллӣ, дӯстии халқҳо, таҳким бахшидан ба тафоҳуми миллӣ, дар ҳудуд намояндагони беш аз 30 миллату халқҳои гуногун зиндагӣ доранд, чорабиниҳои маънавию маърифатӣ гузаронида мешаванд.
– Бо муассисаҳои таълимӣ равобити доимӣ дорем, – мегӯяд раис. – Аз давомоти толибилмон ҳамеша огоҳ мешавем. Бо падару модарони толибилмоне, ки ба дарсҳо иштирок накардаанд, мунтазам суҳбат мегузаронем. Ҷавонон, ки ояндаи дурахшони ҷамъият ҳастанд, бояд солим, бофарҳанг бошанд, чун шахси комил ба воя расанд.
Бо ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд ва ё таҳсил доранд, мунтазам дар тамос мебошем. Бо падару модар ва оилаҳояшон робита намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар мегирем. Онҳоеро, ки аз хориҷ баргаштаанд, дар маҳалла ва ё дар корхонаҳои шаҳр бо шуғли доимӣ таъмин менамоем.
Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кори маҳалла, кадрҳои пуртаҷрибаю содиқро ба маҳалла ҷалб намуда, аз донишу таҷрибаи омӯзгорон, духтурон, ҳуқуқшиносон, тадбиркорон самаранок истифода мебарем. Шаҳрвандони маҳалла дар озмунҳои сатҳи маҳалла, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии «Маҳаллаи ибратнок» ва «Оилаи ибратнок» мунтазам иштирок мекунанд. Ба ин васила оилаҳои нисбатан нооромро ба қатори оилаҳои намунавӣ шомил мекунем.
Ба 101 нафар бонувоне, ки ба «Дафтари занон» ворид карда шуда буданд, ёрии моддии якдафъаина расонида шуд. Албатта, бо кӯмаки моддии якдафъаина мушкил ҳал намешавад. Аз ин рӯ, бо ҷамъияти «Ҳунарманд» ҳамкорӣ намуда, дар бораи бо шуғли доимӣ таъмин намудани бонувон кор бурда истодаем. Барои соҳибкорӣ субсидияҳо ҷудо карда шудаанд.
Ҳудуди маҳаллаи «Мурувват» аз минтақаҳои ободи шаҳри Навоӣ ба шумор меравад. Ба тозагӣ ва ободонсозии он 2 ширкат ва шуъбаи ободгардонии шаҳр машғуланд. Ба мақсади таъмин кардани ободии маҳалла дастурҳои «Кӯчаи обод», «Хонадони обод» дар амал ҷорӣ гардидаанд. Доир ба барномаи умумимиллии «Макони сабз» корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида, мувофиқи ин лоиҳа беш аз 300 бех ниҳолҳои буттагӣ ва манзаравӣ шинонида шуданд.
Мушкили 5 оилаи камбизоат зимни ҳамкорӣ бо ташкилоти дахлдор ҳал гардида, онҳо аз рӯйхати оилаҳои нодор хориҷ карда шуданд.
Мегӯянд, ки «Биринҷ бекурмак намешавад». Дар маҳаллаи «Мурувват» низ норасоиҳо дучор меоянд. Ҷанҷолҳои оилавӣ рух медиҳанд. Ин гуна мушкилотҳо дар худи маҳалла ҳаллу фасл карда мешаванд.
Умуман, ҳаммаҳаллаҳои мо аз шароите, ки давлатамон барои зиндагии осуда ва хушбахтонаи онҳо фароҳам овардааст, миннатдоранд ва бовари онҳо ба фардои дурахшони кишвар беш аз пеш меафзояд.
Воқеан, раиси маҳаллаи «Мурувват» Акмал Араббоев зодаи деҳаи сайёҳӣ ва овозадори Синтоб аст. Аз соли 2015 ҳамчун раиси маҳаллаи номбурда фаъолият мебарад. Мардуми маҳалла ба ӯ эътимоди қавӣ доранд. Дафъаи савум аст, ки ӯро такроран раиси худ интихоб карданд. Ҷавон аст Акмал, вале хеле ташкилотчӣ ва дилёбу худогоҳу хештаншинос. Аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон омада, дар як маҳаллаи калони маркази шаҳри зебои Навоӣ ба сифати раиси он кор кардану соҳиби обрӯву иззат ва дастгирии шаҳрвандон гардидан худ шарафи бузург аст. Мо ба ӯ ва ҳаммаҳаллаҳояш комёбиҳо орзу мекунем.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.